Дар ин рӯзҳо як қатор расонаҳои мустақил дар робита бо таҳқири шаъну шарафи шаҳрвандони Ӯзбекистон дар қаламрави Русия мақолаҳо интишор намудаанд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Аҳрор Бурҳонов дар суҳбат бо мухбири “Овози тоҷик” тасдиқ намуд, ки зуҳури чунин ҳодисаву ҳолатҳо ҷой доранд.
– Вазорат дар бораи тафтиши беиҷозат, беэҳтиромӣ, паст задани шаъну шараф ва муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони кишварамон дар қаламрави Русия изҳори нигаронӣ мекунад. Барои ҳамин вазорат таваҷҷуҳро ба он ҷалб кардааст, ки ин гуна ҳолатҳо ба муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар комилан мувофиқат намекунанд ва барои пешгирии он пиёда намудани чораҳои мушаххас заруранд, –гуфт Аҳрор Бурҳонов.
Ба гуфтаи ӯ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони худро, ки дар хориҷа муқим ва муваққатан қарор доранд, вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Ин ба он далел аст, ки 8 июни соли равон дар шаҳри Маскав маъмурони пулис дар яке аз хобгоҳҳои марбути яке аз иншооти Вазорати дифоъ, воқеъ дар ноҳияи Строгино, ки он ҷо муҳоҷирони кории ӯзбекистонӣ иқомат мекунанд, як рейди ногаҳонӣ анҷом додаанд.
– Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, маъмурони интизомии Русия дағалона рафтор кардаанд: мардонро аз утоқҳояшон берун ронда, онҳоеро, ки оҳиста ҳаракат кардаанд, бо лагадкӯб ва тарсакӣ иҷборан аз хобгоҳ хориҷ намудаанд. Дар наворе ҳамчунин таҳқиру дашном нисбат ба муҳоҷирони корӣ акс карда шудааст, – мегӯяд Аҳрор Бурҳонов.
Маълум шуд, ки дар шаҳри Маскав нерӯҳои интизомии рус алайҳи муҳоҷирон аз шеваи зӯроварӣ истифода кардаанд. Оҷонсии муҳоҷирати Ӯзбекистон низ ин мавзӯъро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Бино ба ин манбаъ низ рӯзи 8 июн дар ҷараёни рейдҳои мақомоти интизомии Русия дар шаҳри Маскав муҳоҷирон ба таҳқир ва зӯроварии ҷисмонии кормандони пулис дучор гардидаанд.
Гуфта мешавад, қаблан дар пайи як рейд дар шаҳри Санкт-Петербург ҳудуди 200 нафар муҳоҷир маҷбур шудаанд, ки шабро дар кӯча гузаронанд. Сафорати Ӯзбекистон дар Маскав низ дар ин замина бо ҷониби Русия тавассути роҳҳои дипломатии дахлдор гуфтушунид анҷом додааст ва ҷиҳати ҷилавгирии чунин ҳолатҳои ногувор чораҳои мушаххас пиёда намудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз ҷониби худ аз мақомоти Русия даъват намудааст, ки барои тамоми шаҳрвандон риояи қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарро таъмин кунад. "Мо аз сохторҳои дахлдори Федератсияи Русия даъват мекунем, ки ба шаҳрвандони Ӯзбекистон эҳтиромона муносибат кунанд ва шаъну шарафи онҳоро паст назананд", – омадааст дар як изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ.
Дар ин миён боз вазорат хабар дод, ки сафорати Ӯзбекистон дар Русия дар робита ба вазъ дар Маскав ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристода, хостори шарҳи он ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба амалкарди мақомоти интизомиаш шудааст. Дар ин нота таъкид ёфтааст, вазъияте, ки ба амал омадааст, ошкоро поймол кардани ҳуқуқи инсонро нишон медиҳад, ки ин ҳаргиз кобили кабул нест.
Тавре ки сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон таъкид варзид, ин масъала таҳти назорати доимии онҳо қарор гирифтааст ва дар ҳолати зарурӣ эҳтимоли андешидани чораҳои иловагӣ низ вуҷуд дорад.
Ногуфта намонад, ки қаблан ҷониби Ӯзбекистон дар мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тошканд Олег Малгинов масъалаи афзоиши ҳолатҳои дағалона, вайрон кардани ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар кишвари ӯро матраҳ кардааст. Малгинов иброз доштааст, ки муҳтавои ин мулоқотро ба мақомоти кишвараш мерасонад, то ки барои такрор нашудани чунин ҳолатҳои ногувор чораҳои таъҷилӣ андешанд.
– Ҳолатҳои беҳурматӣ ва таҳқири мо, муҳоҷирони корӣ, аз тарафи кормандони пулиси Русия ҳодисаи нав нест. Баъзан онҳо нисбати мо аз шеваи тунду дағалона кор мегиранд ва бо вуҷуди мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, истинтоқу пурсишҳои беҳударо давом медиҳанд ва вақтамонро мегиранд. Касе ҳақ надорад, ки алайҳи чунин муносибат эътироз баён кунад. Аз вокуниши расмии мақомоти кишварамон сарам ба осмон расид. Зеро ҳақиқати ҳол аз ҳамин иборат аст, ки дар баъзе ҳолатҳо моро ба ҷои инсон намешуморанд ва таҳқиру беҳурматамон мекунанд, – мегӯяд яке аз ҳамсуҳбатони мо, ки худро Илҳомҷон Фаёзов муаррифӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ дар яке аз сохтумонҳо кор мекард ва ногаҳон устухони пояш сахт захм бардошт. Вақте ки ҳамкоронаш ӯро ба шифохона оварданд, касе аз пизишкон ба муолиҷаи вай машғул нашуд. Ин то замоне давом кард, ки ҳамкорон сад ҳазор рубли русиро ба хазинаи шифохона насупурданд. Сонӣ ба вай мулозимат сурат гирифт ва мавриди муолиҷа қарор гирифт.
Ҳоло Оҷонсии муҳоҷирати Ӯзбекистон барои аз роҳи қонунӣ ба кор фиристодани шаҳрвандони кишварамон шуғл меварзад ва аз ин роҳ ҳазорҳо нафар дар мамолики гуногун рафта кор мекунанд. Вале аз суҳбат бо муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ бармеояд, ки аз роҳи қонунӣ ба кор ҷалб шудани онҳо кори содаву осон нест.
– Ҳарчанд ба рақами телефонҳое, ки ин оҷонсӣ эълон кардааст, занг мезанем, касе гӯширо намебардорад ва ба саволҳои мо ҷавоб намедиҳад. Умуман мулоқот бо кормандони ин ниҳод ҳанӯз бароям муяссар нашудааст. Он ҷо шаҳрвандони хеле зиёд дар навбат истодаанд ва маълум нест, ки кай барои дигарон навбат фаро мерасаду онҳо ба ягон кишвари дуру наздик ба кор фиристода мешаванд. Ин ба як муаммои сарбаста мубаддал шудааст, – мегӯяд сокини шаҳри Фарғона Умед Мирзоев.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.