11 июн дар Маркази байналмилалии конгрессҳо ҷаласаи сеюми умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Сарвари давлати мо баргузор шуд, президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо, роҳбарони ширкатҳо ва бонкҳои пешрафта чун Masdar, Indorama, ACWA Power, Vision Invest, DataVolt, Veon, Boeing, Air Products, SpaceX, Meta, John Deere, Franklin Templeton, Suez, EDF, Total Energies, Voltalia, Orano, Linde, Claas, Sojitz, Bomi, OTP Bank, Goldwind, Çalik, Çengiz, Aksa, JBIC, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ – Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки рушди исломӣ ва Корпоратсияи байналмилалии савдо ва молияи исломӣ иштирок карданд.
Мақсади асосии Шӯро мусоидати машваратӣ ва ташкили муколамаи боз байни Ҳукумати Ӯзбекистон ва сармоягузорони хориҷӣ оид ба самтҳои муҳими рушди сармоягузорӣ, саноатӣ-технологӣ ва инноватсионии кишвар мебошад, ки бо назардошти таҷрибаи муваффақ ва амалияи ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни ифтитоҳи ҷаласаи имрӯза натиҷаҳои босамари Форуми чоруми сармоягузории Тошкандро, ки як рӯз қабл баргузор гардида буд, қайд намуда, ба ҳамаи аъзои Шӯро барои саҳмгузорӣ ва пуштибонӣ аз рушди Ӯзбекистони Нав изҳори миннатдорӣ кард.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҷаласаҳои қаблии Шӯро натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Аз ҷумла, гузариш ба шакли нави ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ таъмин гардид, низоми самараноки ҳамкорӣ ҷорӣ шуда, соҳаҳои шарикӣ ба таври назаррас густариш ёфтанд.
Аз ҷумла, соли гузашта Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба Ӯзбекистон маблағи рекордии тақрибан 1 миллиард доллар сармоягузорӣ намуд. Ӯзбекистон ба шарики бузургтарини ин бонк дар минтақа табдил ёфт.
Ҳамчунин, ҳамкориҳо байни ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва бахши хусусӣ низ тақвият ёфтанд. Ҳаҷми солонаи лоиҳаҳои муштарак бо ширкатҳо ва бонкҳои хусусӣ зиёда аз 1 миллиард долларро ташкил дод.
Ширкатҳое, ки дар кори Шӯрои имрӯза иштирок доранд, лоиҳаҳои навро дар соҳаҳои энергетикаи «сабз», коркарди партовҳо, захираи нерӯи барқ, истеҳсоли гидрогени «сабз» ва дигар самтҳо ба роҳ мондаанд.
Аз ҷумла, ширкатҳои ACWA Power, Masdar, Linde, Shanghai Renewable Energy ва Total Energies, ки беш аз 8 миллиард доллар сармоягузорӣ намудаанд, дар рушди иқтисодиёти «сабз» саҳми муҳим доранд.
Ба бахши технологияҳои рақамии Ӯзбекистон низ ширкатҳои маъруфи байналмилалӣ ворид шуда истодаанд. Ширкати DataVolt лоиҳаҳоро оид ба таъсиси бузургтарин маркази иттилоотии «сабз» дар минтақа амалӣ мекунад, ширкати Veon лоиҳаҳоро оид ба таҳияи барномаи мобилии ҳамаҷониба дар пойгоҳи зеҳни сунъӣ роҳандозӣ намудааст.
– Инро ҳамчун далели равшани эътимоди баланди сармоягузорони хориҷӣ ба ислоҳоти мо ва сиёсати кушода мешуморам, – таъкид намуд Президент.
Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, ширкатҳои Ernst & Young, Dentons, Knauf ва TBC, ки узви Шӯро мебошанд, барои такмили минбаъдаи қонунгузории миллӣ бо такя ба стандартҳои байналмилалӣ як қатор пешниҳодҳо ироа намуданд. Идеяҳо ва ташаббусҳои навини онҳо дар беш аз 10 қонун, фармон ва қарорҳо инъикос ёфтаанд.
Сарвари давлат эълон намуд, ки то соли 2028 ставкаҳои асосии андоз барои соҳибкорон тағйир нахоҳанд ёфт.
Умуман, дар натиҷаи беҳтар гардидани муҳити сармоягузорӣ, дар давоми ду соли охир дар Ӯзбекистон 5,5 ҳазор корхонаи нави дорои сармояи хориҷӣ таъсис ёфта, шумораи умумии чунин корхонаҳо ба 16 ҳазор расид.
Зикр гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи имрӯза беш аз 40 ташаббуси шарикони хориҷӣ интихоб карда шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби сармоягузорон пешниҳодҳо доир ба таъмини устувории қонунгузории андоз, афзоиши шумораи қонунҳои мустақими амалкунанда ва васеъ кардани иштироки бахши хусусӣ дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ ироа гардиданд.
Имсол лоиҳаҳои шарикӣ байни давлат ва бахши хусусӣ ба маблағи тақрибан 4,5 миллиард доллар дар соҳаҳои сохтмони роҳҳо, нақлиёт, энергетика, таъминоти об, обёрӣ ва дигар самтҳо ба роҳ монда шуданд. Ҳамзамон, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ идома дорад.
Дар асоси пешниҳодҳои воридгардида гурӯҳҳои кории иловагӣ барои такмили қонунгузорӣ дар бораи гарав, омода кардани мутахассисони баландихтисос барои ширкатҳои хориҷӣ, беҳтарсозии идоракунии корпоративӣ дар ширкатҳои маҳаллӣ ва маъмурияти андоз таъсис дода мешаванд.
Пешниҳод шуд, ки мустақилияти Котиботи Шӯроро баланд бардошта, ба шахси ҳуқуқии мустақил табдил дода шавад.
Аъзои Шӯро нутқ эрод намуда, натиҷаҳои барномаи ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистони Навро баланд арзёбӣ карданд. Онҳо ба Сарвари давлати мо барои пуштибонии ҳамаҷонибаи фаъолияти сармоягузорӣ ва иродаи қавӣ барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ карданд.
Ба Ҳукумат супориш дода шуд, ки ҳамаи ташаббусҳоро муфассал баррасӣ намуда, татбиқи амалиашонро зери назорати қатъӣ гирад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки барои ҳар як лоиҳа “харитаи роҳ”-и алоҳида таҳия карда шавад.