Маркази ҷумҳуриявии ихтисосии илмӣ-амалии урология аввалин муассисаи давлатии тиббӣ гардид, ки ба он таҷҳизоти муосири ҷарроҳии роботӣ оварда шуд.
Суханронҳо дар чорабинии бахшида ба ин рӯйдод таъкид намуданд, ки дар кишвари мо ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ба таври васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои муосир аҳамияти махсус дода мешавад, ки ин ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунад.
Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ин робот-ҷарроҳи муосир модели REVO-I буда, онро ширкати кореягии Meere истеҳсол намудааст ва имкониятҳои он хеле васеъ мебошанд.
Аз ҷумла, амалиёти ҷарроҳие, ки бо ёрии ин таҷҳизот гузаронида мешаванд, аз он ҷиҳат муҳиманд, ки онҳо ба узвҳои ҳаётан муҳими дигар осеб намерасонанд, талафи хун хеле кам мешавад ва раванди барқароршавии пас аз ҷарроҳӣ коҳиш меёбад.