Дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Парижи Фаронса таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» ба бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ конфронс, намоиши байналмилалӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар конфронс, ки бо мақсади омӯзиши амиқи осори беназири Ҳофизи Шерозӣ ва эътирофи арзиши воқеии саҳми ин абармарди сухану адаб дар тамаддуни башарӣ доир гардид, намонядагони адабиёту фарҳанги Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Нотиқон дар мавзуъҳои «Ҳофизи Шерозӣ – шоир, файласуф ва ориф», «Зарурати шинохти осори адабии Ҳофиз», «Ҳофиз ва таъсири эҷодиёти ӯ бар фарҳангҳои ҷаҳонӣ», «Ҷойгоҳи инсони озодманиш дар ашъори Ҳофиз», «Арзишҳои инсондӯстӣ, сулҳофаринӣ ва таҳаммулпазирӣ дар эҷодиёти Ҳофиз», «Тараннуми дӯстӣ дар ашъори Ҳофиз», «Ниёзҳои ҷаҳони имрӯз ба дарки андешаҳои Ҳофиз», «Вижагиҳои мумтози ашъори Ҳофиз аз назари мунаққидони адабӣ ва фалсафӣ» ва «Панди Ҳофиз- ҳидоятгари инсонҳо ба сӯи камолоти маънавӣ» баромад карданд.
Дар ифтитоҳи расмии намоиш вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Брито роҷеъ ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули тоҷику форс ҳарф заданд.
Дар намоиш нусхаҳои дастнавис, китобҳои чопи сангии «Девон»-и Хоҷа Ҳофиз Шерозӣ, мусаввараҳои шоир, ки аҳамияти бузурги илмӣ ва таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардиданд.
Инчунин намунаҳои ҳунари хушнависӣ ва асарҳои санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигори тоҷик Олимҷон Комилзода дар асоси ғазалиёти Ҳофиз тасвир гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар доираи барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли рақсии «Гулрез» ва ҳамовозии Оркести ҳунарии Париж суруду таронаҳо аз эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ иҷро гардиданд. Меҳмонон ва иштирокдорон сурудҳои дилкаш ва оҳангҳои ҷаззобро хуш истиқбол намуданд.
Ёдовар мекунем, ки шоир ва мутафаккири бузург Хоҷа Шамсуддин Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст, ки дар сархати соҳибдевонҳои машҳуру мондагори адабиёт қарор дорад.
Осори Ҳофиз ба қатори дастовардҳои тамаддуни дунё дохил шуда, ӯ ҳамчун яке аз бузургтарин шоири лирики беназир дар тамоми Шарқу Ғарб эътироф мегардад.
Шоирон ва мутафаккирони Аврупо низ ашъору афкори Ҳофизро тақлид намуда, аз ашъори дилнишини ӯ баҳра бурдаанд. Бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ- шоири немиси асри XIX Гёте андешаҳои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илҳомбахш пас аз ошноӣ бо эҷодиёти Ҳофиз чунин навиштааст: «Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғоз ва анҷом нест. Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавҷи дигар берун метаровад».
Мухбири худамон.