Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 июн аз бозии дастаи миллии Ӯзбекистон оид ба футбол дар варзишгоҳи «Бунёдкор» боздид намуд.
Бозии охирини марҳалаи саракунии чемпионати ҷаҳон барои футболи Ӯзбекистон ҷашни ҳақиқӣ гардид. Аммо футболбозонамон роҳхатро ба Ҷоми ҷаҳон пеш аз мӯҳлат ба даст оварда буданд: бори аввал дар таърих дастаи миллии Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ширкат хоҳад кард!
Орзуе, ки солҳои зиёд миллионҳо мухлисон мепарвариданд, ба воқеият табдил ёфт. То ҳанӯз дастаи миллӣ ҳафт бор дар мусобиқоти саракунӣ иштирок намуда, аммо ҳар дафъа каме намерасид – гоҳ тақвим номуносиб мебуд, гоҳ тафовути голҳо ва гоҳ каме истеъдод.
Барои он ки барои худсафедкунӣ ҷой намонад, қувва ва пойгоҳ зарур буд. Бо Фармони Президент аз 16 марти соли 2018 барномаи рушди футбол дар солҳои 2018-2022 қабул гардида буд. Дар 14 минтақаи мамлакат академияҳои бачагон ва наврасони футбол ба вуҷуд оварда шуда, дар онҳо бачаҳои соҳибистеъдод интихоб гардида, онҳо аз ҷиҳати касбӣ омода мешуданд ва барои дастаҳои миллӣ чун захира тарбия меёфтанд. Сифати машқҳо ва мусобиқот низ баланд гардид. Хусусан ба тарбияи мураббиён, доварон ва мутахассисон эътибори алоҳида нигаронида шуд.
4 декабри соли 2019 Президент Фармонро «Дар бораи чорабиниҳо оид ба марҳалаи куллан нав боло бардоштани рушди футбол дар Ӯзбекистон» имзо намуда буд. Ин ҳуҷҷат пешбинӣ менамуд, ки клубҳо рушд намоянд, мутахассисони хориҷӣ тарбия ёбанд, барои ҷамоаҳои мунтахаб ҷараёни таълимиву тамринии замонавӣ ташкил гардад, дар мамлакат мусобиқаҳои бонуфуз баргузор шаванд. Инчунин қарори Президент аз 8 апрели соли 2023 оид ба рушди ҳамаҷонибаи футболи оммавӣ ва касбӣ аҳамияти муҳим касб намуд.
Ба шарофати чунин ғамхорӣ ва бархурди бонизом натиҷаҳои ҷиддии нахустин ба даст омаданд. Соли 2018 ҷамоаи U-23 дар Чин чемпиони Осиё гардид, соли 2023 ҷамоаи U-20 чунин муваффақиятро дар мусобиқаи Тошканд такрор намуданд. Дар мамлакат баргузор намудани мусобиқот зери шафоати FIFA ва AFC шурӯъ гардид.
Соли 2024 дар рушди футболи Ӯзбекистон саҳифаи нав боз гардид – ҷамоаи мунтахаби ҷавонони то 23 сола бори аввал дар таърих дар Бозиҳои олимпӣ иштирок намуд.
Муваффақиятҳо имсол низ идома доранд. Моҳи апрел дар Арабистони Саудӣ футболбозони то 17-солаамон Ҷоми Осиёро ба даст оварданд ва ҳамзамон барои чемпионати ҷаҳон соҳиби роҳхат шуданд. Ҳоло комёбии таърихиро ҷамоаи асосӣ ба даст овард.
Ӯзбекистон дар марҳалаи сеюми саракунӣ дар гурӯҳи «А» баромад кард. Тақрибан дар тӯли як сол ҷамоаи мо бо Эрон, Қатар, АМА, Қирғизистон ва Кореяи Шимолӣ талош намуд. 5 июн дар бозӣ бо АМА ҳисоби мусовӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ниҳояти давраи нӯҳум мунтахабамон соҳиби 18 хол гардида, пеш аз муҳлат иштироки худро дар чемпионати ҷаҳон таъмин намуд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар табрики худ таъкид кард, ки футболбозонамон мардонагӣ ва пойдории ҳақиқӣ зоҳир намуда, орзуи мардуми Ӯзбекистонро ҷомаи амал пӯшонданд.
– Бовар дорам, ки ин ғалабаи таърихӣ халқамонро дар роҳи мақсадҳои нек боз ҳам муттаҳидтар намуда, барои ҳазорон ҷавононамон манбаи илҳом ва намуна гардида, барои минбаъд мустаҳкам гардидани обрӯи байналхалқии Ӯзбекистони Нав хидмат хоҳад кард, – таъкид кард роҳбари давлат.
Воқеан, ин ғалабаи таърихӣ тамоми мамлакатро муттаҳид ва хушнуд намуд. Бозии охирини марҳалаи саракунӣ – бозии байни Ӯзбекистон ва Қатар ба ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфт.
Дар назди мухлисони содиқи худ мунтахаби Ӯзбекистон бартарии пурра зоҳир намуда, бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид.
Бинобар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 июн барои бори аввал дар таърих ба чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтан, саҳмашон дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳи муҳаббат ба варзиш ва ғурури миллӣ гурӯҳи футболбозон ва мураббиёни ҷамоаи мунтахаби мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ мушарраф гардонда шуда буданд. Пас аз бозӣ, маросими тантанавии мукофотсупорӣ баргузор гардид. Роҳбари давлат ба варзишгарон нишонҳои сарисинагии унвонҳои фахрӣ, орден ва медалҳоро супурд. Ғайр аз ин ба бозигарон ва мутахассисон автомобилҳои тамғаи BYD туҳфа гардид.
Якҷоя бо роҳбари давлат ин бозиро Президенти Булғория Румен Радев ва Сарвазири Словакия Роберт Фитсо ва ҳамчунин роҳбарони ҳукуматҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ тамошо карданд.
Ҷашни футбол бо тамошои дрон ва мушакпарронӣ ба анҷом расид.
Чемпионати ҷаҳон соли 2026 аз 11 июн то 19 июл дар ИМА, Канада ва Мексика баргузор мегардад. Дар мусобиқа 48 ҷамоа дар 12 гурӯҳ иштирок менамоянд. Ба марҳалаи оянда ҷамоаҳое, ки дар гурӯҳ ҷойҳои аввал ва дуюмро ишғол мекунанд ва ҳамчунин 8 дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм роҳ мегиранд. Халқамон аз футболбозонамон бесаброна ғалабаҳои навро интизор мегардад.
ӮзА.