Дар маҳаллаҳои ноҳияи Сӯх интихоботи раисони ҷамоатҳои шаҳрвандон идома дорад. Ёдовар мешавем, ки дар ин ноҳия беш аз 80 ҳазор аҳолӣ дар 27 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо муттаҳид карда шудаанд.
Ин ҷамоатҳои шаҳрвандон бар асоси қонунҳои мавҷуда фаъолият мекунанд ва ба мардум хидмат мерасонанд.
– Ҳар як интихобот бо ширкати васеъи сокинони маҳаллаҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Аллакай сокинони чанд ҷамоати шаҳрвандони маҳалла аз роҳи демократӣ раиси худро интихоб карданд. Муҳимаш, ин чорабинии муҳими сиёсӣ хеле муташаккилона мегузарад, – мегӯяд раиси бахши ноҳиявии иттиҳодияи маҳалла Қосимҷон Ҳайдаров.
Ба гуфтаи ӯ дар интихоботе, ки дар маҳаллаи Қақири ноҳия баргузор шуд, сокинони он хеле фаъолнокӣ нишон доданд. Дар оғози интихобот овоздиҳандагон бо барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо шинос шудаанд. Пас аз ин раванди овоздиҳӣ оғоз гардид ва тибқи натоиҷи интихобот, раиси феълии маҳалла Юнусҷон Аминҷонов бо гирифтани 94,3 дарсади овозҳо дубора барои 5 соли дигар ба мақоми раиси ҷамоати шаҳрвандони ин маҳалла интихоб шудааст.
– Инчунин маъракаҳои интихоботи раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Мӯлгон, Ҳушёр, Чумоқча, Зангат, Себзор ва амсоли он бо иштироки фаъоли сокинони маҳалла баргузор гардиданд. Аз ҷумла, интихоботи раиси маҳаллаи Зангат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 баргузор гардид. Дар интихобот овоздиҳандагон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ пурра истифода карданд. Дар натиҷа раиси нави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Зангат Ҷамшед Уводуллоев тавонист аксарияти овозҳоро ба даст орад ва раис интихоб шавад, – изҳор намуд Қ. Ҳайдаров.
– Ман бори аввал аст, ки дар интихоботи раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаамон иштирок кардам. Он хеле хуб ва дар фазои демократӣ гузашт. Баргузории ин маъракаи сиёсӣ аз тарафи ниҳодҳои маҳаллӣ хеле хуб ташкил карда шуд. Гузашта аз ин, шиносоӣ бо барномаи пешазинтихоботии даъвогарон ба мақоми раиси маҳалла саволҳои зиёди райъдиҳандагонро аз байн бурд, – мегӯяд бо қаноатмандӣ сокини ҷамоати шаҳрвандони яке аз маҳаллаҳои деҳаи Ҳушёр Ҷавоҳир Мамашарифов.
Интихоботи раисони ҷамоатҳои шаҳвандони маҳаллаҳои ноҳияи Сӯх идома дорад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.