Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии нақлиётӣ дар дохили кишвар, аз охири моҳи июн дар Ӯзбекистон шумораи парвозҳои мунтазами дохилии ҳавоӣ зиёд карда мешавад, ки ин ба иҷрои супориши роҳбари кишварамон ҷиҳати тақвияти сайёҳии дохилӣ мусоидат хоҳад кард.
Хатсайрҳои нав ба кӯтоҳ шудани вақти сафар байни марказҳои асосии таърихию сайёҳӣ ва беҳтар шудани пайвастагии минтақаҳо мусоидат мекунанд.
Аз ҷумла, ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air» аз 24 июн парвозҳоро дар масири «Самарқанд — Урганҷ» бо давомнокии се маротиба дар як ҳафта оғоз мекунад.
Аз 25 июн парвозҳо дар самтҳои «Бухоро — Урганҷ», «Самарқанд — Бухоро» ва «Бухоро — Тошканд» бо давомнокии ду маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешаванд.
Дар масири «Тошканд — Урганҷ» аллакай ҳар рӯз (ғайр аз рӯзи сешанбе) парвозҳо анҷом дода мешаванд.
Густариши иртиботи ҳавоии дохилӣ барои сайёҳон ва мусофирон шароити қулайтар фароҳам меорад ва дастрасиро ба марказҳои муҳими таърихию фарҳангӣ осон мегардонад.
Беҳтар шудани инфрасохтори нақлиётӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат карда, иқтисодиёти минтақавиро таҳрик медиҳад ва онҳоро ба ҷараёни умумимиллӣ сайёҳӣ ҳамгиро месозад.