Ёвари Президент таъкид кард, ки рушди Қароқалпоқистон ва таҳкими иқтисодиёти мамлакат, инчунин, беҳсозии сифати зисти ҳар як инсоне, ки дар минтақаи вазнин ва бениҳоят бетакрор умр ба сар мебарад, яке аз ҳадафҳои афзалиятноки мамлакат ба шумор меравад.
Саида Мирзиёева дар сессияи имрӯза дар чаҳорчӯби IV Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд таъкид кард, ки тайи як соли охир мо музокироти зиёде анҷом дода, барномаҳои мушаххасро роҳандозӣ кардем ва барои иҷрои онҳо маблағи зарурӣ ҷудо кардем.
Дар ҳамкорӣ бо ширкати “Boston Consulting Group” мо стратегияи дарозмуддати рушди Қорақалпоғистонро то соли 2035 таҳия кардем. Сармоягузорӣ дар Қароқалпоғистон бояд ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад, соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ кунад ва ояндаи ҷавононро боз ҳам беҳтар созад. "Ман сармоягузоронро даъват менамоям, ки ба минтақа сафар кунанд, иқтидори бузурги ҷумҳуриро бо чашми худ бубинанд ва доираи имкониятҳои васеъро арзёбӣ намоянд", - навиштааст ёвари Президент дар канали телеграмии худ.