Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 июн муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Александр Новакро, ки барои иштирок дар Форуми чоруми сармоягузории Тошканд ба кишварамон омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Александр Новак ба Сарвари давлати мо салом ва таманниёти неки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонда, инчунин бо бомуваффақият баргузор шудани форум табрик гуфт.
Масъалаҳои татбиқи амалии тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон моҳи майи соли гузашта ҳосил шуда буданд ва дигар робитаҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.
Ба тавсеаи шарикии мутақобилан судманд дар бахши энергетика, суръат бахшидан ба лоиҳаҳои муштараки нафту газ ва рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи осоиштаи атомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.