Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 16 июн бахшида ба таҳлили самаранокии ислоҳоти дар кишвар татбиқшаванда, вазъи воқеии корҳо дар маҳалҳо ва масъалаҳое, ки аҳолиро ба ташвиш меоранд, ҷаласаи видеоселекторӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ пешниҳод гардиданд. Қайд шуд, ки дар ин муддат саноат 6,4 фоиз афзуда, ҳаҷми содирот 18 фоиз ва ҷалби сармояи хориҷӣ 46 фоиз зиёд шудааст. Беш аз 2 ҳазору 500 иқтидори нави истеҳсолӣ ба маблағи 3 миллиард доллар ба истифода дода шудаанд. Барои 2 миллиону 400 ҳазор нафар манбаи даромад таъмин карда шудааст.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар ҷаҳон низоъҳо шиддат мегиранд, муносибатҳои тиҷоратӣ ва логистика мураккаб шуда истодаанд ва талабот ба сулҳ, адолат ва эҳтиром ба шарафи инсонӣ рӯз то рӯз тезу тунд мегардад.
Аз ин рӯ, зикр гардид, ки роҳбарони вилоятҳо ва вазоратҳо бояд имкониятҳои ҷориро дуруст арзёбӣ намуда, ташаббус нишон диҳанд, бо аҳолӣ ва соҳибкорон мулоқотро фаъол намоянд ва масъалаҳои пайдошавандаро ба таври фаврӣ ҳал кунанд.
Дар ҷаласа мушкилот дар қисмати вилоятҳо ва соҳаҳо таҳлил гардида, камбудиҳои системавӣ муайян карда шуданд.
Масалан, дар ҳар як ноҳия беш аз 40 ташкилот фаъолият мекунанд, ки дар ҳар кадомашон ба ҳисоби миёна 500 корманд кор мекунанд. Бо вуҷуди ин, барои ҳал кардани ҳатто масъалаҳои сода иҷозати мақомоти вилоятӣ ва баъдан ҷумҳуриявӣ лозим мешавад. Ҳамзамон, сохторҳое, ки салоҳият ва маблағ доранд, аксар вақт худро танҳо ҳамчун ниҳодҳои назоратӣ ҳисобида, барои сабук кардани зиндагии аҳолӣ талош намеварзанд.
Кашол додани татбиқи ислоҳот ҳамчунин ба он вобаста аст, ки бархе аз вазирон ва кормандони масъули ҳукумат ба интизом таваҷҷуҳи кофӣ намедиҳанд. Шумори шикоятҳо оид ба иҷро нашудани қарорҳои судӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида афзудааст.
Дар доираи барномаи соли ҷорӣ ҷалби сармоя ба маблағи иловагии 26,5 миллиард доллар ва ба роҳ мондани 35 лоиҳаи бузург ба маблағи 3,3 миллиард доллар то 1 сентябр пешбинӣ шудааст.
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки чанде пеш баргузор шуд, созишномаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 30,5 миллиард доллар ба имзо расиданд. Амалӣ гардондани онҳо тарзи системавии корро талаб мекунад.
Аз ин рӯ, қарор қабул шуд, ки барои баланд бардоштани интизоми иҷро ва ташкили кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон механизми нав ҷорӣ карда шавад.
Минбаъд барои риояи интизоми иҷро Палатаи ҳисоб масъул хоҳад буд, ки салоҳиятҳояш васеъ карда мешаванд. Палата на танҳо истифодаи мақсадноки маблағҳоро, балки самаранокии онҳо ва сатҳи қаноатмандии аҳолиро низ таҳлил хоҳад кард. Дар асоси ин таҳлилҳо, палата ба Президенти мамлакат пешниҳодҳо тақдим менамояд. Инспексияи назоратии Маъмурияти Президенти ҷумҳурӣ барҳам дода мешавад.
Дар саросари ҷумҳурӣ портали электронии «Назорати халқ», ки дар шаҳри Тошканд бо муваффақият озмоиш шудааст, ба роҳ монда мешавад. Ин портал ба низоми ягонаи коркарди муроҷиатҳо табдил меёбад ва ба он ҳамаи вазорату идораҳо ва ҳокимиятҳо пайваст карда мешаванд.
Вақтҳои охир Қабулгоҳҳои мардумӣ ба ҷои моҳиятан ҳал кардани мушкилот бо ирсол кардани муроҷиатҳо ба дигар идораҳо маҳдуд мешаванд. Масъалаҳои ҳалнашуда дар сатҳи маҳаллӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Президент таъкид кард, ки вазифаи асосии роҳбарон — шунидани дарду ормонҳои мардум ва фароҳам овардани шароити сазовори зиндагист:
– Набояд фаромӯш кард, ки пушти ҳар як муроҷиат сарнавишти як шахс, дард ва умеди ӯ қарор дорад. Бо ормонҳои мардум зистан – қарзи мост, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.
Аз ин рӯ, супориш дода шуд, ки Қабулгоҳҳои мардумӣ бо мутахассисони содиқ ва болаёқат таъмин шаванд. Акнун раҳбарии онҳо ба зиммаи ҳокимони вилоятҳо ва ноҳияҳо вогузор мегардад. Ҳар рӯзи корӣ онҳо қабули шаҳрвандонро оғоз хоҳанд кард. Ягон масъала набояд “ба фардо” гузошта шавад — он бояд дар ҷояш ҳал гардад, бе ирсол ба дигар идораҳо.
Бо мақсади таъмин намудани ин ҳадаф, салоҳиятҳои ҳокимони ноҳияҳо васеъ карда мешаванд. Имрӯз, ҳокимон барои тақсимоти воҳидҳои корӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, ҳавасмандгардонии роҳбарони самарабахш ё озод кардани роҳбарони ғайрифаъол ваколат надоранд. Ҳокимон ва муовинони онҳо вақти зиёдеро барои гузаронидани ҷаласаҳо сарф мекунанд. Сохторҳои кадрӣ дар маҳалҳо аксаран ба ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо мутобиқ нестанд. Вазоратҳои соҳавӣ бошад, бо нақшаҳои кӯҳна фаъолият карда, танҳо супоришҳои ҷориро иҷро менамоянд ва ташаббус нишон намедиҳанд.
– Агар сатҳи кор дар ноҳия ғайрисамаранок бошад, новобаста аз дастурҳои боло, ба ҳадафҳо расидан ғайриимкон аст, – таъкид кард Президент.
Сарвари давлат ташаббусҳои муҳимеро пешниҳод намуд, ки ба тағйир додани низоми идоракунӣ дар ноҳияҳо равона шудаанд.
Аз соли ҷорӣ, ин модели нави идоракунӣ дар вилояти Сурхондарё ва боз 16 ноҳияю шаҳр бо рушди тезондашуда — Бектемир, Қунғирот, Чимбой, Асака, Ғиждувон, Ғаллаорол, Яккабоғ, Хатирчи, Чортоқ, Булунғур, Сирдарё, Қӯқанд, Шавот, Ҳазорасп, Марғилон ва Янгийӯл татбиқ карда мешавад.
Дар ин ноҳияҳо ва шаҳрҳо шуъбаҳои 9 идораи давлатӣ вобаста ба соҳаҳои иқтисод ва молия, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, шуғл, сохтмон, экология, фарҳанг, масъалаҳои оила ва занон, кор бо ҷавонон ба сохтори ҳокимият дохил мегарданд. Ҳоким ваколат дорад, ки воҳидҳои кориро тақсим кунад, кормандонро ба кор гирад ва аз вазифа озод намояд.
Инчунин, манбаъҳои даромади худии ноҳияҳо зиёд карда мешаванд. Акнун ҳоким чор муовин хоҳад дошт ва худи ӯ муайян мекунад, ки дар кадом самтҳо муовин лозим аст, вобаста ба ниёзҳои ноҳия. Ба ҳар як муовин вазифаҳои мушаххас ва маблағгузории зарурӣ барои иҷрои онҳо таъин мегардад.
Агар ҳоким ва дастаи ӯ нишондиҳандаҳои самаранокиро пурра иҷро намоянд, ҳаҷми маблағгузории ноҳия дар соли оянда 10–15 фоиз зиёд карда мешавад. Дар акси ҳол, маблағгузорӣ зиёд намешавад ва роҳбар аз вазифа озод мегардад.
Дар ҳар як ноҳия «Ситоди ислоҳот» бо иштироки мутахассисон ва соҳибкорони пешсаф таъсис дода мешавад. Дар асоси таҳлилҳо аз ҳар як маҳалла барномаи се сола таҳия мегардад, ки лоиҳаҳо, инфрасохтор, манбаъҳои маблағгузорӣ ва таъминоти кадриро дар бар мегирад. Бюджет, барномаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ, инчунин барномаҳои шуғл барои соли оянда дар асоси ҳамин барнома тасдиқ мегарданд.
Ин таҷриба вобаста ба натиҷаҳои бадастомада аз соли оянда дар саросари ҷумҳурӣ татбиқ карда мешавад.
Хабари муҳими дигар — аз 1 августи соли ҷорӣ дар ҳамаи ҳокимиятҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ маошҳо зиёд карда мешаванд, иловаҳо ва мукофотпулӣ вобаста ба натиҷаҳои кор ҷорӣ мегарданд, то муҳити корӣ боз ҳам ҷолибтар ва фаъолтар гардад.
Ҳамзамон, нисбати онҳое, ки аз ӯҳдаи вазифаҳои гузошташуда баромада наметавонанд, чораҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Ин ҳамаро масъулонро ба тартибот ва кор бо нақша водор мекунад. Ҳамин тавр, ҳама бо интизом ва тибқи нақша кор карданро ёд мегиранд.
Дар ҷаласа ба масъалаҳои таъмини шуғл, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, афзоиши сармоягузорӣ ва содирот, беҳсозии муҳити соҳибкорӣ дар минтақаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Зарурати тақвият бахшидани маъмурияти андоз, дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таъкид шуд.
Имкониятҳои таъмини маҳаллаҳо бо об, рӯёндани мева ва сабзавот, афзоиши содирот бо истифода аз агротехнологияҳои муосир таҳлил гардиданд. Ҳамчунин, зарурати рушди чорводорӣ дар асоси истифодаи самараноки заминҳои ҷангалу чарогоҳ, афзоиши истеҳсоли гӯшт ва шир ва маҳдуд сохтани таварруми нархҳои маводи хӯрокворӣ таъкид гардид.
Масъалаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳрҳо, ташкили ҳаракати бехатари роҳ, коҳиши танбашавии нақлиёт ва садамаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳадаф гузошта шуд, ки минтақаҳои истироҳатӣ, минтақаҳои сабз ва майдончаҳои кӯдакона барои баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ афзоиш дода шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа Сарвазир, аъзои Ҳукумат ва ҳокимон дар бораи чораҳое, ки вобаста ба масъалаҳои баррасишуда татбиқ мегарданд, ҳисобот доданд.