Президенти Ӯзбекистон Сарвазири Озарбойҷонро ба ҳузур пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 июн Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадовро, ки барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ба кишвари мо ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот меҳмони олӣ ба роҳбари Ӯзбекистон паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро расонд.

Масъалаҳои муҳими густариши минбаъда ва таҳкими равобити дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки дар доираи Соли ҳамкории иқтисодӣ корҳои самарабахш ба таври муштарак идома доранд. Ҳаҷми гардиши мол меафзояд, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод дар марҳилаи фаъол қарор доранд, ки бо дастгирии Ширкати муштараки сармоягузорӣ татбиқ мешаванд. Муобилаи фаъоли фарҳангиву гуманитарӣ низ идома дорад.

Зарурати идомаи ҳамкории наздики амалӣ дар сатҳи ҳукуматҳо ба мақсади назорати татбиқи тавофуқҳо ва таҳияи ташаббусҳои нав ба саммити ояндаи сатҳи олӣ таъкид гардид.

Дар ин замина зарурати таъмини самаранокии баланди ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми минтақаҳои ду кишвар, ки ба нақша гирифта шудааст, қайд гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: