ЧАНД СУХАН ОИДИ БУНЁДИ ҚАЛЪАИ ВАРДОНЗЕ

ё худ андешаҳо дар ҳошияи мақолаи Муҳаммади Шодӣ – «Падарашон нафаҳманд»

Навиштаҳои Муҳаммади Шодиро оиди ҳамсари Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Розия Асророва аз «Овози тоҷик» (28.05.25, №43) хонда, дар дил нияте пайдо шуд, ки ба даст қалам гирифта, он чизеро, ки доир ба таърихи Қалъаи Вардонзе медонистам, рӯйи коғаз оварда, бо хонандагон ба ҳам бинам.

Бино ба хабаре, ки академик Б. Ғафуров дар «Тоҷикон»-и безаволаш овардааст, Афросиёб дар воҳаи Зарафшон ба мақсадҳои ҳарбии мудофиа ва пешгирии талафоти ҷонии мардум ҳангоми обхезиҳои баҳорӣ беш аз ҳазор қалъа бунёд карда будааст. Нависанда Ибодат Раҷабова дар китоби тозанашри худ «Ромишметан афсоналари» хабар медиҳад, ки қалъаҳои Ғиждувон, Вардонзе ва Бӯронтепаи ноҳияи Рометан аз тарафи вазири соҳибтадбиру пурдони Афросиёб — Пирон бунёд шудааст. Қалъаи Вардонзе аз маркази ноҳияи Шофиркон 9-10 км. дар ғарб ҷойгир аст. Муҳаммад Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» навиштааст, ки майдони ин қалъа қариб як гектар буда, баландиаш 20 метр мебошад. Замоне дар ин ҷо подшоҳон истиқомат кардаанд. Дар қисми беруни он ҳоло харобаҳои шаҳраке боқӣ мондааст, ки дар ин ҷо хизматкорони махсус бо аҳли оилаашон истиқомат мекарданд. Атрофи шаҳрак бо девори баланди ҳафтпохсагии мудофиа иҳота карда шудааст. Майдони боқимондаи ин шаҳрак тақрибан 7-8 гектар буда, бо гузашти вақт мардум онро партофта рафтаанд ва охирин оила соли 1943 ин ҷоро тарк кардааст. Танҳо момои Руқия яккаву танҳо бист соли расо — то соли 1962-1963 дар байни харобаҳои шаҳрак, дар зиёратгоҳи Ҳазрати Бурқи Сармасти Худо зиндагӣ карда, чанд муддат пеш аз вафоташ ба хонаи духтараш Истадой ба деҳаи Вардонзеи кӯҳна кӯчида омадааст.

Танҳо қавми «мурдашӯён», ки аз шаҳрак берун зиндагӣ дошта, чанд муҳлат ин ҷо низ умр ба сар бурдаанд, аввал дар деҳаи Ҳавлинав, баъдтар дар қисми шимолии деҳаи Партсъезд (ҳоло Қӯрғони Вардонзе) кӯчидаанд. Дар солҳои пурталотуми аввали асри бистум қисме аз аҳли савдои шаҳр ба шаҳри Қазалии ҳоло дар ҳудуди Қазоқистон, баъди инқилоби Бухоро бошад, шамоли тақдир куҷое барад, дар он ҷо маскун шуда мондаанд.

Ҳоло вардонзеҳиёнро аз Душанбеву Хуҷанду Афғонистон, Маскаву Лондон, Ню-Йорку Маккаву Мадина пайдо карда метавонед.

Дар оғози асри XXI Қорӣ Фазлиддин ном шахс, ки дар аввали солҳои асри бист дар Қалъаи Вардонзе ба олам омада, баъди инқилоби Бухоро ба Афғонистон фирор карда буд, аз Ню-Йорк ба Ватан меояд ва аз ҳисоби маблағи хеш барои ҳамдеҳагон масҷиди ҷомеъ  месозонад, ки ҳоло ин масҷид номи «Қорӣ Фазлиддин»-ро соҳиб мебошад. Ӯ  соли 2002 дар Амрико вафот кардааст...

Сайёҳони бухорӣ тамошои шаҳри Лондон мекарданд, ки ҷавоне аз шаҳри шариф будани онҳоро дониста, ба тарабхонаи зериобиаш бурда зиёфат медиҳад ва вақти бозгашташон мегӯяд, ки  ба зодгоҳи бобокалонаш Қалъаи Вардонзе саломи ӯро бирасонанд.

Дар «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров омадааст, ки ...подшоҳи фирории Эрон Қубод соли 496-уми милодӣ ба паноҳи шоҳаншоҳи Бухоро —Хушнавоз меояд. Ӯ ҳар гоҳ, ки ба қабули шоҳ мерафт, аз вай барои бозгирифтани тахти Эрон лашкар мепурсид. Аммо ин пурсиш беҷавоб мемонд.

Тавре ки:

Кунад  ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,

Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз,

гуфтаанд, шоҳаншоҳи Бухоро дере нагузашта, шоҳи бетахти Эронро ба худ домод мекунад ва ба ӯ шимоли Бухороро мебахшад. Аз ин хотир, дар баъзе адабиёти он солҳо ин ҳудудро «шоҳбахш» ба  қалам гирифтаанд.

Қубод то соли 499 ин ҷо мондааст. Аз вай чанд фарзанд ба олам омада, баъди ӯ ба сулолаи «Вардонхудотҳо» асос гузоштаанд, ки то омадани арабҳо, яъне то соли 709, дар шимоли Бухоро ҳукмронӣ кардаанд. Оқибат Вардонхудот дар ҷанг кушта мешаваду ба арабҳо забти пурраи Бухоро муяссар мегардад.

Ғайр аз ин, қалъа дучори ҳуҷуми муғулҳо, русҳо, қарохитоиҳо, аз соли 1650 то соли 1680 се маротиба ба ҳуҷуми Хоразмшоҳиён дучор гардида, хароб гашта буд...

Дар Вардонзе бисёр шахсоне ба  воя расидаанд, ки имрӯз мояи фахри авлодон мебошанд. Дар садсолаи охир 13 нафар академик, 20 нафар докторони илм, 49 нафар номзадҳои фан шудаанд, ки дар мактабҳои олии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон дарс мегӯянд. Ду нафар генерал-майор ва дувоздаҳ нафар полковник дар хизмати мардум ҳастанд. Аз кормандони «Овози тоҷик» бародарон Хӯҷамурод, Султонмурод ва Авезмурод Қӯлдошевҳо, Ислом Орифов, Амрулло Авезовҳоро тиррешаашон аз Қалъаи Вардонзе об хӯрдааст. Академик Иброҳим Муъминов мактаби ибтидоиро дар Вардонзе хондааст.

Бобои модарии олими намоёни фолклоршиноси маъруф Тӯра Мирзоев, падари профессори таърихдон Ҳасан Расулов, модари академик, Қаҳрамони Ӯзбекистон Малика Абдуллохоҷаева аз деҳаи  Тезгузар, ки дар доманаи Қалъаи Вардонзе ҷойгир аст,  таваллуди шуда будаанд. Чунин маълумотҳоро  дар китоби худам, ки «Гули сурх дар саҳро» ном дошта, дар он оиди таърихи Қалъаи Вардонзе  сухан меравад,  баён кардаам. Барои иншои ин китоб  чоряк аср умри худро сарф кардаам, ки солҳои 2014 ва 2021 бо ҳаммуаллифии Сафар Абдуллоев дар теъдоди маҳдуд рӯйи чопро дид.

Банда ба таври худ, эҳтимол аз маънии аслиаш хеле дур бошад, номи Вардонзеро чунин маънидод кардам: «вард» — гули сурх (дар китоби «Таърихи Самария»-и  Абу Тоҳирхоҷа ин калима чун номи гули сурх маънидод шудааст), «он» — пайвандак ва«зи»— зиндагонӣ. Агар дар канори саҳрои беканори Қизилқум ҷо гирифтани Қалъаи Вардонзеро ба ҳисоб гирем, ӯро чун «гули сурх дар саҳро» маънидод кардан мумкин аст...

Дар бораи мамлакати Вардонхудотҳо ҳанӯз дар асри шашуми милодӣ  солноманависони Чин маълумоти хаттӣ навиштаанд (нигаред ба қомуси «Ӯзбекистон тарих силсилаларида», Тошкент соли 1992).

Бақия сайёҳи рус Е. К. Мейендорф  соли 1820 дар ин шаҳрак шуда,  харитаи роҳи наздиктар аз Оренбург то Бухороро кашидааст. Ӯ  номи Вардонзеро ба тариқи Ургонзе навиштааст. Сайёҳи амрикоӣ Южин Скайлер ҳам дар китоби худ «Туркистон» оиди солҳои 1870-1873 дар шаҳраки Вардонзе  шуданаш маълумот додааст.

Олими дигари рус Пашкеевич соли 1925 баъди зери реги равон мондани ин шаҳрак ба ин ҷо омада, барои таърих ногузир будани ҳалокати онро дарк карда, аз болои қалъа сурати онро ба лентаи нурдор сабт кардааст.

Соли 2015 банда меҳмони хонадони Ҷӯрабой Зойиров шуда, аз Қалъаи Вардонзе будани он касро  донистам. Ҷ. Зойиров дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қисми разведка хизмат кардааст, ки инро шунида, илтимос кардам нақшаи шаҳраки Вардонзеро кашида диҳад. Ва бобои шодравон ин илтимоси бандаро иҷро карда буданд. Пас бо кумаки  додари компутердон Санҷарҷон Орифов ва муаллими варзида Сафар Абдуллоев  онро аз компутер баровардем ва дар китобамон чун мулки маънавии мардум пешкаши хонандагон кардем.

Алимурод Темиров.

Вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: