Дар шаҳри Намангон мусобиқаи бонуфузи байналхалқӣ оид ба шоҳмот баргузор гардид. Дар мусобиқа 240 нафар варзишгарон аз кишварҳои гуногун барои пирӯзӣ талош варзиданд.
Дар мусобиқаи мазкур хонандаи синфи дуюми мактаби рақами 10-уми ноҳияи Самарқанд Аминабону Зоҳирова дар байни ҳамсолонаш ҷойи фахриро ишғол кард.
Моҳи август шаҳри Остона ба чемпионати ҷаҳон оиди шоҳмот мизбонӣ хоҳад кард ва Аминабону шарафи Ӯзбекистонро дар мусобиқаҳои бонуфуз ҳимоят мекунад.
Имрӯзҳо мураббиён Муҳаммад Султонмуродов ва Одил Собиров ба ӯ асрори шоҳмотро пайваста ёд медиҳанд.
Умед дорем, ки шогирди соҳибистеъдоди мактаби мо комёбиҳои назаррасро ба даст оварда, ҷойҳои фахрӣ насибаш мегардад.
Холида Шамсиддинова.
Вилояти Самарқанд.