Солҳои охир баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хидматрасонии иҷтимоӣ ба онҳо, таъмин бо манзил, таълими босифат, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дастрасӣ ба ёрии босифати тиббӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Дар даври сипаришуда оид ба ин соҳа як қатор қонун, фармон ва қарорҳо имзо гардида, ба низоми ягонаи миллии ҳифзи иҷтимоӣ, ки ба маънои воқеӣ ба қадри инсон арҷ мегузорад, асос гузошта шуд. Маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷаи давлат барои соҳаи иҷтимоӣ ҷудо мегарданд, бамаротиб афзуданд.
Дар таҳрири нави Конститутсия Ӯзбекистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муайян гардида, дар он аз хароҷоти минималии истеъмолии расман муқарраршуда кам нагардидани миқдори нафақа, кумакпулӣ ва дигар навъҳои кумаки иҷтимоӣ, ки қонун муқаррар кардааст, инъикоси худро ёфтааст.
Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар асоси Фармони сарвари давлат «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ оид ба хидмати босифати иҷтимоӣ ва кумакрасонӣ ба аҳолӣ, инчунин, роҳандозии низоми назорати самарабахши онҳо» таъсис ёфт, ба эҳёи арзишҳои қадимаи хоси халқи мо такони нав бахшид.
Дар низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ислоҳоти густурда амалӣ гардида, дар тамоми минтақаҳо марказҳои «Инсон» кушода шуданд, ҳоло аз ҷониби кормандони иҷтимоӣ ба аҳолӣ беш аз 100 намуди хидматҳои иҷтимоӣ бевосита дар маҳаллаҳо расонида мешавад, ки ин ҳама боварии мардумро ба давлат, ислоҳоте, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд ва ба оянда боз ҳам афзунтар менамояд.
Таъсиси низоми комилан наву хосаи ҳаллу фасли одилонаи мушкилоти иҷтимоӣ, ҷорӣ кардани «дафтари оҳанин», «дафтари занона», «дафтари ҷавонон», усулҳои корбарии «маҳаллабайъ» ва «хонадонбайъ» имрӯз барои ҳалли муассири ин масъалаҳо такони ҷиддӣ мебахшанд.
Мо дар ҳафтаи охири ҳар моҳ бо мақсади ташкили мулоқоти кушод бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронем, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои онҳоро мешунавем. Хурсандибахш аст, ки имрӯз ҳамватанони мо дар атрофи ғояи наҷиби «Барои қадри инсон» ба ҳам омада, ислоҳоти васеъ ва босуръатро, ки дар роҳи ҳадафи олӣ – бунёди Ӯзбекистони Нави демократӣ ва озод устуворона амалӣ мегарданд, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Фармони Сарвари давлат аз 3 июни соли равон «Дар бораи баланд бардоштани миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо» пеш аз ҳама барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва ҳалли одилонаи мушкилоти иҷтимоӣ нигаронида шуда, ифодаи амалии таваҷҷуҳи зиёд ва ғамхорӣ ба шаҳрвандон мебошад.
Аз ин рӯ, бар асоси ин ҳуҷҷат аз 1 июли соли ҷорӣ миқдори нафақа ва кумакпулиҳо, инчунин, ҳаҷми нафақаи бачагонаи оилаҳои камтаъмин ва пардохти ёрии моддӣ 10 фоиз зиёд мешавад. Бояд гуфт, ки ин навид табъи дили аксар ҳамватанони мо гардида, онҳоро рӯҳбаланд кард.
Аз 1 августи соли 2025 ба 10 фоиз афзудани миқдори музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ ва стипендияҳо низ рӯҳияи мардумро боло бурда, боварии онҳоро ба фардо боз ҳам мустаҳкам намуд. Агар гӯем, ки ин навид дар остонаи иди меҳру муҳаббату айёми саховат барои ҳамватанони мо беҳтарин туҳфа гардид, хато нахоҳем кард.
Албатта, ин саъю кӯшиш на танҳо барои таъмини афзудани даромади аҳолии мамлакат, балки барои фаровонии рӯзгори хонаводаҳо низ мусоидат менамояд. Муҳимтар аз ҳама, фаровонии оилаҳо барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум замина фароҳам меорад. Метавон гуфт, ки ҳуҷҷати мазкур ба маънои аслӣ ифодаи амиқи эътибор ва ғамхории бузург ба инсон дар Ӯзбекистони Нав гардид.
Воқеан, сиёсати инсонпарварона, ки дар мамлакат татбиқ мегардад, ба ҳаёти мардум мазмуни нав мебахшад. Корҳо дар роҳи амалӣ кардани хоҳиш ва орзуву умедҳои мардум, таъмини ҳар як инсон бо манбаи кафолатноки даромад, коҳиши камбизоатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд, бешубҳа, боз ҳам такмил меёбанд. Зеро, сиёсати одилонаи иҷтимоӣ – меъёри асосии таъмини манфиатҳои инсон мебошад.
Севара УБАЙДУЛЛОЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.