Аз 26 июн то 2 июл пойтахти Ӯзбекистон боз ба майдони мусобиқаи бузурги байналмилалӣ табдил хоҳад ёфт - дар маҷмааи “Ҳумо Арена” чемпионати Осиё оид ба тенниси рӯи миз байни варзишгарон дар синну соли то 15 ва то 19-сола баргузор мешавад.
Ба мусобиқа беш аз 400 теннисбози ҷавон аз 22 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла пешвоёни тенниси рӯи миз – Чин, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон ва ғайраҳо меоянд.
Дастаи Ӯзбекистон ба чемпионат, ки барои варзишгарони мо дар сатҳи байналмилалӣ имтиҳони муҳим хоҳад буд, фаъолона омодагӣ мебинад.