ҒАЛЛАКОРОН ДАР 4876 ГЕКТАР МАЙДОН ҒАЛЛА ПАРВАРИШ КАРДАНД

Мутахассисони соҳаи аграрии вилояти Намангон, ходимони шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва нурониён дар яке аз пешқадамтарин хоҷагии фермерии ноҳияи Тӯрақӯрғон вохӯрданд. Ба муносибати мавсими дарави ғалла дар хоҷагии фермерии «Турсунбой Комилов» семинар-омӯзиши фермерон баргузор гардид.

Соли ҷорӣ ғаллакорони ноҳия дар 4876 гектар майдон ҳосили ғалларо парвариш намуданд. Онҳо нақша доранд, ки аз ҳар як гектар 91 сентнерӣ, ҷамъ 44660 тонна ҳосил гиранд. Барои ин 19 комбайни замонавӣ ва техникаҳои зарурӣ омода карда шудааст. 

Пеш аз оғози дарав иштирокчиён аз рафти тайёрии ҳосилғундории хоҷагии фермерӣ дидан карданд. Дар ҷараёни шиносшавӣ таҷрибаи бойи деҳқонони хоҷагии мазкурро азхуд намуданд.

Мутахассисон таъкид намуданд, ки таҷрибаи хоҷагӣ ҳамчун намуна дар дигар ҷойҳо низ оммавӣ гардонида шавад.

Дар машғулотҳои семинар ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов низ иштирок намуда, дар бораи муҳофизати маҳсулот ва технологияи замонавӣ маслиҳат ва тавсияҳо дод.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: