Дар вилояти Намангон 64-умин фестивали байналхалқии «Иди гул» давом дорад. Он ҳаводорони рамзи зебоӣ, муҳаббат, меҳр ва дӯстиро дар як ҷо ҷамъ кард.
Дар ҷашнвора на фақат аҳолии маҳаллӣ, балки меҳмонони хориҷӣ низ иштирок доранд. То имрӯз дар фестивал зиёда аз 6 миллион нафар дӯстдорони гул иштирок намуданд.
Дар доираи фестивал якчанд чорабинии маданиву маърифатӣ ташкил гардидааст.
Аз ҷумла, дар боғи маданият ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳи шаҳри Чуст «Фестивали ош» баргузор гардид. Дар баҳси ошпазҳо, аз тарафи ошпазони моҳири якчанд корхона ва ташкилот, муассисаву маҳаллаҳо дар 20 деги калон шоҳи таомҳо – ош пухта шуд.
Иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои «Ошпази моҳир», «Ҷавонтарин ошпаз», «Ошпази куҳансол», «Давомдиҳандаи сулолаи қадимтарин» ва «Ошпази моҳиртарини таоми миллӣ» ғолиб дониста, бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аброр Ҷӯраев ҳамчун хурдтарин ошпаз дар ин тадбир иштирок намуд. Ӯ аз бобояш Ҷӯрабой асрори ошпазиро омӯхтааст.
Таассуроти Малика Нааранги ҳиндустонӣ бошад, аз ҳар чӣ баланд:
– Ба Намангон барои тамошои «Иди гул» омадам, – мегӯяд меҳмон. – 10 рӯз аст, ки дар тадбирҳои гуногун иштирок дорам. Ҳамааш зебову дилнишин. Одамони гуногунмиллат, ки либосҳои миллӣ пӯшидаанд, ниҳоят бисёранд. Ин маънии онро дорад, ки дар кишваратон хотирҷамъӣ ҳукмфармост, ҳама шоду масрур ва кайфияти идона доранд.
Ташкилотчиёни чорабинӣ ошро ба оилаҳои камбизоат, ногироҳо ва оромгоҳҳои бачагона тақсим карданд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.