Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои амалӣ бо Қирғизистонро таъкид кард

Дар доираи барномаи Форуми сармоягузории Тошканд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси Девони Вазирон – роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Қасималиевро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат Адилбек Қасималиев ба сарвари давлати мо паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаровро расонд.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Қирғизистон, афзоиши ҳаҷми савдо, тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ, инчунин фаъолсозии робитаҳои байниминтақавӣ ва мубодилаи фарҳангию башардӯстона баррасӣ шуданд.

Ба тезондани лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, аз ҷумла сохтмони НБО-и Қамбарота-1 ва роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Аҳамияти баргузории самараноки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои роҳбарони минтақаҳо, ки соли ҷорӣ баргузор мешаванд, таъкид гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: