Дар фурудгоҳи навсозишуда шароити муосиртарин фароҳам оварда мешавад

  • Дар фурудгоҳи навсозишуда шароити муосиртарин фароҳам оварда мешавад
  • Дар фурудгоҳи навсозишуда шароити муосиртарин фароҳам оварда мешавад
  • Дар фурудгоҳи навсозишуда шароити муосиртарин фароҳам оварда мешавад
  • Дар фурудгоҳи навсозишуда шароити муосиртарин фароҳам оварда мешавад

18 июн Президент Шавкат Мирзиёев бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар фурудгоҳи «Тошканд-Шарқӣ» шинос шуд.

Бо рушди устувори кишвар ва афзоиши ҷолибияти он дар арсаи байналмилалӣ шиддати равобити иқтисодии хориҷӣ ва ҷараёни сармоягузорӣ рӯ ба афзоиш дорад. Дар чунин шароит, дар Ӯзбекистон ба навсозии тамоми самтҳои инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамчун омили калидии рушди минбаъда, аҳамияти хосса дода мешавад.
Яке аз чунин лоиҳаҳои стратегӣ — таҷдиди фурудгоҳи «Тошканд-Шарқӣ» мебошад. Ин фурудгоҳ бояд робитаҳои ҳавоии босуръат, бехатар ва бароҳатро мутобиқи меъёрҳои баландтарини байналмилалӣ таъмин намояд ва ҳамзамон, сарбории фурудгоҳи асосии байналмилалии пойтахтро коҳиш диҳад.

Дар доираи марҳалаи аввали сохтмон маҷмааи навсозишудаи хати нишасту парвоз бо дарозии 4 километр пурра ба анҷом расонида шудааст, ки имкон медиҳад тайёраҳои тамоми синфҳо, аз ҷумла вазнинтаринро, қабул карда шаванд.

Дар айни ҳол сохтмони ду терминал — барои қабули ҳайатҳои расмӣ ва хизматрасонии авиатсияи тиҷоратӣ, инчунин перрон ва иншооти ангорҳо идома дорад.

Фурудгоҳ бо таҷҳизоти муосири радиотехникӣ ва метеорологӣ тибқи меъёрҳои категорияи III-A аз рӯи стандартҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) муҷаҳҳаз мегардад, ки имкони иҷрои амалиётҳои парвозу фурудро ҳатто дар шароити номусоиди обу ҳаво таъмин мекунад.

Дар ангарҳои пӯшида тамоми шароити зарурӣ барои хизматрасонии босифат ва бехатари ҳавопаймоҳо фароҳам оварда мешавад.

Ба туфайли ҷойгиршавии қулай фурудгоҳи нав ба гиреҳи муҳими нақлиётӣ барои шаҳри Тошканд ва шаҳри Тошканди Нав табдил ёфта, барои рушди соҳаи сайёҳии вилояти Тошканд ангезаи иловагӣ мегардад. Муҳимтар аз ҳама, имкониятҳо барои гузаронидани боздидҳои байналмилалӣ ва сафарҳои тиҷоратӣ васеъ мешаванд, барои қабули сармоягузорони хориҷӣ шароитҳо беҳтар мегарданд. Дар натиҷа, фаъолиятҳои иқтисодӣ боло рафта, соҳаи хизматрасонӣ фаъолтар мешавад, ҷойҳои нави корӣ эҷод мегарданд ва ҷолибияти сармоягузории кишварамон ба таври назаррас баланд мегардад.

Сарвари давлат бо хусусиятҳои техникии лоиҳа, ҳалли меъмории терминалҳо шинос шуда, оид ба суръат бахшидани корҳои сохтмон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дастурҳои мушаххас доданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: