Иштирокдорон ва коршиносони хориҷӣ дар бораи чорумин Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд
Дар Тошканд чорумин Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд — як чорабинии бузургмиқёс, ки мақоми Ӯзбекистонро ҳамчун иштирокдори муҳими муколамаи сармоягузории ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкам кард, ба поён расид. Дар ин чорабинӣ сарони давлат ва ҳукуматҳо, роҳбарони ширкатҳои бузурги трансмиллӣ, намояндагони муассисаҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ, сармоягузорон ва ҳайатҳо аз доираҳои соҳибкории қариб 100 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар ифтитоҳи форуми бонуфуз изҳор дошт, ки «Биёед, якҷоя чунин муҳити сармоягузориро фароҳам оварем, то ба мо на танҳо имконияти ба даст овардани фоидаро муҳайё намояд, балки заминаи боэътимоде гардад, ки арзиши инсонро баланд мебардорад, манфиатҳои ҳаётии ӯро таъмин мекунад ва ҷомеаро пеш мебарад!»
Барномаи форум силсилаи ҷаласаҳои панелӣ, «мизи мудаввар» ва мубоҳисаҳоро дар бар гирифт, ки ба масъалаҳои мубрами иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамкориҳои сармоягузорӣ, рушди устувор, трансформатсияи рақамӣ ва рушди «сабз» бахшида шуданд. Мавзӯъҳо афзалиятҳои рӯзномаи иқтисодии муосирро инъикос намуда, ҳам дар байни соҳибкорон ва ҳам дар миёни коршиносон завқмандии зиёдро ба вуҷуд оварданд.
Форум барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ӯзбекистон ба як минбари асосӣ табдил ёфт. Ба иштирокдорон лоиҳаҳои нави соҳаи энергетика, инфрасохтор, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин ислоҳоте, ки барои беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон равона шудаанд, пешниҳод гардиданд.
Иштирокдорон ва ҳам коршиносони байналмилалӣ ба аҳамияти рӯзафзуни Форуми сармоягузории Тошканд ҳамчун як платформаи самаранок дар барқарорсозии шарикӣ, мубодилаи таҷриба ва баррасии ташаббусҳои стратегӣ ишора карданд.
Одил Рено-Бассо, Президенти Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд:
– Агар дар бораи ислоҳот ва либерализатсияи иқтисод гап занем, барои Ӯзбекистон муҳим аст, ки иқтидори сармоягузории хусусиро боз ҳам васеъ намояд. Гарчанде ки дар хусусигардонӣ ва тақвияти заминаҳои танзимкунанда пешрафти назаррас ба даст омадааст, боз ҳам корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд, то муҳити соҳибкорӣ беҳтар ва рушди бахши хусусӣ ҳавасманд карда шавад.
Натиҷаҳое, ки то имрӯз ба даст омаданд, хеле умедбахшанд. Масалан, сармоягузорӣ ба энергетикаи барқароршаванда ҳаҷми назарраси сармоягузориҳои мустақими хориҷиро ҷалб намуд, ки ба фаъолшавии иқтисодӣ мусоидат карда, самараи мусбат доданд. Дар солҳои охир ҳаҷми сармоягузориҳо пайваста меафзояд ва Ӯзбекистон ба қатори панҷ кишвари пешсаф аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) шомил шудааст. Мо умед дорем, ки ин тамоюли мусбат дар солҳои наздик низ идома хоҳад ёфт.
Ӯзбекистон инчунин дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ нақши калидӣ мебозад, ки ба ҳамгироии иқтисодӣ ва пайванди мутақобила мусоидат мекунад. Ин кишварро барои лоиҳаҳои фаромарзӣ, махсусан дар соҳаҳои инфрасохтор ва идоракунии захираҳои об, ки барои рушди устувор ниҳоят муҳиманд, ҳарчи бештар ҷолиб мегардонад.
Идракас Дадасовас, раиси раёсати корпоратсияи байналмилалии «Penki Kontinentai Group»:
– Ман дар ин форум бори аввал иштирок намекунам ва ҳар дафъа итминон ҳосил менамоям, ки он то чӣ андоза дақиқ ва касбӣ ташкил карда мешавад. Ин форуми одӣ набуда, як рӯйдоди муҳими байналмилалӣ аст, ки ба он омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Зеро, ҷамъ овардани чунин афроди серкор ва нуфузманд аз тамоми ҷаҳон худ нишондиҳандаи эътимоди баланд ба муҳити сармоягузории Ӯзбекистон мебошад.
Ман мебинам, ки чӣ гуна бо суръати баланд қарорҳои марбут ба коркарди рақамии маълумот дар тамоми сохторҳо татбиқ мешаванд. Ин аз кори амиқи стратегӣ шаҳодат медиҳад, ки дар сатҳи давлатӣ пеш бурда мешавад. Диққати махсуси Президенти кишвар ба масъалаҳои навсозӣ ва рақамикунонӣ гувоҳи он аст, ки Ӯзбекистон стратегияи рушди дарозмуддат ва андешидашударо амалӣ менамояд.
Имрӯз дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои бузурге татбиқ мегарданд, ки ба таҳкими инфрасохтор нигаронида шудаанд. Мебинам, ки чӣ гуна қонунгузорӣ тағйир меёбад ва ин тағйирот бидуни монеаҳои бюрократӣ, бо равандҳои фаъол ва муассир сурат мегирад. Ин махсусан барои мо, намояндагони тиҷорат, бисёр муҳим аст.
Ман тез-тез ба Тошканд меоям. Ин шаҳри офтобӣ, меҳмондӯст ва зебо аст. Ҳамеша хушоянд аст ба ин ҷо баргаштан.
Йованка Порше, раис ва муассиси ташкилоти «Global Neighbours»:
– Ба назари ман, Ӯзбекистон барои ба маркази байналмилалии сармоягузории Осиёи Марказӣ табдил ёфтан тамоми имкониятҳоро дорад. Ин нақш на танҳо имконпазир, балки имрӯз ниҳоят зарур аст. Ҳамгироии минтақавӣ, гарчанд тадриҷан сурат мегирад, метавонад дар ин раванд нақши калидӣ бозад. Ин на танҳо ба Ӯзбекистон, балки ба тамоми минтақа дахл дорад. Аммо маҳз Ӯзбекистон дорои иқтидори зарурӣ ва афзалиятҳои геоиқтисодӣ аст, то ба маркази ҷалби сармоягузорӣ ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Агар дар бораи муҳити сармоягузорӣ гап занем, мехоҳам зикр намоям, ки ин аввалин сафарам ба Ӯзбекистон аст ва ман танҳо таассуроти мусбат гирифтам. Муҳите, ки дар ин ҷо эҳсос кардам, бароям Чини солҳои пешро ба ёд меорад — замоне, ки ман дар он ҷо кор мекардам. Он солҳо рӯҳи тағйирот ва эҳсоси имкониятҳои беандоза эҳсос мешуд. Маҳз ҳамин рӯҳияро ман ҳоло дар Ӯзбекистон эҳсос мекунам. Дар ин ҷо рӯҳияи боз будан ба имкониятҳои нав, саъй ба пешрафт ва омодагӣ ба ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Ин рӯҳбаландкунанда аст ва ба ояндаи кишвар ҳамчун самти ҷолиби сармоягузориҳои байналмилалӣ боварӣ мебахшад.
Ҷжан Хэ, продюссери иҷ-роияи Шабакаи телевизионии ҷаҳонии Чин (CGTN):
– Боварӣ дорам, ки чорумин Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ба як марҳалаи муҳим дар беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон ва ҷалби сармояи ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвар табдил меёбад.
Ислоҳоти иқтисодие, ки дар солҳои охир дар Ӯзбекистон дар самтҳое чун содасозии низоми андозбандӣ, пуштибонии бахши хусусӣ ва озодсозии тиҷорати хориҷӣ амалӣ мешаванд, барои сармоягузорон шароити муфидтарро фароҳам овардаанд. Ин раванд барои идомаи устувори ҷараён ва таҳкими эътимоди сармоягузорони хориҷӣ омили ҳалкунанда аст.
Ӯзбекистон дар соҳаҳое чун саноат, энергетикаи «сабз», кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва сайёҳӣ иқтидори бузург дорад. Дар ҷараёни форум лоиҳаҳои нав пешниҳод гардиданд. Ин ба диверсификатсияи сармоягузорӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда мусоидат мекунад.
Бешубҳа, чорумин Форуми байналлмилалии сармоягузории Тошканд, ки минбари арзёбии ислоҳоти иқтисодии Ӯзбекистон мебошад, барои ҷалби шарикони нав, татбиқи лоиҳаҳо ва самтҳои стратегии нав такони қавӣ мебахшад.
Эмин ГариблӢ, дотсенти кафедраи иқтисоди Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон:
– Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд на танҳо ба як минбари калидии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад, балки ҳамчун воситаи муҳими амиқтарсозии равандҳои ҳамгироӣ байни Аврупо ва Осиё хидмат мекунад.
Форум мақоми Тошкандро ҳамчун маркази минтақавии ҷалби сармоягузорӣ таҳким бахшида, иродаи устувори кишварро дар самти пешбурди ислоҳот дар доираи стратегияи «Ӯзбекистони Нав» ба таври возеҳ нишон медиҳад.
Аҳамияти иловагии ин форумро ширкати намояндагони воломақоми кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Сарвазири Словакия Роберт Фитсо ва Президенти Булғория Румен Радев, ки бо даъвати Президент Шавкат Мирзиёев ба Тошканд омадаанд, бештар мегардонад. Ин сафарҳо на танҳо тамоюлҳои стратегиро дар сиёсати иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон нишон медиҳанд, балки ба имзои созишномаҳои мушаххас дар соҳаҳое чун амният, ҳамкориҳои рақамӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ мусоидат мекунанд.
Дар доираи форум, ҳамкориҳои стратегӣ миёни Озарбойҷон ва Ӯзбекистон — ду кишваре, ки дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи Созмони давлатҳои туркӣ фаъолона ҳамкорӣ доранд, аҳамияти хоса пайдо мекунад. Озарбойҷон худро ҳамчун шарики калидӣ дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, иқтисоди рақамӣ ва кишоварзӣ муаррифӣ намудааст. Ширкати он дар долонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Долони миёна-шаҳри Бокуро ба як ҳалқаи стратегии меъёри нави ҳамкориҳои байниқитъавӣ табдил медиҳад.
Талошҳои муштараки Озарбойҷон ва Ӯзбекистон дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва «сабз», дастгирии ташаббусҳои рақамӣ ва ҳамкориҳо дар рушди устувор барои навсозии технологӣ ва ҳамгироӣ ба бозорҳои Аврупо ва Осиё уфуқҳои навро мекушоянд. Ин равандҳо бо иродаи сиёсӣ ва иқтидори сармоягузории ҳар ду кишвар дастгирӣ ёфта, нақши онҳоро ҳамчун неруҳои пешбарандаи рушди устувор дар минтақа тақвият медиҳанд.
Аз ин рӯ, чорумин Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд на танҳо як майдон барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ӯзбекистон аст, балки нуқтаи муттаҳидсозии талошҳои давлатҳои турк барои пешбурди манфиатҳои муштарак, тавсеаи ҳамкориҳои стратегӣ ва ташаккули фазои ягонаи ҳамкорӣ байни Аврупо ва Осиё низ мебошад.
Иқболҷон Қарабоев, директори Маркази таҳқиқоти глобалӣ ва минтақавӣ (CE-GREG), профессор (Қазоқистон):
– Андозаи форуми имсола воқеан бесобиқа аст: тақрибан 3000 вакили хориҷӣ аз қариб 100 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар ин форум Намоишгоҳи миллии саноатӣ ва иқтидори сармоягузории Ӯзбекистон ҷои махсусро ишғол кард, ки дар он 90 ширкати ватанӣ аз зиёда аз 10 соҳа — нафту кимиё, мошинсозӣ, саноати сохтмон, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар ширкат карданд. Ин минбар ба сармоягузорони байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ба таври мустақим ба портфели лоиҳаҳои воқеиву омода ба ҳамкорӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Дар заминаи баргузории форум дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳои фоиданок ва технологияҳои рақамӣ фаъолнокии баланд намоиш дода шуд — маҳз ҳамин самтҳо қодир ҳастанд, ки ба тағйироти сифатии сохтори иқтисодиёти минтақавӣ мусоидат кунанд.
Ба ибораи дигар, Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ба як минбари пешрафта барои намоиши иқтидори саноатӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ҳузури роҳбарони кишварҳо, сармоягузорони бузург ва бонкҳои байналмилалӣ аҳамияти стратегии форумро ҳамчун намоиши имкониятҳои минтақа бештар мекунад.
Илова бар ин, форум ба пешбурди кишварҳои минтақа дар сатҳҳои баланди занҷираҳои арзиши ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Гуногунрангии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, иқтисоди рақамӣ, коркард ва инфрасохтор нишон медиҳад, ки ҳаракат аз содироти анъанавии ашёи хом ба самти истеҳсоли маҳсулоти мураккаб ва инноватсионӣ ба вуқӯъ мепайвандад.
Ниҳоят, форуми Тошканд мавқеи кишварҳои Осиёи Марказиро дар саҳни ҷаҳонӣ таҳким мебахшад.
Ҳузури густурдаи байналмилалӣ, бозтоб дар расонаҳои пешқадами ҷаҳонӣ ва иштироки муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳанд, ки худро ҳамчун шарикони муҳим ва боэътимод дар фазои иқтисодии ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
АИ «Дунё».