Фестивали «Садои Чимён», ки дар ёнаи адири силсилакӯҳҳои Тёншони Ғарбӣ – Чимёни ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд чун озмуни овозхон-муаллифони шеър қариб чор даҳсола инҷониб идома дорад, чанд сол аст, ки оҳиста-оҳиста ҷанбаи экологӣ низ пайдо мекунад.
Ин озмун-фестивал ҳар сол дар рӯзҳои аввалин шанбеву якшанбеи моҳи июн бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳимояи муҳити зист баргузор мегардад, аз Қазоқистону Русия ва дигар кишварҳои фазои ягонаи маданӣ шоир-овозхонҳоро дар ин адир ҷамъ меорад, ки маъмулан дар ҳавои кушод ва шабонаву рӯзона ҷараён мегирад. Азбаски тамоми иштирокдорон ва бинандагон дар оғӯши табиат – зери хаймаҳо буду бош доранд, табиист, ки аз худ ҳар гуна партов мегузоранд ва дар натиҷа ин гӯшаи нотакрори табиатамон олудаи ҳар гуна маводи бегона мегардад.
– Маҳз ҳамин ҷанбаи кор моро водор месозад, ки қувваи худро ба фестивал ҷалб намоем ва дар ин ҷо натанҳо корҳои тарғиботӣ барем, балки худ амалан бо пок кардани ин маскан машғул гардем, – мегӯяд муовини раиси Ҷунбиши экологии ҷумҳурӣ, профессор Саидрасул Сангинов.
Воқиан, амали хайри партовғундорӣ дар тӯли ин солҳо аллакай ҳамаи иштирокдорон ва бинандагони фестивалро воқиф сохтааст, ки партови худро вақти рафтан бояд ғундошт ва ба ҷойи муайяншуда бурда супурд. Яъне ба таъбири дигар, онҳо дар зарфи ин солҳо «тарбия» ёфтаанд.
Фестивал, ки экологию сайёҳӣ ном гирифтааст, ҳар дафъа зери шафоати Ҷунбиши экологии ҷумҳурӣ ташкилотҳои давлатию ғайридавлатии экологиро ба худ ҷалб месозад. Аз ин боис дар ин ҷо намояндагони Ҳизби экологӣ, ташкилоти ғайридавлатии «Лотос» ва дигарҳоро дучор шудан мумкин буд. Дар ин қатор иштироки Маркази мадании тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно» низ ҷолиб буд, ки тибқи қарори Президент дар бораи таъсиси Кумитаи оид ба масъалаҳои муносибатҳои байнимиллӣ ва ҳамватанони хориҷӣ ба мавзӯи экологӣ низ зери шиори «Қудрати мо дар якҷоягист эътибори алоҳида дода шудааст.
Минтақаи мазкур солҳои охир макони сохтмони иншоотҳои зиёд гаштааст, ки онҳо асосан объектҳои фароғативу истироҳатӣ хоҳанд буд. Аз ин боис низ дар ин марҳала ҷанбаи экологии минтақа дар маркази эътибор хоҳад буд.
Маълум аст, ки дар солҳои охир бинобар ба боғи поку тозаи фароғатӣ табдил додани минтақа баъзе корҳои хоҷагии қишлоқ, хусусан чорводорӣ маҳдуд гаштааст. Ҳамаи ин ба хотири ҳимояи набототу ҳайвонот ва дубора ба макони сабз табдил додани ин мавзеъҳои зебои нотакрор нигаронда шудааст.
Т. Мирҳаёев.
Вилояти Тошканд.