Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев 17 июн барои ширкат дар ҳамоиши дуввум дар формати “Осиёи Марказӣ – Чин” бо сафари корӣ ба шаҳри Алмаато меравад.
Дар чорабинӣ сарони давлатҳои минтақа ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ширкат хоҳанд кард. Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуда, доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат мегирад. Дар охир қабули санадҳои муштарак дар назар аст.
Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш Президенти Ӯзбекистон бо раиси Чин мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳад.
Қобили зикр аст, ки нахустин нишасти ин формат моҳи майи соли 2023 дар шаҳри Сиани Чин бо ҳадафи таҳкими равобити шарикии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ва густариши ҳамкориҳои амалӣ баргузор шуда буд.