ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ҲАМКОРИРО БО ДОИРАҲОИ ТИҶОРАТИИ ИМА МУАЙЯН КАРД

  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ҲАМКОРИРО БО ДОИРАҲОИ ТИҶОРАТИИ ИМА МУАЙЯН КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 июн дар арафаи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, бо ҳайати намояндагони ширкатҳои пешсафи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ёвари котиби давлатии ИМА Эрик Мейер, раиси Палатаи савдои Амрико-Ӯзбекистон Кэролин Лэмм,  муовини президенти Корпоратсияи молиявии рушди байналмилалӣ Брез Бетани,

 роҳбарони ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба монанди Boeing, FLS, Visa, NASDAQ, Air Products, Franklin Templeton, Morgan Stanley, Coca-Cola ва дигарон иштирок карданд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки ин мулоқот нишонаи афзоиши таваҷҷуҳи соҳибкорони амрикоӣ ба густариши фаъолияти худ дар Ӯзбекистон мебошад.

Дар ҷараёни суҳбат ба истиқболҳои шарикии сармоягузорӣ ва навоварона, амалӣ намудани лоиҳаҳои мушаххас оид ба истихроҷ ва коркарди маводҳои муҳими стратегӣ,  дар соҳаҳои интеллекти сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ,  модернизатсияи инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ,  кишоварзӣ,  туризм ва дигар самтҳои муҳими иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Роҳбарони ширкатҳои пешсафи амрикоӣ, ба Президенти Ӯзбекистон барои муҳайё сохтани шароити мусоиди фаъолият барои сармоягузорон изҳори миннатдорӣ намуда, таклифҳо ва нақшаҳои мушаххаси худро оид ба густариши ҳамкорӣ баён карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: