Дар мамлакатамон бобати боз ҳам равнақ додани варзиш, солим ва ҷисмонан бақувват ба воя расондани авлоди ҷавон корҳо муттасил пеш бурда мешаванд.
13 феврали соли равон дар ҷамъомади видеоселекторӣ таҳти раёсати Президентамон Шавкат Мирзиёев низ оиди омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ, айни замон рушди оммавии варзиш вазифаҳо муайян шуданд. Бо ин мақсад мактаби маҳорати футболи Намангон пурра аз таъмир баромад ва қиёфаи замонавӣ гирифт.
Ин маҷмӯи варзишӣ дар доираи Ҷашнвораи байналхалқии гулҳо ба таври тантанавӣ ба истифода супурда шуд.
Барои ин лоиҳа аз буҷаи маҳаллӣ бештар аз 7 миллиард сӯм ҷудо гашт. Дар ин ҷо ба зиёда аз 600 нафар тарбиягирандагон 36 нафар мураббӣ асрори бозии футболро меомӯзонанд.
Суратгир: Ҳ. Мамадалиев (ӮзА).