НУТҚИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ЧОРУМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОШКАНД

Муҳтарам иштирокдорони форум!

Хонумон ва ҷанобон!

Меҳмонони азиз!

Нахуст, Шуморо – намояндагони воломақоми давлатҳои шарик, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, вакилони пешқадами олами тиҷоратро ба чорумин Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд аз таҳти дил самимона хайрамақдам мегӯям.

Ман аз дидани Президенти Булғория Ҷаноби Олӣ Румен Радев, Сарвазири Словакия Ҷаноби Олӣ Роберт Фитсо, Сарвазири Қазоқистон Ҷаноби Олӣ Олҷас Бектенов, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаноби Олӣ Адилбек Қосималиев, Сарвазири Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷаноби Олӣ Алӣ Асадов, муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ҷаноби Александр Новак, муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон ҷаноби Нокергулӣ Атагулиев, ки дар чорабинии мо иштирок доранд, бениҳоят хурсандам.

Инчунин, ҳайатҳои бонуфузро, ки аз Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, давлатҳои араб, инчунин, минтақаҳои Аврупо, Осиё ва Африқо омадаанд, аз таҳти дил истиқбол менамоям.

Ба роҳбарони ниҳодҳои молиявие, ки бо мо ҳамкории наздик доранд – Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Одил Рено-Бассо ва Президенти Бонки нави рушд хонум Дилма Русеф алоҳида сипос мегӯям.

Дар форуми имрӯза зиёда аз 7,5 ҳазор делегат, аз ҷумла қариб 3 ҳазор меҳмонони хориҷӣ аз ҳудуди 100 давлати ҷаҳон ширкат доранд. Мо инро пеш аз ҳама, ҳамчун эҳтиром ба мамлакати худ, ифодаи воқеии боварии байниҳамдигарӣ ва ҳамкории наздик қабул менамоем.

Ба замини Ӯзбекистон хуш омадед, дӯстони қадрдон!

Муҳтарам, иштирокдорони анҷуман!

Имрӯз ҷаҳон санҷишҳои бузургро аз сар мегузаронад. Таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти глобалӣ ва рушди устувор торафт пурзӯр гардида, равандҳои геосиёсӣ дар мадди назари мо бошиддат тағйир меёбанд.

Дар ҷаҳон пойгаи мусаллаҳшавӣ боз ҳам авҷ мекунад. Хароҷоти низомии мамлакатҳои бузург дар муқоиса бо соли 2010 якуним баробар афзуда, ба 2,5 триллион доллар расидааст. Ба далели асоратҳои бӯҳрони иқтисодӣ ва камбуди захираҳои молӣ, суръати инкишофи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ҷаҳон соли сеюм аст, ки коҳиш меёбад.

Мутаассифона, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва неруи дипломатия заиф мегардад. Бадтар аз ҳама, таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мубрами инсоният – амнияти озуқаворӣ, камбизоатӣ, тағйирёбии иқлим суст мешавад. Ҳоло барқарор намудани эътимоди умумӣ барои сулҳу осоиш, адолат ва қадри инсон дар ҷаҳон беш аз пеш муҳимтар аст.

Мо бар он назарем, ки вазъи марбут бо Украина бояд танҳо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал карда шавад ва раванди музокироти мустақимро дар Истанбул эътироф менамоем.

Ҳамзамон, мехостам таваҷҷуҳи шуморо ба фоҷиаи Ғаззо, ки дер боз идома дорад, ҷалб намоям. Дар асри XXI  дар пеши чашми мо нобуд гардидани инсонҳои бегуноҳро бо ягон чиз наметавон сафед кард. Роҳи ягонаи ҳалли ин мушкилот ҳалли одилонаи низоъ дар асоси меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқ ва қарордодҳои қабулшуда мебошад. Халқи Фаластин ҳақ дорад, ки соҳиби давлати мустақили худ бошад.

Боз як масъалаи рӯзномаи ҷаҳонӣ кӯмак расонидан барои рушди осоишта ва устувори Афғонистони ҳамсоя мебошад. Барқарор кардани муколамаи созанда бо ҳукумати феълии ин давлат дар арсаи байналмилалӣ, роҳ надодан ба бунбасти он ҳоло беш аз пеш зарур аст. Зеро, осоиштагӣ ва рушди иқтисодии ин мамлакат омили зарурии пешрафти дарозмуддати тамоми минтақаҳои ҳамсоя мебошад.

Ҳамаи кишварҳои шарикамонро барои ҳамкории кушод ва васеъмиқёси байналмилалӣ аз рӯйи ин мушкилоте, ки ҳозир ман таъкид кардам, даъват менамоем.

Чунки сармоягузориҳо, ки мавзӯи асосии форум аст, на танҳо гарави рушди иқтисодӣ, балки кафолати сулҳу субот ва барқарорӣ низ мебошад.

Биёед, якҷоя чунин як фазои сармоягузориро ба вуҷуд оварем, ки он дар баробари фоида овардан, ҳамчун таҳкурсии устуворе баҳри арҷ гузоштан ба қадри инсон, таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳими ӯ ва ҳам рушди ҷамъият хидмат намояд!

Меҳмонони азиз!

Дар шароити душвори имрӯза мо ба нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ дар Ӯзбекистон эътибор медиҳем.

Маҷмуи маҳсулоти дохилии мо дар ҳашт сол қариб ду баробар афзуд. Мо пеши худ мақсад гузоштаем, ки то соли 2030 ин рақамро ба 200 миллиард доллар расонем.

Соли гузашта ҳаҷми сармоягузорӣ ба 35 миллиард доллар ва содирот ба 27 миллиард доллар расид, ки ин ҳам натиҷаи амалии Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд аст, ки чор сол боз гузаронида мешавад.

Натиҷаҳои ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав дар рейтингҳои байналмилалӣ низ муносиб инъикос меёбанд. Мавқеи мо дар «Индекси озодии иқтисодӣ» дар панҷ соли охир 48 зина баланд шуд. Мақоми мо дар "Индекси мураккабии иқтисодӣ"-и Ҳарвард 28 зина беҳтар гардид. Моҳи гузашта оҷонсии бонуфузи “S&P” дурнамои худро дар бораи рейтинги соҳибихтиёрии Ӯзбекистон аз "барқарор" ба "мусбат" боло бурд.

Ҳамаи мо хуб дарк мекунем, ки имрӯз иқтисодиёти ҷаҳон дар остонаи даврони нав ва дигаргуниҳо қарор дорад. Ин бошад, давлатҳоеро, ки дар роҳи рушди устувор мераванд, водор мекунад, то дар чаҳор самти зерин ҳамкорӣ намоянд.

Якум, гузариш ба модели иқтисодии “сабз”.

Мо барои таъмини иқтисодиёти худ бо захираҳои устувори энергетикӣ, айнан ба рушди энергетикаи «сабз» маҳкам камар бастаем.

Дар муддати кӯтоҳи сипаришуда ба ин соҳа қариб 6 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардид. Ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ аз 59 миллиард ба 82 миллиард киловатт-соат расид. Дар панҷ соли оянда ин рақам аз 120 миллиард киловатт-соат афзуда, ҳиссаи энергияи сабз ба 54 фоиз мерасад.

Инчунин барои навсозии шабакаҳои барқ 4 миллиард доллар ҷалб хоҳем кард.

Дар ин росто, имсол дар Самарқанд ва соли оянда дар 8 минтақаи дигар шабакаҳои барқро ба шарикони хусусӣ медиҳем.

Ғайр аз ин, бори аввал фурӯши сертификати “сабз" ва агрегатҳои карбонро оғоз кардем. Имсол ба бозорҳои ҷаҳонии карбон ҳамроҳ шуда, платформаи сармоягузории иқлимии “Ӯзбекистони сабз”-ро эҷод мекунем.

Дувум, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба «драйвер»-и иқтисодиёт табдил меёбад.

Танҳо дар соли ҷорӣ содироти технологияҳои иттилоотӣ дар кишвари мо ба 1 миллиард доллар мерасад. То соли 2030 мо барои то 5 баробар зиёд кардани ин нишондод иқтидор ва имкони кофӣ дорем.

Корҳои мо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, дар индекси байналмилалии омодагӣ ба зеҳни сунъӣ дар як сол 17 зина боло рафтем.

Соли оянда платформаи миллии «Технологияҳои абрӣ» ба кор андохта мешавад. Дар панҷ соли оянда якҷоя бо сармоягузорони хусусӣ 20-то "дата-марказ"-ро бо иқтидори беш аз 500 мегаватт бунёд хоҳем кард.

Инчунин, модели миллии зеҳни сунъиро таҳия хоҳем кард, ки таърихи ғанӣ, арзишҳои қадимии мо ва ғояҳои нави созандаро таҷассум мекунад. Барои таъмини самаранокии ин система, лоиҳаи "Як миллион пешвоёни зеҳни сунъӣ"-ро оғоз бахшидем.

Боварӣ дорам, ки якҷоя бо шумо Ӯзбекистонро ба як маркази бонуфузи IT ва Fintech табдил медиҳем.

Сеюм – дар шароити муосир низоми молиявӣ ва технологияҳо ба таври куллӣ тағйир меёбанд.

Ба қарибӣ мо якҷо бо Сандуқи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ бори аввал арзёбии ҳамаҷонибаи соҳаи молиявии Ӯзбекистонро анҷом додем. Онҳо пурра ислоҳоти моро дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия, суғурта ва бозори сармоя дастгирӣ карданд.

Бо мақсади ба марҳилаи нав баровардани ин соҳаҳо дар Ӯзбекистон Шӯрои устувории молиявӣ таъсис дода мешавад ва дар Бонки марказӣ платформаҳои амнияти киберӣ ва технологияҳои молиявӣ ба кор андохта мешаванд.

Мо инчунин дар низоми суғурта ислоҳоти бузургро оғоз кардем. Ширкати миллии бозсуғуртакунӣ ва Платформаи рақамии глобалии бозсуғуртакунӣ таъсис дода шуданд.

Асбобҳои молиявии алтернативӣ барои стартапҳо, яъне венчурҳо бо суръат рушд мекунанд. Масалан, соли гузашта арзиши ду ширкати миллии стартап бори аввал аз 1 миллиард доллар гузаштааст. Мо албатта шумораи чунин ширкатҳоро зиёд хоҳем кард.

Дар ин замина, лоиҳаи қонун «Дар бораи фондҳои сармоягузории алтернативӣ» таҳия шудааст. Дар панҷ соли оянда ҳаҷми венчурҳо ва дигар сармоягузориҳои алтернативиро то ба 1 миллиард доллар мерасонем.

Боз як самти дигар. "Инқилоби чоруми саноатӣ" талаботро ба маъданҳои технологӣ чандин маротиба зиёд мекунад.

Дар Ӯзбекистон захираҳои бузурги волфрам, молибден, магний, литий, графит, ванадий, титан ва дигар маъданҳо кашф шудаанд. Умуман, потенсиали қаъри замини мо ба 3 триллион доллар баҳогузорӣ мешавад.

Мо тамоми имкониятҳоро дорем, то минтақаро ба як «хаб»-и истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда аз маъдан табдил диҳем. Дар вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд технопаркҳои «Маъданҳои оянда» таъсис дода мешаванд.

Дар ин ҷо мехоҳам ташаббусеро пешниҳод кунам – бозгардони андози рент ба муддати 10 сол барои сармоягузороне, ки даври пурраи истеҳсолот – аз корҳои ҷустуҷӯии геологӣ то истеҳсоли маҳсулоти тайёрро ба роҳ мемонанд.

Боварӣ дорам, ки муносибатҳои дарозмуддат ва самарбахши мо бо шумо метавонанд ба ҳамкории тиҷоратии судманд ва мутақобилан фоиданок дар тамоми самтҳои зикршуда табдил ёбанд.

Сармоягузорони муҳтарам!

Мо тамоми чораҳои заруриро меандешем, то тамоюли «Ӯзбекистони Нав – кишвари имкониятҳои бузург барои сармоягузорӣ» ба натиҷаҳои амалӣ табдил ёбад.

Пеш аз ҳама, мехоҳам диққати шуморо ба он ҷалб намоям, ки барои занҷираҳои истеҳсолии глобалӣ қоидаҳои боэътимод лозиманд, ки ба ҳар як кишвар шартҳои баробарро таъмин намоянд.

Нақши махсус дар ин раванд, бешак, ба Созмони умумиҷаҳонии савдо тааллуқ дорад. Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки соли оянда узви ин созмон гардем. Дар ин самт мо якҷо бо шарикони худ фаъолона кор мебарем. Барои ин даҳҳо қонун ва садҳо стандартро ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидем ва имсол ин корро пурра ба анҷом мерасонем.

Дуюм, бо мақсади фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоидтар барои сармоягузорони хориҷӣ, дар кишвари мо «режими миллӣ» ҷорӣ карда мешавад, ки кафолат медиҳад сармоягузорон бо ширкатҳои маҳаллӣ дар шароити баробар фаъолият кунанд. Ҳамзамон, принсипи «равзанаи ягона» ҳангоми ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ татбиқ шуда, низоми ҳимояи кафолатноки фаъолияти сармоягузорӣ аз санҷишҳои зиёдатӣ таъсис дода шудааст.

Бо татбиқи чунин тадбирҳо, ният дорем, ки то соли 2030 рейтинги қарзии Ӯзбекистонро то сатҳи сармоягузорӣ расонем.

Сеюм, ҳангоми хусусигардонии ширкатҳои давлатӣ мо роҳи ба активҳои бузург табдил додани онҳоро интихоб кардем, ки ба баланд бардоштани некӯаҳволии кишвар хизмат хоҳанд кард.

Сандуқи миллии сармоягузорӣ таъсис дода шуд, ки саҳмияҳои давлатиро дар 18 ширкати калон ва бонкҳо, бо арзиши умумии тақрибан 2 миллиард доллар муттаҳид мекунад. Барои идораи ин фонд ширкати бонуфузи байналмилалии Franklin Templeton ҷалб карда шудааст. Аллакай соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ки қисме аз саҳмияҳои фонд тавассути IPO дар бозори байналмилалӣ фурӯхта шаванд.

Ғайр аз ин, мушовирони касбӣ ҷалб мешаванд ва дар давоми ду сол 29 ширкати калони давлатӣ хусусӣ гардонида мешаванд.

Чорум, мо нақлиёт ва логистикаро ҳамчун низоми гардиши хуни иқтисоди худ меҳисобем.

Аз ин рӯ, мо сармояи хусусиро ба таври фаъол ба ин соҳа ҷалб менамоем. Масалан, фурудгоҳҳои байналмилалии Самарқанд, Намангон, Бухоро ва Урганҷ тибқи модели шарикии давлатию хусусӣ ба идораи сармоягузорони эҳтимолӣ дода шудаанд.

Ба идоракунии фурудгоҳи Урганҷ ширкати пешбари ҷаҳонӣ – «Инчон» ҷалб шудааст. Соли оянда мо барои фурудгоҳҳои Нуқус, Тирмиз, Фарғона ва Навоӣ тендер баргузор хоҳем кард.

Боз як самти дигари муҳим: шумораи аҳолие, ки дар пойтахти мо зиндагӣ ва кор мекунанд, аз 5 миллион нафар гузаштааст. Аз ин рӯ, мо шаҳри навро бо номи «Янги Тошканд» барои 2 миллион нафар бунёд мекунем ва пойтахтро ба як мегаполиси воқеӣ табдил хоҳем дод.

Дар он ҷо хаби мултимодалӣ бо имконияти хизматрасонӣ ба 20 миллион мусофир дар як сол бунёд мешавад, ки фурудгоҳ, роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилро ба ҳам мепайвандад. Ҳамчунин, маҷмааҳои калони тиҷоратӣ ва марказҳои молиявӣ сохта хоҳанд шуд.

Мо сармоягузорон, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва бонкҳои хориҷиро даъват менамоем, ки дар татбиқи ин лоиҳаи бузург иштирок намоянд.

Панҷум, ба шарофати сиёсати кушод ва дӯстонае, ки дар солҳои охир якҷо бо ҳамсоягони худ пеш мебарем, дар Осиёи Марказӣ фазои тамоман нави ҳамкорӣ ташаккул ёфт.

Тасдиқи равшани ин ҳолат иштироки роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсоя дар форуми имрӯза мебошад.

Ба ин диққат диҳед: дар ҳашт соли охир гардиши савдо бо кишварҳои ҳамсоя бештар аз 3,5 маротиба афзуда, қариб ба 13 миллиард доллар расид.

Лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ амалӣ мешаванд. Масалан, мо сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистонро оғоз кардем ва оид ба омодасозии лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва инфрасохторӣ корҳои густурда идома доранд.

Дар робита ба ин, мо ташаббуси ба роҳ мондани консепсияи «Фазои ягона барои сармоягузорӣ ва савдо»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод менамоем.

Дар ин ҷо мехоҳам ба ташкилотҳои байналмилалӣ муроҷиат намоям: вақти он расидааст, ки механизмҳои нави молиявӣ барои дастгирии лоиҳаҳои минтақавӣ таъсис дода шаванд. Бо муттаҳид сохтани кӯшишҳо мо метавонем Осиёи Марказиро ба фазои сулҳ ва рушди устувор табдил диҳем.

Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!

Форуми имрӯза дар формати нав ва васеъ доир мегардад. Бори аввал дар доираи он намоишгоҳи махсус ташкил карда шуд, ки дар он ширкатҳои Ӯзбекистон бо лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштараки худ иштирок доранд.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки барои мо сармоягузорӣ танҳо воситаи молиявӣ нест. Ин – технология, дониш, кадрҳои соҳибихтисос, ҳамгироӣ ба занҷираҳои истеҳсолии байналмилалӣ аст, яъне сармоягузорӣ рушди воқеист.

Ӯзбекистон барои сармоягузорони хориҷие, ки бо чунин ғояҳои неку шарафмандона ба кишвари мо меоянд, тамоми шароити заруриро фароҳам меорад ва мо фаъолияти онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба онҳо пурра кафолат медиҳем.

Дар кишвари мо барои шумо ҳамеша ҳамаи дарҳо бозанд.

Муҳимтаринаш – дар назди шумо қонунҳое ҳастанд, ки фаъолияти шуморо ҳимоя мекунанд, як давлате ҳаст, ки ба муколама омода аст ва як халқи меҳнатдӯсте ҳаст, ки ба ҳамкорӣ омода мебошад.

Бори дигар, аз самими қалб ба ҳар як сармоягузор, намояндагони ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки барои иштирок дар форум ба кишвари мо ташриф овардаанд, изҳори сипос менамоям.

Ба шумо комёбиҳо орзу мекунам!

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: