Аз 17-уми июни соли 2025 ҳаракати мошинҳои борбари калонҳаҷм, ки ба самти бандарҳои Покистон равонанд, тавассути ағбаи Саланг аз нав оғоз ёфт. Дар ин бора ҷониби Афғонистон иттилоъ дод.
Ба иттилои мавҷуда, корҳои таъмирӣ дар ағба, ки аз 10-уми июн оғоз гардида буданд, идома меёбанд, аммо ин раванд ба ҷараёни интиқоли борҳо таъсире нахоҳад расонд.
Оғози дубораи ҳаракат дар яке аз масирҳои муҳими нақлиётии минтақа имкон медиҳад, ки логистика ба эътидол ояд ва расонидани борҳо, аз ҷумла борҳои транзитӣ, тавассути қаламрави Афғонистон суръат гирад.
Мақомот итминон доданд, ки ҳамаи чораҳои зарурӣ барои таъмини амнияти ҳаракат дар қисмати ағба андешида шудаанд.