Дар китобхонаи ахбор-ресурси ба номи Пушкини шаҳри Самарқанд рӯнамоии китоби дуюми ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд», узви иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Тошқул Азимзода бо номи «Ҳикмати дидор», ки ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр шудааст, баргузор гардид.
Бо ҳамин муносибат дар толори китобхонаи мазкур аҳли фарҳангу адаб, санъаткорону мухлисони каломи бадеъ ҷамъ омаданд.
Ба чорабинӣ муҳаррири рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки дар Самарқанд эҷодкорони зуллисонайн хеле бисёранд ва онҳо анъанаҳои неки гузаштагонамонро дар сатҳу сифати баланд идома медиҳанд.
– Бо амри тақдир мо бо адиби номдори Самарқанд Тошқул Азимзода ҳамкору ҳамдил ҳастем, – иброз дошт сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд», доктори фанҳои фалсафа Баҳодури Раҳмон, – боиси хушнудист, ки чанде пеш ҳамкори мо Азимзода ба синни мубораки 75 расида, туҳфаи арзанда – китоби «Ҳикмати дидор»-ро пешкаши мухлисони каломи бадеъ намуданд.
Умед дорем, ки минбаъд низ адиб бо асарҳои тозанашри хеш аз дили хонандагон ҷой мегирад.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.