Дар доираи барномаи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғозии мулоқот Қоҳир Расулзода ба роҳбари кишвари мо паёми гарму самимӣ ва таманниёти некӯхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар заминаи татбиқи тавофуқоти сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки сатҳи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ба марҳилаи баланд расидааст. Ҳаҷми савдои мутақобила ва боркашонӣ рӯ ба афзоиш дошта, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, электротехника, нассоҷӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ мешаванд.
Робитаҳои байни минтақаҳо ва мубодилаи фаъоли фарҳангию гуманитарӣ низ самарабахш идома доранд.
Аҳамияти ташкили рӯзномаи нави иқтисодии шарикӣ, таҳияи чораҳои муассир барои афзоиши гардиши мол, пешбурди фаъолонаи лоиҳаҳои кооператсия ва ҳамкориҳои наздимарзӣ таъкид гардид.