Бо супориши падари якравам модарам он либосҳоро ба дӯкон баргардонда буд. Баъди ҳамон модарам барои деҳа либоси алоҳида мехарид ё ин ки медӯзонд. Модаркалонам дӯзанда буд, барои духтарнабераҳои шаҳриаш куртаю эзор медӯхт.
Имрӯз ба ҳавлии падарӣ ба меҳмонӣ меравам. Ҳавлии падар чун оҳанрабоест маро ба худ мекашад. Модари меҳрубонам машғули коре бошад ҳам, корашро як сӯ гузошта бо хурсандӣ ба пешвозам мебарояд. «Биё, духтарҷон, туро пазмон шудам» мегӯяд. Ба сурати дар девор овезони падари раҳматиам чашм медӯзам. Падарам низ «Духтарам омадӣ? Аз ҳоли модарат зуд-зуд хабар гир» мегӯяд гӯё...
Субҳ хеста корҳои хонаро зуд-зуд анҷом додам. Ҳавлӣ рӯфтам, ошхонаро саранҷом карда, ба хушдоману падарарӯсам хӯрок омода кардам. Ба хонаи хоб даромада, ҷевони либосҳоямро аз назар гузарондам. Кадом куртаамро пӯшам, кадоме ба модарам маъқул меафтад? Бо ҳамин андеша кофтаю шими ба қарибӣ харидаамро ба даст гирифтам. «Модарам ҳоло инро надидааст, албатта ба ӯ мефорад» аз дил гузарондам. Ва беихтиёр воқеае, ки дар хурдсолӣ дар ҳавлии падарӣ рӯй дода буд, пеши назар овардам...
Падарам (охираташ обод бод) ба либоспӯшии мо – духтарон эътибори ҷиддӣ медод. Рӯзе вақте маош гирифт, як миқдори онро ба модарам дода гуфт:
– Ба дӯкон барою ба духтарҳо либос хар. Таътили тобистона ҳам наздик шуда истодааст. Онҳоро ба деҳа, назди бобою момояш мефиристем. Куртаю пойҷомаи тоҷикона, ба шароити деҳа муносибро харид кун. Боз ҳамдеҳагон нагӯянд, ки духтарони фалонӣ «шаҳрӣ» шудаанд.
Чор хоҳар бо модарам дӯконҳоро давр задем. Дер боз мехостам чун дугонаҳои шаҳриам либос пӯшам. Модарам низ ҳамон рӯз раъйи ману хоҳаронамро нагардонд, либоси худамон хостаро харид. Аз бозор бо табъи болида ба хона баргаштем.
Бегоҳӣ падарам аз кор омад. Баъди тановули таом ва каме дам гирифтан ба мо нигоҳ карда гуфт:
– Хӯш, духтарҳо, либосҳои наватонро пӯшида бароед-чӣ, бинам?
Чор хоҳар куртаҳои нав харидаамонро пӯшида назди падар «саф» оростем. Падарам як-як ба мо нигоҳ карду «муборак шавад, хеле зебидааст» гуфт ва ба модарам ишораи ба хонаи дигар гузаштанро кард. Аз хонаи дарун садои падарам баланд шуд:
– Ту пӯшокхариро ҳам намедонӣ, дӯхтудӯз тамоман аз дастат намеояд, ақаллан хубтарашро нахаридаӣ, куртаҳо кӯтоҳ, танг. Намехоҳам ҳамдеҳагон аз тарбияи духтарони ман норизо шаванд. Инҳоро ба дӯкон баргардон!
– Додош, дар дӯконҳо ҳамаи либосҳо ҳамин хел намуди урупоӣ доранд. Охир, духтарон ҳам чун ҳамсиннону дугонаҳои худ пӯшидан мехоҳанд.
Бо супориши падари якравам модарам он либосҳоро ба дӯкон баргардонда буд. Баъди ҳамон модарам барои деҳа либоси алоҳида мехарид ё ин ки медӯзонд. Модаркалонам дӯзанда буд, барои духтарнабераҳои шаҳриаш куртаю эзор медӯхт.
Ҳоло дар шаҳр зиндагӣ мекунам, мувофиқи урф, ба гуфтаи падарам чун «шаҳриён» либос мепӯшам.
Кофтаю шими навамро пӯшида, роҳи ҳавлии падарро пеш гирифтам. Ману писарчаамро дар дами дарвоза модарам бо чеҳраи хандон пешвоз гирифт. Як-як ба оғӯш кашида, бо табассум «либосат хеле зебидааст» гуфт. «Хайрият» – гуфтам дар дилам ва хотирҷамъ ба ҳавлӣ даромадем.
Дар хонаи падар гӯё вақт зуд мегузарад. Соатҳои ба назди шавҳар рафтан фаро расид. Модарам набераашро бӯсида «калон шав, боодоб шав» гуфта дуо кард ва маро низ ба бағал гирифта, оҳиста гуфт: «Духтарам, либосат тангтар будааст, назди хушдоману падарарӯсат ин хел нагард. Хушдӯхту зебанда либоси миллии худамонро пӯш. «Ҷома ба андозаи қомат хуш аст».
Ин ҳарфҳои модарҷонам, ки бо навозиш, бе ягон ғараз мефаҳмонд, бароям сабақи зиндагӣ гардид.
Фариштаи Ғоибназар.