РӮЗНОМАНИГОРИ ҲАҚИҚАТНИГОР, ОМӮЗГОРИ ФИДОКОР, РАҲБАРИ НАКӮКОР ВА ИНСОНИ ХУШРӮЗГОР

Турдиқул Ҳасратов 10 июни соли 1965 дар деҳаи Янгитурмуши ноҳияи Сариосиё таваллуд шудааст. Падару модараш аз аҳли рустои кӯҳии Деҳбодоми ноҳия мебошанд, ки дар қатори садҳо хонаводаи мардуми кӯҳистон солҳои 50-уми қарни гузашта ба таҳдашт кӯчонида шудаанд.

Рӯзе рӯзноманигори собиқадор Нуралӣ Раҷаб, ки меҳмони хонадони ӯ будам, ҳини суҳбат аз фаъолияти рӯзномаи собиқи тоҷикии вилояти Сурхондарё «Садои Сурхон» гап кушода, гуфт, ки оё мехоҳам дар ин рӯзнома кор кунам. Камина, ки он замон донишҷӯйи курси дуюм будаму мақолаҳоям ягон-ягон дар он чоп мешуд, аз пешниҳоди ӯ хурсанд шудам. Аслан то хатми курси аввал мехостам, баъди хатми донишгоҳ дар Душанбешаҳр монам ва дар он ҷо кор кунам. Вале муҳити носозгори сиёсии он замон маро ба кӯйи ноумедӣ афканда буданд. Аз ин рӯ намедонистам чӣ кунам.

Нуралӣ Раҷаб илова кард, ки «Садои Сурхон» ҳафтае як маротиба чоп мешаваду ба корманди эҷодӣ ниёз дорад ва агар ман барои кор он ҷо равам, ҳатман қабул мекунанд. Аз як тараф таҳсили муттасила ва аз ҷониби дигар ба корманди эҷодӣ ниёз доштани рӯзномаи навташкил, воқеан маро дудила карданд. Нуралӣ Раҷаб иброз дошт, ки масъалаи таҳсилро низ якҷо мусбӣ ҳал мекунем, яъне аз номи таҳририят ба донишгоҳ мактуби расмӣ менависонем, ки рӯзнома ба корманди эҷодӣ ниёз дораду ба фалонӣ барои кор рухсат диҳанд. Ба ёдам расид, ки дар курси чаҳорум Ҷовид Муқим ном донишҷӯ дар «Паёми Душанбе» кор мекунаду таҳсилашро низ тариқи экстерн (иштирокчии озоди гурӯҳи рӯзона) идома медиҳад. Бо ӯ машварат кардам. Ӯ гуфт, ки донишгоҳ чунин имконият дорад ва ба донишҷӯёни аълохон бо қарори шӯрои илмии донишгоҳ рухсат медиҳад…

Боре Нуралӣ Раҷаб ба донишгоҳ омаду хабар дод, ки муовини сармуҳаррири «Садои Сурхон» Турдиқул Ҳасратов ҳоло дар Душанбешаҳр асту табобат мегирад.  Ҳарду назди ӯ рафтем. Ин бори аввал буд, ки ман бо Турдиқул шинос ва ба суҳбаташ мушарраф шудам. Вай ҷавон буд, вале салобат, қади расову чеҳраи кушод, сабру тамкин ва сухангӯиву андешаронияш ӯро бузург нишон медоданд.  Баъди аҳволпурсӣ Нуралӣ Раҷаб моро ба ҳамдигар муаррифӣ намуд. Чун номи маро шунид хеле хурсанд шуда гуфт, ки маро ғоибона мешиносад. Зеро навиштаҳоям дар «Садои Сурхон» ва баъзан дар «Овози тоҷик» низ дарҷ мегаштанд. Ӯ аз ҷумла дар бораи яке аз мақолаҳои камина, ки дар «Овози тоҷик» соли 1990 чоп шуда буду дар бораи таъсиси рӯзномаи соф тоҷикӣ ба ивази баста шудани саҳифаҳои тоҷикии рӯзномаҳои ноҳиявии Бойсун, Деҳнав, Сариосиё ва Узун баҳс мекард, суҳбат намуда, ба андешаҳои мо ҳамфикр буданашро иброз дошт, ки аз ин хурсанд шудам. Воқеан, он замон зумрае тарафдори баста шудани саҳифаҳои тоҷикии мазкур ва ба ҷойи онҳо таъсис додани рӯзномаи алоҳидаи тоҷикиро мақбул медонистанд. Вале мо чанд тан мухлисони рӯзномаҳои тоҷикӣ: Садриддини Тоҷиддин, Рамазони Абдуллоҳ ва камина дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» акси садо навишта, андешаҳои худро баён карда мегуфтем, ки таъсис додани рӯзномаи тоҷикӣ зарурати таърихист, вале на аз ҳисоби саҳифаҳои тоҷикӣ.

Ҳамин тариқ, маслиҳат шуд, ки масъалаи таҳсилро ману Нуралӣ ва масъалаи корро Турдиқул ҳаллу фасл менамояд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Маъмурияти донишгоҳ бо қарори шӯрои илмӣ ба ман рухсат дод. Дар таърихи 13 апрели соли 1992 ману Нуралӣ ва сардабири маҷаллаи «Тоҷикистон» Равшани Ёрмуҳаммад ҷониби Сариосиё роҳ гирифтем.

Рӯзи душанбе ба таҳририят омада, нахуст бо Турдиқул ва пасон бо сармуҳаррир Истад Қосимзода вохӯрдам. Ҳамин тавр, аввалин фаъолияти ман бо машварат, маслиҳат ва тавсияи ин ду нафар дар «Садои Сурхон» оғоз ёфт. Тӯли нӯҳ моҳ, ки камина дар ин рӯзнома (он дар Деҳнав чоп мешуд) фаъолият доштам, ҳамеша ба маслиҳатҳои Турдиқул гӯш медодам, аз ӯ таҷриба меомӯхтам, навиштаҳоямро аввал аз таҳрири ӯ мегузарондам. Хуллас, ҳамаҷониба ба ӯ такя мекардам.

Турдиқул, воқеан ҳам инсон ва ҳам журналисти якрӯву яксухан буд. Кас аз суҳбаташ ҳузуру ҳаловат мебурд. Худованд ӯро бо тинати поки инсонӣ сириштааст.

Зиндагии пурибрат ва фаъолияти босамар

Турдиқул Ҳасратов 10 июни соли 1965 дар деҳаи Янгитурмуши ноҳияи Сариосиё таваллуд шудааст. Падару модараш аз аҳли рустои кӯҳии Деҳбодоми ноҳия мебошанд, ки дар қатори садҳо хонаводаи мардуми кӯҳистон солҳои 50-уми қарни гузашта ба таҳдашт кӯчонида шудаанд.

Падараш – Нарзуллои Ҳасрат хатмкардаи техникуми кишоварзии Тошканд, солҳои зиёд дар хоҷагии ҷамоавии «Ленинизм» (баъдҳо ба номи Искандар Диёров) дар вазифаҳои масъул хидмат кардааст. Саводи хуби динию дунявӣ дошт, хушсуҳбат, маҳфилоро буд.

Модараш – Сорамоҳ зани хонашин, заҳматкаш, хоксору меҳрубон, ҳунарманду оқила буд. 16 фарзанд ба дунё овардааст, ки 8 нафари онҳо дар хурдсолӣ нобуд шуданд. 8 нафар (се писару панҷ духтар) мондаанд. Бино бар он ки пеш аз Турдиқул се бародараш фавтида буданд, волидайн ба ӯ бо умеди он ки «истад» – Турдиқул ном додаанд.

Мавсуф соли 1982 мактаби миёнаи шумораи 29-умро бо медали тилло ва соли 1989 бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм кард.

Устоди нахустинаш омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Исматулло Раҳимов, ки ба ӯ қаробати хешовандӣ низ дорад (писари аммааш аст), дар ташаккули завқу ҷаҳонбиниаш ба шеъру сухан, адабиёт дил бастани ӯ нақши асосӣ дорад. Устод ҳанӯз аз синфи якум ӯро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ водор карда буд.

Инчунин, омӯзгорони мактабӣ Нурулло Саидов, Абдуваҳҳоб Мирзоев, Ҷумъақул Ворисов, Норқул Раҷабов, Асадулло Бобомуродов, Киромиддин Шарифов дар таълиму тадриси ӯ заҳмат кашидаанд.

Турдиқул аз айёми донишҷӯӣ ёд намуда, шукр мекунад, ки таҳсили ӯ дар мактаби олӣ ба солҳои амну осоиштаи нимаи аввал ва дуюми солҳои ҳаштодум мувофиқ омадааст. Замона орому осуда буд, хати марз байни ду ҷумҳурӣ ба ном вуҷуд дошт. Деҳаи ӯ, ки наздик ба маркази ноҳияи Сариосиё воқеъ буд, аз даромадгоҳи Душанбешаҳр ҳамагӣ 85 км дурӣ дошт, аз соати шаши субҳ то шаши бегоҳ дар ҳар ним соат як автобуси «Икарус» бо хатсайри «Деҳнав – Душанбе» рафтуо мекард. Нархи билет ҳам дар қиёс бо маоши онвақта ночиз (1 сӯму 80 тин) буд ва ӯ ҳар ҳафта рӯзи шанбе пас аз анҷоми дарс ба хона омада, субҳи рӯзи душанбе озими шаҳр мешуд ва 15-20 дақиқа пеш аз оғози дарс ба донишгоҳ мерасид.

Яъне он солҳо барои илм омӯхтану дониш андӯхтан беҳтарин солҳо буданд.  Турдиқул номи устодонро бо эҳтиром ба забон меорад.

Фахр мекунад, ки аз донишмандони забардасте мисли Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ, Худоӣ Шариф, Раҳим Мусулмонқулов, Саид Ҳалимов, Мукаррама Қосимова, Абдунабӣ Сатторзода, Аҳмад Абдуллоев, Саъдоншоҳ Имронов, Шарофиддин Рустамов, Раззоқ Ғаффоров, Толиб Хаскашев, Абдусаттор Нуралиев... сабақ омӯхтааст.

– Дарсу машғулиятҳои муаллимони ҷавону пурғайрати он солҳо – Абдулҳай Маҳмадаминов, Иброҳим Усмонов, Пайванди Гулмуродзода, Муртазо Зайниддинов, Бадриддин Мақсудов, Рустам Ваҳҳобов бароям хеле мароқангез ва худи эшон намунаи ибрати мо – донишҷӯён буданд. Худованд руҳи он устодони моро, ки аз дунёи фонӣ ба олами боқӣ реҳлат кардаанд, шод бигардонад ва умру ризқи онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд, биафзояд, – мегӯяд ӯ.

Турдиқули ҷавон, ки ташнаи илму дониш буд, алалхусус, ба соҳаи публитсистика шавқу рағбати беш дошт. Аз ин рӯ, дар курси дувум дар гурӯҳи тахассусии журналистика (он солҳо ҳанӯз шуъбаи рӯзноманигорӣ ифтитоҳ наёфта буд) таҳсили худро идома дод. Бо рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамкорӣ менамуд. Таҷрибаомӯзиро солҳои 1985-1987 дар рӯзномаҳои «Коммуна»-и шаҳри Орҷоникидзеобод (Ваҳдати ҳозира), «Шуҳрати Ашт», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (Тошканд, «Овози тоҷик»-и ҳозира) гузаронидааст.

Ҳамин тавр, Турдиқули ҷавону серғайрат бо даъватномаи расмии устод Нусратулло Шоймардонов, ки ба номи декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шодравон Маҳмуд Давлатов навишта шуда буд, ба идораи рӯзномаи «Сариосиё ҳақиқати» омад ва ба нашри нахустин саҳифаи тоҷикӣ омодагӣ гирифт. Ниҳоят 1-уми октябри соли 1988 дар таркиби рӯзнома аввалин бор як саҳифа пурра ба забони тоҷикӣ интишор ёфт, ки дар поёни он навиштаи «масъули саҳифа Т. Ҳасратов» ҷой дошт. Нашри ин саҳифаро тоҷикони маскуни ноҳия хуш истиқбол карданд, навиштаҳои хабарнигори ҷавон Т. Ҳасратов ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо мекард. Он вақт рӯзнома ҳафтае се маротиба бо теъдоди қариб 15 ҳазор нусха чоп мешуд ва ба ҳама гӯшаву канори ноҳияи бузургмасоҳати Сариосиё (он замон ноҳияи имрӯзаи Узун низ дар таркиби Сариосиё буд) саривақт рафта мерасид...

Пас аз ду моҳи кор ва таҷрибаомӯзӣ дар рӯзнома ӯ аз моҳи декабри соли 1988 таҳсилро дар донишгоҳ идома дод ва тобистони соли 1989 баъд аз хатми бомуваффақият боз ба идораи рӯзномаи «Сариосиё ҳақиқати» баргашт. Аз 1-уми январи соли 1991 пас аз ташкил шудани рӯзномаи тоҷикии вилоятии «Садои Сурхон» чун ҷонишини сармуҳаррир ба ин ҷо ба кор гузашт. То охирҳои соли 1993 якҷо бо аҳли қалами рӯзнома Исмат Ҳалим, Искандар Музаффарзода, Боймурод Шарифов ва инҷониб дар кори босифат ва ҷавобгӯ ба талаби замон интишор ёфтани рӯзнома ҳисса гузошт. Мутаассифона, ҳамон сол аҳволи саломатиаш бад ва чанд муддат бистарӣ гардид. Чун ҳамарӯза ба Деҳнав, ки аз манзили зисти ӯ беш аз 20 км дурӣ дошт, рафтуо кардан барояш мушкил омад, бо ҳидояти дӯсташ, омӯзгори соҳибмаърифат Давлатбой Маҳмудов ба шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сариосиё чун нозири мактабҳо ва равишомӯзи фанҳои забону адабиёти тоҷик ба кор гузашт.

Якҷо бо фаъолият дар шуъбаи таълим дар мактаби шумораи 29-ум, ки худ хатмкардаи он буд, ба кори омӯзгорӣ пардохт, аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс гуфт.

Соли 1999 бо тавсияи мудири вақти шуъбаи таълими халқи ноҳия Аҳтам Сафаров ӯро директори мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии шумораи 29-уми ноҳия тайин карданд, ки дар ин вазифа бештар аз 25 сол то 1-уми марти соли 2024 кор кард. Ӯро аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 83-юми ноҳияи Сариосиё тайин намуданд ва ҳоло дар ин вазифа босамар кор карда меояд. Беш аз сӣ сол боз омӯзгори тоифаи олии забон ва адабиёти тоҷик мебошад ва қариб ҳамасола дар озмунҳои фаннии ноҳиявию вилоятӣ ва гоҳо ҷумҳурӣ ба ҳайси ҳакам иштирок мекунад.

Дар муддати бештар аз чаҳоряк аср, ки сарварии мактаби 29-умро ба зимма дошт, ба хеле беҳтар шудани сифати таълиму тадрис ва мустаҳкам гардидани пойгоҳи моддию техникии таълимгоҳ ноил гардид. Аз ҷумла, соли 2011 мактаб ба маблағи бештар аз 800 млн сӯм ба куллӣ таъмир шуда, дар ҷойи бинои кӯҳнаи он бинои наву замонавӣ қомат рост кард, толори бузурги варзиш сохтаву ба истифода супурда шуда қариб пурра бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти нави таълимӣ таъмин гардид.

Маърифатгоҳ соли 2023 дар лоиҳаи «Опен бюҷет» ғолиб омада, ба маблағи 600 млн. сӯм пурра аз нав таъмир шуд. Хусусан, солҳои охир беш аз 30 дарсади хатмкунандагони мактаб ба донишгоҳҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ дохил шуданд. Мактаб алҳол пурра бо омӯзгорони дорои маълумоти олӣ таъмин мебошад. Сафи омӯзгороне, ки дорои тоифаи оливу якум ҳастанд, ба маротиб афзуд. Собиқ мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сариосиё Аҳмадҷон Бобоев, ки қариб 25 сол дар ин вазифаи пурмасъул босамар меҳнат кардааст, ба фаъолияти раҳбарию омӯзгории Турдиқул Ҳасратов баҳои баланд медод. Ӯ борҳо бо ифтихорномаҳои мақомоти таълим ва ҳокимияти ноҳияву вилоят, инчунин бо нишони «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон», медалҳои солгарди истиқлол ва «25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қадр шудааст. Сарвари кунунии шуъбаи таълими халқии ноҳия Тоҷиддин Ӯзбеков низ устод Турдиқул Ҳасратовро қадрдонӣ мекунад.

***

Аввалин навиштаҳои ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи девории донишгоҳ «Ба қуллаҳои дониш» нашр шудаанд. Баъдтар бо рӯзномаҳои бонуфузи «Комсомоли Тоҷикистон», «Газетаи муаллимон», «Адабиёт ва санъат», «Ҳақиқати Ӯзбекистон»... ҳамкорӣ кард. Бо тарҷумаи бадеӣ, ки баъдтар ба як самти фаъолияти Турдиқул  табдил ёфт, ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ машғул шуда буд. Чунончи, соли 1988, ки ҳамагӣ 23 сол дошту дар курси охири донишгоҳ таҳсил мекард, ба муносибати 60-умин солгарди нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов қисмати калоне аз очерки тарҷумаиҳолии ӯ »Заметки о себе» бо номи «Саҳифаҳои умр» дар тарҷумаи ӯ дар «Газетаи муаллимон» ба табъ расида буд. Баъдтар дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Садои Сурхон», «Бохтар», «Ховар», «Сариосиё» чандин тарҷумаи ӯ, ки аз забонҳои русию ӯзбекӣ сурат гирифтаанд, ба табъ расида, писанди хонандагон шуданд. Солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоии телеграм ва Фейсбук фаъол аст.

Бо ҳамсари оқилаву меҳрубонаш Марзия чаҳор фарзанд –  як писару се духтарро хуб тарбия кардаву ба воя расониданд. Писарашон Суҳроб дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, дар хадамоти гумруки вилояти Сурхондарё хидмат мекунад. Духтари калонӣ – Розия омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, Робия дӯзандаи моҳир ва Ширин мураббияи муассисаи томактабӣ мебошанд.

Умуман, дар бораи ҳаёту фаъолият ва фазилатҳои неки Турдиқул Ҳасратов, ки ибратпазир аст, метавон китобе навишт. Ӯ ба ин арзанда аст, мо бовар дорем, ки чунин китоб албатта, навишта хоҳад шуд. Инак, ӯ 60-умин баҳори зиндагии худро дар ҳалқаи ёру дӯстон, хешу пайвандон, шогирдону мухлисон, 13 нафар наберагони ширин истиқбол менамояд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо забони шоир мегӯем:

Ҷуз ин дуъот нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта:

Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: