ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ШАРИКӢ БО БОНКИ РУШДИ НАВРО МУАЙЯН КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 июн Президенти Бонки рушди нави БРИКС Дилма Русефро, ки барои иштирок дар чорабиниҳои Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ба кишвар омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои амалӣ бо ин муассисаи молиявии бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки созишҳои дар ҳошияи ҳамоиши БРИКС дар моҳи октябри соли гузашта бадастомада пайгирона амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, Шӯрои мудирони бонк ба таври принсипиалӣ ба шомилшавии Ӯзбекистон ба ҳайати кишварҳои иштирокчии Бонки рушди нав мувофиқа кардааст. Барномаи лоиҳаҳои авлавиятноки муштарак бо маблағи 5 миллиард доллари ИМА таҳия гардидааст.

Сарвари давлат зарурати омодасозӣ ва татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаҳоро дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла:  модернизатсияи низоми обёрӣ,
рушди соҳаи маъдани кӯҳӣ, молиягузории бахши хусусӣ, таҳияи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои маориф ва инфрасохтор таъкид кард.

Ҳамзамон, дастгирии татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории минтақавӣ низ баён гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: