БАРНОМАРЕЗИИ АНҶУМАНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Моҳи октябри соли ҷорӣ Анҷумани байналхалқии илмӣ-амалиро таҳти мавзӯи «Аҳамияти ҳаҷвнигорӣ ва аскияи миллии ӯзбек дар инкишофи маънавии ҷомеа» баргузор хоҳад шуд.

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Маркази ҷумҳуриявии санъати ҳаҷвнигорӣ ва аскияи ба номи Юсуфҷон қизиқ Шакарҷонов, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии маданият ва санъати Ӯзбекистон моҳи октябри соли ҷорӣ Анҷумани байналхалқии илмӣ-амалиро таҳти мавзӯи «Аҳамияти ҳаҷвнигорӣ ва аскияи миллии ӯзбек дар инкишофи маънавии ҷомеа» баргузор менамоянд.

Дар он масъалаҳои «Чашмандозии ҷаҳониён ба мероси ғайримодиву мадании Ӯзбекистон», «Рушди аскиягӯӣ ва санъати ҳаҷвнигории миллӣ», «Аҳамияти фолклор дар омӯзиши мероси миллию маданӣ», «Решаҳои таърихии анъанаҳои устоду шогирд дар аския» ва «Меъёрҳои ташаккули маънавиёт дар низоми арзишҳои миллӣ» баррасӣ мегарданд.

Фархундаи Равшанзод,

шаҳри ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: