Президенти Ӯзбекистон масъалаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо БАТРро баррасӣ намуд

11 июн дар остонаи ҷаласаи сеюми Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро таҳти роҳбарии президенти он Одил Рено-Бассо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории стратегӣ бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми лоиҳаҳои муштарак васеъ гардида, ҳаҷми сармоягузориҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба Ӯзбекистон аллакай аз 5,5 миллиард евро гузаштааст. Дар нақшаҳои соли ҷорӣ ҷалби боз 1,1 миллиард евро пешбинӣ шудааст, ки қисми зиёди он барои дастгирии бахши хусусӣ равона карда мешавад.

Стратегияи ҳамкорӣ самаранок амалӣ шуда истодааст. Бо дастгирии фаъолонаи Бонк раванди тағйироти сохторӣ дар низоми бонкӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат зарурати баланд бардоштани самаранокии ҳамкориро таъкид намуда, самтҳои асосии ҳамгироиро муайян намуд.

Аз ҷумла, сухан дар бораи чунин соҳаҳо, мисли навсозии технологии низоми таъминоти об, пешбурди барномаи баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рушди бозори ипотека, тақвияти инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ, васеъ намудани имкониятҳои соҳибкории хурду миёна ва дастгирии соҳибкории занон меравад.

Ба пешбурди лоиҳаҳои шарикӣ байни давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, инчунин дастгирии стартапҳо, ки ба ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ ва рақамисозии соҳаҳо нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон, оид ба рӯзномаи ҷаласаи сеюми Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: