Кирмакпарварони вилояти Фарғона ба дастоварди калони меҳнатӣ соҳиб шуданд.
Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар медиҳад, кирмакпарварон 46 ҳазору 436 қуттӣ кирмак парвариш намуда, ба ҷойи 2 ҳазору 786 тонна нақшаи шартномавӣ ба давлат зиёда аз 2 ҳазору 900 тонна пиллаи хушсифат супурданд. Нақша 104,1 фоиз иҷро шуд.
Дар ин самт кирмакпарварони ноҳияҳои Ёзёвон, Бешариқ, Бувайда ва Қува аз аввалинҳо шуда иҷрои нақшаи шартномавиро таъмин карданд.
Парвариш ва супурдани пилла дар вилоят идома дорад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.