ОИЛАҲО ПАРЕШОН, КӮДАКОН ОВОРА, ҶАВОНОН ДАР НИМАРОҲ...

Танҳо соли гузашта як ҳазору 705 нафар ақди никоҳ бастанд, вале 435 оила ҷудо шуданд. Дар шаш моҳи соли равон 387 нафар оилаи нав бунёд кардаанд, вале на ҳамаи онҳо соҳиби бахт шудаанд.

 

Оиларо ҷузви ҷамъият меҳисобанд. Бо вуҷуди он, ки ҳукумати Ӯзбекистон бобати тарғиби ҳаёти солим ва ҳифзи оила ғамхории доимӣ зоҳир мекунад, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар байни ҷавонон вайроншавии ақди никоҳ зиёд ба назар мерасад. Чӣ бояд кард, то оилаи навбунёд вайрон нашавад?

Хушбахтона, дар ҷомеаи мо инсонҳои хайрхоҳу дурандеш ва накӯкор бисёранд. Зиндагиномаи онҳо ба ҷавонон таъсири мусбат мерасонад. Духтари ҳамкасби мо – журналист ва адиби чирадаст, собиқ муҳаррири рӯзномаи «Зарафшон», сипас ҳокими ноҳияи Ургут Холмуҳаммад Нуруллоев (илоҳӣ охираташ обод бод!) Шоҳида Нуруллоева, ки алҳол мудири шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Самарқанд аст, аз ҷумлаи чунин касон маҳсуб меёбад.

Чанде пеш мо бо ӯ, дар коргоҳаш, ки дар деҳаи Ӯрташайх ҷойгир аст, суҳбат кардем.

– Раҳматӣ падари бузургворам такрор ба такрор мегуфтанд, ки одобу хушмуомилагӣ нишони фазилати инсонӣ ва маданияти баланду истеъдод аст. Одамони бузург ҳамеша хоксор ва одӣ будаанд, – лаб ба сухан кушод мусоҳиби мо. – Бинобар ҳамин ҳам ҳар пагоҳирӯзӣ  қабл аз оғози кор ин насиҳату маслиҳати қиблагоҳро ба ходимони идора гӯшрас мекунам.

Бояд таъкид намоям, ки ҷомеаи солим дар заминаи оилаҳои солим, бофарҳанг ва аҳлу тифоқ рушд мекунад. Афсус, як гурӯҳ мардум моҳияти зиндагониро танҳо дар серу пур, худсарона, бовиқору ҳавобаландона зистан медонанд. Бешубҳа, дар байни навхонадорҳое, ки аз фарҳанги оиладорӣ фарсахҳо дуранд, сабру тоқат, дурандешӣ надоранд, вайроншавии ақди никоҳ бештар ба назар мерасад. Сари ин масъала на фақат идораҳои ҳуқуқу тартибот, амини деҳаҳо, балки падару модарон, худи наварӯсону домодҳо низ бояд ҷиддӣ андешанд. Охир, садҳо тақдир шикаста, садҳо кӯдак овора, садҳо ҷавонон дар нимароҳ мемонанд...

Танҳо соли гузашта як ҳазору 705 нафар ақди никоҳ бастанд, вале 435 оила ҷудо шуданд. Дар шаш моҳи соли равон 387 нафар  оилаи нав бунёд кардаанд, вале на ҳамаи онҳо соҳиби бахт шудаанд. Ноҳияи мо дар вилояти Самарқанд ба маънои манфиаш дар рӯйихати «ифтихориён» аст.

– Шумо ҳамчун бонуи соҳибтаҷриба ва яке аз масъулиини соҳа ба чунин вазъи ногувор чӣ гуна баҳо медиҳед?

– Ба ин, аввало омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, сабаб бошад, баъдан дахолати шахсони сеюм, хиёнат, телефонбозӣ, булҳавасӣ сабабҳои дигаранд. Риштаи кандашударо дубора бастан имкон дорад, вале дар байн гиреҳ мемонад-ку?!

Инак, чанд пешниҳод:

Нахуст, бояд ба мақсади ташкил намудани оилаи нав арӯсу домод аз ташхиси лабораторӣ гузаранд, ки оё ҳаёти ояндаи онҳо аз ҷиҳати мутобиқати ирсҳо зери шубҳа нест, сиҳҳату саломат ҳастанд ва оила барпо карда метавонанд. Мутахассисон собит кардаанд, ки ақди никоҳи хешу табор, яъне холаву тағобача, аммаву амакбача мутлақо мумкин нест.

Гузашт накардан дар муносибатҳои хонаводагӣ боз як сабаби парешонии оила мегардад.

Маълум аст, ки баъзе арӯсон чун ҳанӯз таҷриба надоранд, аз уҳдаи иҷрои кор, аз қабили тозаву озода нигоҳ доштани хонаву саҳни ҳавлӣ, пухтупаз ва дигар амалҳо баромада наметавонанд. Дар чунин ҳолат хушдоман бояд аз таъна задан ва барангехтани моҷаро худдорӣ кунад, то шаъну шарафи арӯси худро дар байни дигар аъзои оила паст назанад, балки чун ба духтараш камбудии ӯро бо лаҳни нарми маслиҳатомез ислоҳ кунад.

Сарвари давлатамон дар анҷуманҳои бонуфузу ҷамъомадҳои видеоселекторӣ борҳо таъкид кардаанд, ки фарҳанг ифодагари рӯҳи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат буд ва хоҳад монд. Мероси маънавии аҷдод воситаи муҳимест, барои мустаҳкам кардани оилаҳо. Боиси хушнудист, ки дар рӯзи таҷлили байналхалқии оила – 15 май омӯзгори мактаби миёнаи рақами 21-уми ноҳия, сокини деҳаи Рустам Дилфуза Ҳайдарова бо нишони «Ибратли оила» сарфароз гардид. Ин мукофотро ба ӯ шахсан иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев супурда, самимона муборакбод намуд.

Ба қарибӣ дар кишвари мо моҳонаи «Фаровон оила сари» (аз 10-уми май то 10-уми июн) баргузор шуд. Дар он ноҳияи Самарқанд низ фаъол иштирок кард. Мақсад аз он мустаҳкам кардани пойдевори оила, эҳёи суннатҳост. Умед дорем, ки дар ноҳия шумораи соҳибони унвони «Ибратли оила» афзуда, коҳиши ақди  никоҳ аз байн меравад.

– Таманнои шумо ба навхонадорон?

– Ман самимона мехоҳам, ки ҳамаи ҷавонон соҳиби бахту тахт бошанд. Вале барои хушбахт шудан дурандешу батамкин будан, ба насиҳату маслиҳати бузургон амал кардан лозим. Дар оиладоршавӣ набояд шитоб кард. Бесабаб мардро мард мекардагӣ, номард мекардагӣ ҳам зан, намегӯянд. Сониян, зани солиҳа ба ҳама гуна оила нуру рӯшноӣ меафзояд.

Касе, ки ёри вафодори меҳрубон дорад,

Саодати абаду умри ҷовидон дорад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: