ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ — КИШВАРИ ДОРОИ ИМКОНИЯТҲОИ БУЗУРГ БАРОИ САРМОЯГУЗОРӢ

Дар ҷаҳони имрӯз, ки босуръат тағйир меёбад, барои ҳар як давлат суботи сиёсӣ, кушодагии иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Дар чунин давраи мураккаб ва масъулиятнок, баргузор гардидани Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд дар кишварамон на танҳо марҳилаи нави рушди Ӯзбекистон, балки афзудани нуфузи он дар арсаи байналмилалиро низ ба таври равшан нишон медиҳад. Ин ҳамоиш боз як бори дигар собит месозад, ки Ӯзбекистон кишвари боз, ҳуқуқбунёд ва шарики боэътимод аст, сиёсати хориҷии он барои сулҳ, рушди устувор ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ хидмат мекунад.

Бо ташаббуси Президенти кишвар чорумин маротиба баргузор шудани ин ҳамоиши бонуфуз бори дигар аз он далолат медиҳад, ки Ӯзбекистони Нав бо сиёсати худ, ки бар рушди устувор, ҳамкории баробарҳуқуқ ва гиромидошти қадри инсон асос ёфтааст, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хос касб мекунад.

Дар форуми имсола, қариб 3 ҳазор меҳмони хориҷӣ аз тақрибан 100 кишвар, созмонҳои бузурги тиҷоратӣ ва молиявӣ, сарони давлатҳо, аз ҷумла меҳмонони воломақом аз кишварҳои дӯсту ҳамсоя чун Булғория, Словакия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Туркманистон ширкат доштанд, ки ин ҳама шаҳодати эҳтиром ва эътимод ба Ӯзбекистон аст.

Масъалаҳои муҳим, ки Сарвари давлатамон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид карданд, паймон ба принсипҳои сулҳ, субот ва инсондӯстӣ, зарурати ёфтани роҳҳои муштараки ҳал барои мушкилоти глобалӣ — на танҳо барои минтақаи мо, балки барои ояндаи тамоми башарият аҳамияти ҳаётӣ доранд.

Мавқеи инсондӯстона ва созандаи Ӯзбекистон нисбат ба вазъияти мураккаби геосиёсии ҷаҳон, пойгаи мусаллаҳшавӣ, амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳо дар манотиқе чун Афғонистон ва Ғаззо — барои мо манбаи ифтихор ва масъулият аст.

Муҳимтарин ҷиҳати форум — расидан ба марҳилаи нав дар мавқеъгирӣ нисбат ба сармоягузорист. Имрӯз сармоя танҳо василаи даромади иқтисодӣ набуда, балки ҳамчун омили таъминкунандаи сулҳ, адолат ва арзиши инсонӣ арзёбӣ мегардад, ки ин як дастоварди сиёсиву фалсафии Ӯзбекистони Нав аст.

Дар кишварамон дар самтҳои афзалиятнок чун энергетикаи «сабз», иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, технологияҳои молиявӣ ва маъданҳои технологӣ ислоҳоти фарогир амалӣ мешаванд. Натиҷаҳои баланди рейтингҳои байналмилалӣ, ташкили сохторҳои мустақили молиявӣ — ҳамаи инҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мо, ҳамчун депутатҳои парлумон, бояд фаъолияти қонунгузориро ба марҳилаи нав бардорем.

Дар ин замина мехоҳам таъкид кунам, ки парлумон нақши худро дар ташкили муҳити нави сармоягузорӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ, фароҳам овардани низоми шаффоф ва устувор барои соҳибкорӣ боз ҳам тақвият медиҳад. Қонунҳои муҳим ба монанди «Дар бораи Фонди алтернативии сармоягузорӣ», кафолатҳои сармоягузорӣ ва танзими ҳуқуқии хусусигардонӣ таҳия ва баррасӣ шуда истодаанд.

Сармоягузорӣ танҳо пул нест, он эътимод, ҳамкорӣ ва дурнамо аст. Аз ин ҷиҳат, Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд боз як бор собит месозад, ки Ӯзбекистон кишвари барои муколамаи боз бо ҷаҳониён омода буда,  низоми ҳуқуқӣ ва иқтисодии боэътимод дорад.

Ташаббусҳо чун таъмини шароити баробар барои сармоягузорон, ҷорӣ кардани «режими миллӣ», «равзанаи ягона», ширкати байналмилалӣ дар бозори IPO ва такмили инфрасохтори логистикӣ — на танҳо барои рушди иқтисодӣ, балки барои суботи геосиёсӣ низ аҳамият доранд.

Имрӯз Ӯзбекистон на танҳо сармоягузорӣ, балки сулҳу ҳамдигарфаҳмиро низ ба ҷаҳон содир мекунад. Вазифаи минбаъда — таҳкими ин эътимод тавассути қонунгузории одилона, идоракунии шаффоф ва сиёсати башардӯстона аст.

Ҷавлон АБДУЛЛОЕВ,

депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: