Дар қароргоҳи Кӯксарой музокироти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Булғория Румен Радев бо ширкати ҳайати намояндагони расмӣ баргузор гардид.
Масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи шарикии амалии байни Ӯзбекистон ва Булғория баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлатамон роҳбари давлати Булғорияро самимона истиқбол намуда, таъкид кард, ки нишасти аввалин дар 17 соли охир аҳамияти таърихӣ дошта, муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии Ӯзбекистону Булғорияро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.
Таҳкими ҳамкориҳо дар сатҳи парламентҳо, идораҳои иқтисодӣ ва сиёсати хориҷӣ бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.
Нишондодҳои табодули мол меафзояд, самт ва лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ таҳия мегарданд.
Мубодилаи гуманитарӣ ба роҳ монда шуда, дар байни Бухоро ва Варна, Самарқанд ва Пловдив муносибатҳои бародаршаҳрӣ вуҷуд дорад.
Барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба аҳамияти роҳандозии робитаҳои системавӣ байни сохторҳои сиёсати хориҷӣ қайд гардид.
Ба масъалаҳои афзунсозии тиҷорат, пеш аз ҳама, тавассути васеъ намудани интиқоли маҳсулоти бофандагӣ, хӯрокворӣ, кимиёвӣ ва фармасевтӣ, маснуоти металлӣ ва таҷҳизоти технологӣ диққати махсус дода шуд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди савдои мутақобила дар бораи кушодани хонаҳои савдо дар пойтахтҳо, аккредитатсияи лабораторияҳо ва ҷудо кардани хатҳои имтиёзноки кредитӣ қарор қабул карда шуд.
Пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар маҷмааи агросаноатӣ ва саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ, геология, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамиву иттилоотӣ ва бахши сайёҳӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок зикр гардиданд.
Ба масъалаҳои рушди коридорҳои самарабахши нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ диққати махсус дода шуд. Дар ин замина ҷонибҳо аз рӯйи баррасии имкони роҳандозии парвозҳои мустақим байни ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Барои роҳандозии ҳамкориҳои сохторӣ дар соҳаи захираҳои меҳнатӣ масъалаи дар София кушодани намояндагии Агентии муҳоҷирати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ мешавад.
Ташаббусҳо оид ба фаъол намудани робитаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла мубодилаи академӣ ва илмӣ, соли равон баргузор намудани вохӯрии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии пешсаф дар шаҳри Андиҷон дастгирӣ ёфт.
Инчунин, барои дар соли оянда ташкил намудани ҳафтаи фарҳанг ва кинои Ӯзбекистону Булғория созиш ҳосил гардид.
Бо мақсади таъмини назорати мунтазами иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки «харитаи роҳ»-и муштарак қабул карда, сатҳи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматиро баланд бардоранд, ба кори он роҳбарони минтақа ва ширкатҳои бузургро ҷалб намоянд.
Дар поёни мулоқот Президент Румен Радев аз Президент Шавкат Мирзиёев даъват кард, то дар фурсати барояш мувофиқ ба Булғория сафари ҷавобӣ анҷом диҳад.