Тобистон – айёми дилнишину гуворои бачагон аст. Зеро таътили тобистона оғоз ёфта, бо фароғат истироҳат кардан ва бо аҳли оила ва ё дӯстон ба сайру саёҳат баромадан мумкин мебошад.
Чанде пеш бо иштироки ходимони таълими халқ ҷамъомади видеоселекторӣ аз ҷониби Президент баргузор гардид, ки масъалаи истироҳати мактаббачагон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо супориши сарвари давлатамон «90 рӯзи зарбдор» эълон шуд, ки мақсади асосӣ босамар ва фоидабахш гузаштани таътили тобистона аст.
Албатта як қисми толибилмон дар истироҳатгоҳи берун аз шаҳр ва маҳфили ҳаваскорони санъати бадеӣ ва варзиш машғул мешаванд, вале на ҳамаи волидон имконияти пардохти музди роҳхат ба истироҳатгоҳи пулакӣ ва назди репетитор фиристодани фарзандону наберагон доранд.
– Ана барои ҳамин дар назди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ лагерҳои истироҳатӣ ташкил дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки таътили тобистона хушу пурсамарона гузарад, – барафзуд мудири шуъбаи садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд Акмал Олимов, – дар соли равон аллакай дар 57 мактаб истироҳатгоҳи тобистона таъсис ёфта, масъулони соҳа таъин гардиданд. Дар онҳо ҳатман маҳфилҳои «Китобхони ҷавон», «Программисти ҷавон» ва ғайра ташкил шудаанд. Инчунин гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, шаби адабӣ, тақдимоти асарҳои бадеӣ, барномаҳои консертӣ пешбинӣ шудааст. Дар мактабҳои вилоят 1268 маҳфили гуногун ташкил ёфт, ки ба он 152 ҳазор нафар хонанда ҷалб шудаанд. Инчунин дар 17 мактаби «Баркамол авлод « 1363 маҳфили гуногун таъсис ёфта, 43 ҳазору 86 нафар аъзо аз рӯйхат гузаштаанд.
Имрӯзҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рақами 5, 7, 9, 55, 62, 64, 67, 81 ва ғайра дар асоси талаботу супориши сарвари давлатамон «90 рӯзи зарбдор» тадбирҳои судбахш амалӣ гардид, ки лоиқи таҳсину ситоиш аст.
– Дар як баст то 100 нафар писаракону духтаракон ба истироҳатгоҳи назди мактаб ҷамъ омада, дар маҳфили ҳаваскорони бадеӣ, касбомӯзӣ, варзишӣ истеъдоди худро сайқал медиҳанд, – гуфт сарвари таълимгоҳи рақами 9-уми шаҳри Самарқанд Дилбар Мавлонова, – кӯшиш мекунем, ки бачаҳо дилгир нашуда, вақти худро пурсамарона истифода баранд. Муҳимаш тамоми хизматрасонӣ ройгон аст.
Дар омади гап бояд таъкид намуд, ки собиқ талабаи мо Бахтиёр Фозилов – тадбиркори номдори Самарқанд, роҳбари ширкат буда, барои ривоҷу равнақи мактабамон бисёр корҳои фоидабахши савобро карда истодааст. Маҳз бо ташаббуси вай чанд бинои иловагӣ қад афрохта, ашёҳои аёнии синфҳо пурра ҷиҳозонида шуд.
Боиси хушнудист, ки аз бисёр будани маҳфилҳои гуногун бачаҳо бо завқу шавқ вақтгузаронӣ мекунанд.
– Умуман, дар таътили тобистонаи «90 рӯзи зарбдор» 210 ҳазору 651 нафар хонанда фаъол иштирок намуда, таътилро дилнишину гуворо мегузаронанд, – хулоса намуд Акмал Олимов.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.