ҶАШНВОРАИ «АБРЕШИМ ВА ЗИРАВОР» БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Бухоро ҷашнвораи анъанавии XXI «Абрешим ва зиравор» ба амал омад. Дар он намояндагони Кӯмитаи сайёҳӣ, ҳокимияти вилоят, созмонҳои ваколатдори давлатҳои хориҷӣ дар мамлакатамон, расонаҳои ахбори оммавии хориҷию маҳаллӣ ва аҳолии таҳҷоӣ иштирок карданд.

Баъди композитсияи таърихӣ иштироккунандагони чорабинӣ чун анъана зери садои мутантани карнаю сурнай аз майдони «Арк» сӯйи «Лаби ҳавз» – мадрасаи Нодир Девонбегӣ ба ҳаракат даромаданд. Шаҳри кӯҳнаи Бухоро, ки бо ороишоти идона дучанд зеботар шудааст, ба дилу дидаҳо фараҳ мебахшад.

Маросими кушодашавии ҷашнвора соати 9 дар маҷмӯи «Лаби ҳавз» сурат гирифт. Ҷонишини ҳокими вилоят Ботирҷон Шаҳриёров ва ҳокими шаҳри Бухоро Қурбон Турсунов иштироккунандагони тадбир ва ҳамдиёронро бо иди Қурбон ва фестивали анъанавии «Абрешим ва зиравор» муборакбод намуданд.

Сипас мувофиқи барнома дар маркази ахбор ва китобхонаи вилоятии ба номи Абӯалӣ ибни Сино анҷумани матбуот ва суҳбати «мизи мудаввар», баромади дастаҳои ҳунарии фолклорӣ, намоиши «мастер-класс» оид ба намудҳои ҳунар, намоиш ва савдои маҳсулоти абрешим ва ҳунармандии миллӣ, инчунин зиравор, инфомашварат таҳти унвони «Роҳи бонувон: асрори абрешим ва зиравор» дар мадрасаи «Истеъза», бозиҳои миллӣ ва варзишӣ дар майдони шарқии «Арк» баргузор шуданд. 7 июн намоиши мӯдҳои махсус бо иштироки тарроҳони маҳаллию хориҷӣ таҳти унвони «Silk & Spiceg Fashion days» дар майдони шарқии «Арк», намоиши галереяи миллии санъати тасвирӣ ва амалӣ дар майдони назди «Осорхонаи санъати Бухоро», намоиш ва савдои маҳсулоти абрешим ва ҳунармандии миллӣ, инчунин зиравор, баромадҳои ҷамоаҳои фолклорӣ, бозиҳои миллию варзишӣ дар самти «Арк», «Сайри оши палав», озмуни хӯрокҳои миллӣ дар ҳудуди мадрасаи «Чорманор» баргузор гардид.

8 июн баъди идомаи тадбирҳо дар доираи барномаи ҷашнвора дар майдони «Арк» маросими пӯшидашавии фестивал, гала-консерт ба амал омад. Дар он ҳокими вилоят Ботир Зарифов иштирокдорони тадбир ва меҳмонони онро ба Бухорои шариф хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки солҳои охир дар Бухоро чун дар тамоми мамлакат таҳти роҳбарии Президент Ш. Мирзиёев воқеаҳои таърихӣ рӯй медиҳанд. Дар ин ҷо барои рушд ёфтани сайёҳӣ чораю тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Обрӯю эътибори Бухоро дар миқёси байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд.

Дар қатори Қоҳира, Бамако чун пойтахти маданияти олами ислом эътироф гардидани Бухоро, соҳиби мақоми «Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон» шудани он, қабул гардидани баённомаи Бухоро бобати кушодадилии динӣ ва дӯстии байни халқҳо ва ғайра инро собит месозанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ ва маросими ҷамъбасти он ғолибони озмун ҳавасманд карда   шуданд. Дар консерти хотимавӣ устодони санъати ҷумҳуриявию вилоятӣ, овозхонҳои шинохта ҳунарнамоӣ карданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҷашнвораи имсола аз мамлакатҳои хориҷӣ анқариб 100 нафар ҳунармандони пуртаҷриба, аз ҳудудҳои мамлакатамон зиёда аз 1,5 ҳазор устодони касби худ – ҳунармандони гулдаст ва тайёркунандагони зиравор иштирок карданд.

Тӯли 3 рӯз аз 70 мамлакати ҷаҳон беш аз 20 ҳазор сайёҳ, аз гӯшаву канори диёрамон бошад, қариб ним миллион нафар ҳамватанон ба Бухорои бостонӣ ташриф оварданд. Иди дӯстию ҳунармандӣ – ҷашнвораи «Абрешим ва зиравор»-и имсола чун воқеаи фаромӯшнопазир дар дилу дидаҳо боқӣ хоҳад монд.

А. АВЕЗОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: