Президенти Ӯзбекистон аҳамияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо Қазоқистон таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро, ки дар чорабиниҳои Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ширкат меварзад, ба ҳузур пазируфт.

Дар аввали мулоқот Олжас Бектенов паёми самимӣ ва беҳтарин таманниёти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаевро ба сарвари давлати мо расонд.

Масъалаҳои мубрами рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Қазоқистон ва муносибатҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ афзоиши устувори муомилоти мол қайд гардид. Лоиҳаҳои дар соҳаҳои мошинсозӣ, электротехникӣ, нассоҷӣ, металлургия, дорусозӣ, сохтмон ва кишоварзӣ бо муваффақият амалӣ мешаванд.

Аҳамияти қабули чораҳои ҳамоҳангшудаи ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ҷиҳати афзоиши муомилоти мол ва ташкили барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар сатҳи минтақаҳо таъкид гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: