ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД

  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД
  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД
  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД
  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД
  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД
  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД
  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД
  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД
  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД
  • ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН САМТҲОИ АСОСИИ ШАРИКИИ САРМОЯГУЗОРИРО БО ШАРИКОНИ ХОРИҶӢ МУАЙЯН НАМУД

10 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади умумии чорумин Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки дар Маркази байналмилалии конгресси пойтахтшаҳр гузаронида шуд, иштирок кард.

Дар чорабинӣ Президенти Булғория Румен Радев, Сарвазири Словакия Роберт Фитсо, Сарвазири Қазоқистон Олҷас Бектенов, Раиси Ҳукумати Қирғизистон Адилбек Қосималиев, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, муовини раиси Ҳукумати Русия Александр Новак, муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Нокергулӣ Атагулиев, инчунин, Президенти Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд Одил Рено-Бассо ва Президенти Бонки нави рушд Дилма Русеф иштирок карданд.

Умуман, ба форум зиёда аз 7,5 ҳазор делегат, аз ҷумла қариб 3 ҳазор меҳмонони хориҷӣ аз беш аз 100 мамлакат ташриф фармуданд. Чорабинии имсола дар шакли нав ва васеъ доир мегардад. Дар доираи он бори аввал намоишгоҳи махсус ташкил гардид, ки дар он лоиҳа ва ташаббусҳои муштараки ширкатҳои Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шудааст.

Сарвари давлат суханронии худро дар форум аз таҳлили мухтасари вазъи кунунии ҷаҳон оғоз кард. Таъкид гардид, ки имрӯз равандҳои геосиёсӣ бошиддат тағйир ёфта, таҳдидҳо ба амнияти глобалӣ ва рушди устувор пурзӯр мешаванд.

Дар натиҷаи шадидтар шудани бӯҳрони иқтисодӣ ва камбуди захираҳои молӣ, суръати инкишофи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ҷаҳон соли сеюм аст, ки коҳиш меёбад.

Роҳбари Ӯзбекистон зарурати танҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ, бар пояи меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва тибқи қатъномаҳои СММ ҳалли низоъҳо ва мушкилоти минтақавиро таъкид кард.

– Ман ҳамаи кишварҳои шарикамонро барои ҳамкории кушод ва васеъмиқёси байналмилалӣ аз рӯйи ин мушкилоте, ки ҳозир ман таъкид кардам, даъват менамоям.

Чунки сармоягузориҳо, ки мавзӯи асосии форум аст, на танҳо гарави рушди иқтисодӣ, балки кафолати сулҳу субот ва барқарорӣ низ мебошад, – гуфт роҳбари давлат.

Сарвари Ӯзбекистон барои созмони як фазои сармоягузорие даъват намуд, ки на танҳо даромад меорад, балки баҳри арҷ гузоштан ба қадри инсон, таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳими ӯ ва рушди ҳамчун таҳкурсии устувор хидмат менамояд!

Ба комёбиҳои мамлакати мо дар таъмини рушди иқтисодӣ диққати махсус дода шуд. Дар ҳашт сол қариб маҷмуи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон ду баробар афзуд. То соли 2030 ба 200 миллиард доллар расонидани ин рақам чун ҳадаф муқаррар гардидааст. Дар соли 2024 ҳаҷми сармоягузорӣ ба 35 миллиард доллар ва содирот ба 27 миллиард доллар расидааст.

Дар панҷ соли охир Ӯзбекистон дар «Индекси озодии иқтисодӣ» ба 48 зина, дар Индекси мураккабии иқтисодии Ҳарвард 28 зина баланд гардид. Моҳи гузашта оҷонсии бонуфузи «S&P» дурнамои худро дар бораи рейтинги соҳибихтиёрии Ӯзбекистон аз «барқарор» ба «мусбат» боло бурд.

Президенти Ӯзбекистон дар остонаи тағйироти нав қарор доштани иқтисодиёти ҷаҳонро таъкид намуда, аҳамияти ҳамкориро аз рӯйи чор самти муҳим ёдоварӣ кард.

Якум – гузариш ба модели иқтисодии «сабз».

– Мо барои таъмини иқтисодиёти худ бо бо захираҳои устувори энергетикӣ, айнан ба рушди энергетикаи «сабз» маҳкам камар бастаем, – гуфт сарвари мамлакат.

Солҳои охир ба ин соҳа қариб 6 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ аз 59 миллиард ба 82 миллиард киловатт-соат афзуд. Дар панҷ соли оянда ин рақам аз 120 миллиард киловатт-соат зиёд гардида, ҳиссаи энергияи сабз ба 54 фоиз мерасад.

Барои навсозии шабакаҳои барқ низ 4 миллиард доллар ҷалб карда мешавад.

Соли ҷорӣ дар Самарқанд ва соли оянда боз дар 8 минтақа шабакаҳои барқ ба шарикони хусусӣ дода мешавад.

Бори аввал роҳандозии фурӯши сертификати «сабз» ва воҳидҳои карбон пешбинӣ шудааст. Ӯзбекистон ба бозорҳои ҷаҳонии карбон ҳамроҳ гардида, платформаи сармоягузории иқлимии «Ӯзбекистони сабз» офарида мешавад.

Дувум, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба «драйвер»-и нави иқтисодиёт табдил меёбад.

– Танҳо дар соли ҷорӣ содироти технологияҳои иттилоотӣ дар кишвари мо ба 1 миллиард доллар мерасад. То соли 2030 мо барои то 5 баробар зиёд кардани ин нишондод иқтидор ва имкони кофӣ дорем, – гуфт роҳбари давлат.

Дастовардҳои Ӯзбекистон дар ин соҳа дар сатҳи байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Бахусус, мамлакати мо дар индекси байналмилалии омодагӣ ба зеҳни сунъӣ дар як сол 17 зина боло рафт.

Соли оянда платформаи миллии «Технологияҳои абрӣ» ба кор андохта мешавад. Дар панҷ соли наздик якҷоя бо сармоягузорони хусусӣ 20-то «дата-марказ»-ҳо бо иқтидори беш аз 500 мегаватт сохта мешаванд.

Омодасозии модели миллии зеҳни сунъӣ, ки таърихи ғанӣ, арзишҳои қадимии мо ва ғояҳои нави созандаро таҷассум мекунад, дар назар аст. Бо мақсади таъмини самарадории ин система, лоиҳаи «Як миллион пешвоёни зеҳни сунъӣ» оғоз ёфт.

Роҳбари давлат изҳори итминон кард, ки дар натиҷаи саъю ҳаракатҳои муштарак Ӯзбекистон ба як маркази бонуфузи IT ва финтех табдил меёбад.

Сеюм, низоми молиявӣ ва технологияҳо ба таври куллӣ тағйир меёбанд.

– Ба қарибӣ мо якҷо бо Сандуқи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ бори аввал арзёбии ҳамаҷонибаи соҳаи молиявии Ӯзбекистонро анҷом додем. Онҳо пурра ислоҳоти моро дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия, суғурта ва бозори сармоя дастгирӣ карданд, – гуфт роҳбари давлат.

Барои ба марҳилаи нав баровардани ин соҳаҳо Шӯрои устувории молиявӣ таъсис ёфта, дар Бонки марказӣ платформаҳои амнияти киберӣ ва технологияҳои молиявӣ ба кор андохта мешаванд.

Ислоҳот дар низоми суғурта оғоз ёфт, Ширкати миллии бозсуғуртакунӣ ва Платформаи рақамии глобалии бозсуғуртакунӣ ташкил гардид.

Воситаҳои молиявии алтернативӣ барои стартапҳо – венчурҳо босуръат рушд мекунанд. Масалан, соли гузашта арзиши ду ширкати миллии стартап бори аввал аз 1 миллиард доллар гузашт.

Бо мақсади зиёд кардани шумораи чунин ширкатҳо лоиҳаи қонун «Дар бораи фондҳои сармоягузории алтернативӣ» таҳия гардид. Дар панҷ соли оянда ҳаҷми венчурҳо ва дигар сармоягузориҳои алтернативӣ ба 1 миллиард доллар расонида мешавад.

Боз як самт – дар шароити «Инқилоби чоруми саноатӣ» талабот ба маъданҳои технологӣ чандин маротиба меафзояд.

Дар Ӯзбекистон захираи зиёди волфрам, молибден, магний, литий, графит, ванадий, титан ва дигар маъданҳо муайян шудаанд. Иқтидори умумии сарватҳои зеризаминӣ ба 3 триллион доллар баҳогузорӣ мешавад.

– Мо тамоми имкониятҳоро дорем, то минтақаро ба як «хаб»-и истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда аз маъдан табдил диҳем. Дар ин росто, дар вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд «Технопарки маъданҳои оянда»-ро месозем, – гуфт роҳбари давлат.

Аз ин рӯ, бозгардони андози рент тӯли 10 сол барои сармоягузороне, ки даври пурраи истеҳсолот – аз корҳои ҷустуҷӯии геологӣ то истеҳсоли маҳсулоти тайёрро ба роҳ мемонанд, пешниҳод гардид.

Президенти мамлакат дар суханронии худ ба татбиқи тамоюли «Ӯзбекистони Нав – кишвари имкониятҳои бузург барои сармоягузорӣ» диққати махсус дод.

Якум, Ӯзбекистон назди худ мақсад гузоштааст, ки соли оянда узви Созмони ҷаҳонии савдо гардад. Дар ин самт даҳҳо қонун ва садҳо стандарт ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ карда шуд. Ин раванд имсол пурра ба анҷом мерасад.

Дуюм, бо мақсади фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоидтар барои сармоягузорони хориҷӣ, «режими миллӣ» ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ тамоюли «равзанаи ягона» ва низоми ҳимояи кафолатноки фаъолияти сармоягузорӣ ҷорӣ карда мешавад, ки шароити якхеларо бо ширкатҳои маҳаллӣ кафолат медиҳад.

Тавассути чунин чорабиниҳо то соли 2030 то сатҳи «сармоягузорӣ» расонидани рейтинги кредити Ӯзбекистон дар назар аст.

Сеюм, дар хусусигардонии ширкатҳои давлатӣ роҳи ба активҳои бузург табдил додани онҳо интихоб карда шуд, ки ба баланд бардоштани некӯаҳволии кишвар хидмат мекунад.

Сандуқи миллии сармоягузорӣ таъсис дода шуд, ки саҳмияҳои давлатиро дар 18 ширкати калон ва бонк, бо арзиши умумии тақрибан 2 миллиард доллар, муттаҳид мекунад. Барои идораи ин фонд ширкати бонуфузи байналмилалии «Franklin Templeton» ҷалб карда шудааст. Соли оянда ба бозори байналмилалии IPO баровардани пакети саҳмияҳои фонд ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, мушовирони касбӣ ҷалб гардида, дар давоми ду сол 29 ширкати калони давлатӣ хусусӣ гардонида мешаванд.

Чорум, бо ҷалби сармояи хусусӣ ба рушди нақлиёт ва логистика диққати махсус дода мешавад. Масалан, фурудгоҳҳои байналмилалии Самарқанд, Намангон, Бухоро ва Урганҷ дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ба идораи сармоягузорони боиқтидор дода шудаанд.

Барои идоракунии фурудгоҳи Урганҷ ширкати пешбари ҷаҳонӣ – «Инчон» ҷалб карда шуд. Соли оянда барои фурудгоҳҳои Нуқус, Тирмиз, Фарғона ва Навоӣ тендер гузаронида мешаванд.

Ғайр аз ин, бо назардошти аз 5 миллион нафар афзудани шумораи аҳолии пойтахт, барои 2 миллион нафар шаҳри нави «Тошканди Нав» бунёд мегардад.

Дар он ҷо хаби мултимодалӣ бо имконияти хизматрасонӣ ба 20 миллион мусофир дар як сол бунёд мешавад, ки фурудгоҳ, роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилро ба ҳам мепайвандад.

Панҷум, дар Осиёи Марказӣ фазои тамоман нави ҳамкорӣ ташаккул ёфт.

Дар ҳашт соли охир гардиши савдо бо кишварҳои ҳамсоя бештар аз 3,5 маротиба афзуда, қариб 13 миллиард долларро ташкил кард.

Лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ амалӣ мешаванд. Сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» оғоз ёфт, омодасозии лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва инфрасохторӣ идома доранд.

Дар робита ба ин, сарвари Ӯзбекистон пешбарии консепсияи «Фазои ягона барои сармоягузорӣ ва савдо»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод кард.

– Дар ин ҷо мехоҳам ба ташкилотҳои байналмилалӣ муроҷиат намоям: вақти он расидааст, ки механизмҳои нави молиявӣ барои дастгирии лоиҳаҳои минтақавӣ таъсис дода шаванд. Якҷоя ҳаракат кунем, мо метавонем Осиёи Марказиро ба фазои сулҳ ва рушди устувор табдил диҳем, – гуфт Президент.

Дар хотима сарвари Ӯзбекистон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба он ҷалб кард, ки сармоягузорӣ барои кишвари мо на танҳо захираҳои молиявӣ, балки технология, дониш, кадрҳои баландихтисос ва ҳамгироӣ ба занҷирҳои истеҳсолии байналмилалӣ мебошад.

– Ӯзбекистон барои сармоягузорони хориҷие, ки бо чунин ғояҳои неку шарафмандона ба кишвари мо меоянд, тамоми шароити заруриро фароҳам меорад, фаъолияти онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад ва инро кафолат медиҳад, – гуфт сарвари мамлакат.

Онҳое, ки дар ҷамъомади умумӣ ба сухан баромаданд, ба натиҷаҳои ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав баҳои баланд дода, ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо мамлакати мо дар бахшҳои афзалиятнок пешниҳоду ташаббусҳои худро баён карданд.

Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд 12 июн кори худро анҷом медиҳад.

Пагоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ баргузор мешавад.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: