Президенти Ӯзбекистон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистонро ба ҳузур пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи барномаи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Нокергули Атагулиевро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот меҳмони олиқадр ба сарвари давлатамон аз ҷониби Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳати Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов саломи гарму ҷӯшон ва орзуҳои нек расонд.

Масъалаҳои мубрами рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, неки ҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон баррасӣ шуданд. Ба ташаккули рӯзномаи нави ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, хоҷагии об ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамчунин аҳамияти омодагии ҳамаҷониба ба Форуми дарпешистодаи минтақаҳо, инчунин як қатор чорабиниҳои муштараки тиҷоратӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: