Садои баланди «Диламба зан бобо», ки ба дил фишор меовард, дару девори толорро гӯё мекафонд. Саҳна аз раққосаву раққосҳо пур буд. Пиру ҷавон, зану духтар дастафшону пойкӯбон, китфу синаларзон мерақсанд.
Шом мерасид. Дар атрофи даромадгоҳи тарабхонаи бошукӯҳ меҳмонони бисёр ҷамъ омада, бо хешу табори худ, гурӯҳ-гурӯҳ мунтазири арӯсу домод буданд. Ман дар курсии зери арчаи ҳамешасабз менишастам.
– Гапҳои таъинкардаам аз ёдатон набурод! – аз он тарафи арча овози ҷавонзан ба гӯшам расид. – Агар рӯзи гузашта барин дӯлоб кунед, дигар ба тӯй намебиёрам.
– Монед келин, бачаҳоро ин қадар ҷанг накунед, – мегуфт зани дигар.
– Бийимулло, шумо ҳамеша тараф мегиред. Кай инҳо чаққон мешаванд? Як ҳафта пеш ба фотиҳатӯй бурдам. Пулпошӣ зӯр шуд, ҳама бачаҳо бо пулчинӣ машғул, ин гӯсолаҳо гаранг истодаанд. Ҷонам баромад. Вақти рақсу бозӣ бачаҳои дигар даррав аз дасти модарашон пула мегиранд. Чашми ман бачемро мекобад, ин гӯрсӯхтаҳо нестанд. Дар дастам беш аз дусад ҳазор сӯм ҷамъ шуд, раққоса гирифта рафт. Дилам як сӯхт...
– Садқаи сар ҳамон пул, тӯйро тамошо кунанд шуд.
– Ие, хароҷоти манро кӣ мебардорад? Ӯ, гарангҳо, пушт-пушти келину домод медароед. Чаққон-чаққон пулро чинед. Вақти усул Нозима пеши онетба, Мирзо, ту назди ман мебиёӣ. Агар ҳамин рӯз ҳам шарманда кунед, рӯзатонро сиёҳ мекунам.
– Шуд-е келинҷон, одамон шунаванд, чӣ мегӯянд?
– Гардед бийимулло, одамҳо ба ресторан даромайсен, бе ҷой намонем.
«Кӣ бошад ин, ба бачаҳояш шарт гузошт?» – ҳисси кунҷковиам афзуда нигоҳ кардам. Ҷавонзани сисола, зани миёнсол ва духтарчаи тахминан даҳсолаву писараки ҳаштсола ҷониби тарабхона мерафтанд.
Оғози ҷашн, меҳмонон бо даъвати баранда арӯсу домодро кафкӯбон пешвоз гирифтанд. Соҳибтӯён ба якдигар навбат надода, аз болои навхонадорон пулҳоро пош медоданд. Пул чун кабӯтарони навбол парафшон поён фаромада, болои сару китфи ҷӯраҳои домод, дугонаҳои келин, зери пой пош мешуданд. Кӯдакон бо часпу талош пулчинӣ мекарданд.
Вақте ки дар ресторани Маскав кор мекардам, борҳо дида будам, ки насрониҳо аз болои арӯсу домод арзану гандум ва ҳалво мепошиданд. Аз соҳибтӯён сабаби онро пурсида будам, арзану гандумро барои фаровонии рӯзгорашон, ҳалворо барои ширин шудани ҳаёти оилавиашон мепошанд, гуфта буданд.
Дар мо иззату икром, эҳтиром нисбат ба пуламон хуб нест. Ин манзараро дида, суханҳои ҷавонзан ба хотирам омад. Ба худ савол додам, ки «наход ҳамаи модарон фарзандонро бо чунин ният ба базм меоваранд?» Кафкӯбон маҳзун ба сӯмҳои паррон, ба духтаракону писарони пулчин нигоҳ мекунам. Дилам ба шӯр меояд, овози ботиниам фарёд мекашад: «Эй халқи баору номусам. Куҷо рафт нангу орат? Куҷо шуд шарму ҳаё? Аз кӯдакӣ фарзандонатро ғуломи симу зар мекунӣ. Муборизи сарвати дунёи гузарон. Бефарқ ба забони модарӣ, бефарқ ба каломи ниёгони оламафрӯз месозӣ...»
Мижгонам қадре тар гардид. Ҳампаҳлӯям маро аз олами андешаҳо берун овард. Ба он нозу неъмат, нуқлу навои рӯйи дастархон бо иштиҳои баста назар афкандам, ҳайфам омад. «Мо – бандагони шири хомхӯрдаро бубахш, Офаридгор!» гуфтаму болои кӯрдуди дилам ду-се қадаҳ шароб рехтам. Хостам хомӯш шавад, вале аланга гирифт.
Мутрибони ҳаваскор сурудҳои «паст»-ро бо овози баланд месуруданд, ки деворҳои толор ба ларза меомад:
Боҷа, ҳӯ, боҷа.
Биё, май менӯшем.
Май кай менӯшем.
Ё Аллоҳ! Ин бандагонатро, миллати моро кадом шайтони лаин гумроҳ кард?
Аз Маликушшуаро Устод Рӯдакӣ то имрӯз шоирони ширинзабону ширинкаломи мо шеъру ғазалҳои хубу равон эҷод кардаанд ва мекунанд. Вале ҳофизон адабиёту фарҳанги миллиро бо чанд ашӯлаи кӯчагӣ, назди мардуми олам берӯҳу хароб нишон медиҳанд. Дилам фарёд мекашад, ки «Эй ҳофизу сарояндагон, ҳангоми суҳбат бо ифтихор мо тоҷикем, ба адабиёти миллӣ эҳтиром дорем», мегӯед, аммо дар базм, дар тӯю маърака сурудҳои бемаъниро месароед».
Диламба зан бобо,
Ҷонамба зан бобо.
Будас набудас як бобои
Хурӯсбоз будас...
Садои баланди «Диламба зан бобо», ки ба дил фишор меовард, дару девори толорро гӯё мекафонд. Саҳна аз раққосаву раққосҳо пур буд. Пиру ҷавон, зану духтар дастафшону пойкӯбон, китфу синаларзон мерақсанд.
«Аз назди ману онет дур нарав!» – гуфтани ҷавонзан боз зери гӯшҳоям садо дод. Бо нигоҳам он ҷавонзану модаршӯяшро кофта ёфтам. Соҳибтӯй, хешовандон, ҷӯраҳои домод барои ҳурмат ба меҳмонон сӯмҳои ҳазорӣ, панҷҳазорӣ мечаспониданд. Модарону бибиҳо рақскунон пулро гирифта, ба фарзанду наберагон дароз мекарданд. Раққосаҳои уқобчангол аз давра ба давра гузашта, сӯм мечиданд. Беихтиёр ин байтҳои Абӯшакури Балхӣ ба сар зад:
Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон
Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.
Чу гардад калон боз натвонадаш,
Ки аз кажжию хам бигардонадаш.
Ҳақ бар ҷониби шоир аст. Тарбияи бад, диҳад рӯзе ғаму дард. Фарзанд вориси падару модар аст. Бояд дар хотир дошт, ки ҳар як рафтори оилавию ҷамъиятии волидон, таҳти назорати фарзандон мебошад. Фарзанд низ аз обрӯ, шуҳрат ва комёбиҳои падару модари хеш ифтихор мекунад. Агар рафтору кирдори волидон дағал, риёкорона бошад, самараи онро аз фарзандони худ хоҳанд дид.
Дилам фишор овард, аз ҳавои тарабхона бемадор шуд. Ба саҳни ҳавлии базмгоҳ баромадам.
Аз зинапоя ҳамон ҷавонзан бо модаршӯю бачаҳояш мефаромад. Ҷавонзан роҳравон пулҳоро ҳисоб карду қаноатмандона ба фарзандонаш бо меҳр нигарист. Сари писаракро навозиш карда:
– Офарин, 300 ҳазор кор кардетон, ҳафтаи оянда ба тӯйи тағобобо меравем, – гуфт.
Комил ҶӮРАЗОДА,
Самарқанд.