Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба шаҳри Остона омад.
Сарвари давлати моро дар фурудгоҳи пойтахт Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Имрӯз роҳбари Ӯзбекистон дар ҳамоиши навбатӣ дар формати “Осиёи Марказӣ – Чин” иштирок мекунад ва бо Раиси Чин мулоқот анҷом медиҳад.