13 июни соли равон бо ташаббуси Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Бунёди ҷамъиятии байналмилалии ба номи Алишер Навоӣ дар толори донишкада дар мавзуи "Таъсири мероси Мир Алишер Навоӣ ва Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар таҳкими дӯстии халқҳои Осиёи Марказӣ" конфронси байналмилалии илми-амалӣ баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он директори донишкада, академик Ҷавлон Ваҳҳобов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, директори Бунёди ҷамъиятии байналмилалии Алишер Навоӣ Олимҷон Давлатов, муовини аввали вазири фарҳанг Авазхон Тоҷихонов, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов ва мушовири раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Алиакбари Абдулло баромад карда, нақши ду мутафаккири бузургро дар таҳкими муносибатҳои халқҳои Осиёи Марказӣ муҳим ва шоиста арзёбӣ намуданд.
– Аз таърих аён аст, ки дар он ҷое, ки фарҳангҳо ҳамбаста мегарданд, осудагӣ мустаҳкам мешавад, – иброз дошт Ҷ.Ваҳҳобов. – Мероси маънавии Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар тӯли садсолаҳо ташаккул ёфтаанд, на танҳо дастоварди олии адабиёту фалсафа, балки пули воқеӣ дар байни халқҳо, фарҳангҳо ва қарнҳост.
Дар конфронс сафирони Қирғизистон, Туркманистон, намояндагони сафоратҳои Туркия ва Қазоқистон, инчунин олимони шинохта аз Академияи илмҳои Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, роҳбарони марказҳои миллию фарҳангӣ, шоирону адибони шинохтаи тоҷику ӯзбек ва дигарон иштирок карданд.
Дар қисмати дуюм Қаҳрамони Ӯзбекистон, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Муноҷот Йӯлчиева, Артисти халқии Ӯзбекистон Абдунабӣ Иброҳимов аз ашъори шоирони бузург сурудҳои дилкашро иҷро намуданд.
Нимаи дуюми рӯз дар ду бахш - олимони тоҷику ӯзбек дар мавзуъҳои мухталиф баромад карда, ба мақоми ду нобиға баҳои баланд доданд.
Зикр гашт, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими муносибатҳои халқҳои тоҷик ва ӯзбек ва амалӣ шудани сиёсати сарони давлатҳои ду кишвар нақши созанда мебозад.
Дар анҷоми конфронс иштирокдорон якдилона таъкид карданд, ки танҳо тавассути ҳифзу тавсеаи амиқи мероси фарҳангию маънавӣ, табодули башардӯстона, ҳамкориҳои илмӣ ва таблиғи осори Навоӣ ва Ҷомӣ дар байни ҷавонон метавон пулҳои пойдореро бунёд кард, ки асоси эътимоду эҳтироми мутақобила ва ягонаи минтақавӣ бошад.
(Мухбири худамон).