Ӯзбекистон ва Муғулистон ҳамкориҳоро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ густариш медиҳанд

Дар шаҳри Улан-Батор мулоқоти муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷасурбек Чориев бо роҳбари ширкати ҳавопаймоии муғулӣ Hunnu Air Пурэвжав Мункҳҷаргал баргузор гардид.

Тарафҳо дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла ташкили парвозҳои мустақим байни Тошканд ва Улан-Баторро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои парвозҳои транзитӣ тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Муғулистон, густариши мубодилаи сайёҳӣ ва истифодаи муштараки иқтидори логистикӣ ҳангоми интиқоли борҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар анҷоми музокирот самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муайян гардида, ҷиҳати таҳкими шарикӣ байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ вазифаҳои мушаххас мувофиқа карда шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: