Он рӯзгор инсон қадру манзалат дошт. Таъзия, тӯй ва дигар маросимҳо арзиш дошт. Хусусан дар деҳот, ки ҳама якдигарро мешиносанду хешу табор ҳастанд. Имрӯз-чӣ? Саҳарӣ аз ҳавлие садои гиряву навҳае, ки наздики худро аз даст додааст, мебарояду бегоҳӣ аз хонадоне овози карнаю сурнай баланд мешавад. Инро дида ҳар як фарди солимфикр ба андеша меафтад: канӣ меҳр, канӣ оқибат?
Дар ёдам, хеле хурд будам. Бобои модариам, ки мӯйсафеди нуронӣ, насиҳатгӯ ва китобхон буд, аз олам чашм пӯшид. Модарам қариб як сол либоси мотам ба бар кард. Баъди гузаштани бобоям амакҳои модарам низ пасу пеш вафот карданд. Модари меҳрубонам, ки онҳоро хеле дӯст медошт, рӯймолу либоси сиёҳашро накашид...
Он рӯзгор инсон қадру манзалат дошт. Таъзия, тӯй ва дигар маросимҳо арзиш дошт. Хусусан дар деҳот, ки ҳама якдигарро мешиносанду хешу табор ҳастанд. Имрӯз-чӣ? Саҳарӣ аз ҳавлие садои гиряву навҳае, ки наздики худро аз даст додааст, мебарояду бегоҳӣ аз хонадоне овози карнаю сурнай баланд мешавад.
Инро дида ҳар як фарди солимфикр ба андеша меафтад: канӣ меҳр, канӣ оқибат?
Вақте ба зодгоҳ меравам, аввало пеши назарам симои падару модарони меҳрубон, устодони донишманд, инсонҳои рӯзгордида ва босабру боирода намоён мегарданд. Ба чор сӯ назар меафканам, онҳоро мекобам, вале мутаассифона, аз онҳо нишонае ҳам намеёбам. Фарди имрӯза ҳама аз пайи молу пул ва сарватғундорӣ. Ба фикрам, меҳр, муҳаббат, навозиш, дили фақиру нотавонро ёфтан, ба муҳтоҷе кумак расонданро бархе тамоман фаромӯш кардаанд.
Дар деҳаи шиносам Н. соле як нафар ба худкушӣ даст мезанад, ки ин воқеаи нангин бисёртар миёни ҷавонон рух медиҳад. Аз ҳаёти оилавӣ, норасоии рӯзгор, муносибати ҳамсояю гузар, аз саломатии шахсе, ки ба ҷони худ қасд кардааст, ҳама бехабар. Баъзеҳо бохабар бошанд ҳам, худро ба нодонӣ мезананд. Вақте «фалонӣ вафот кардааст, ба ҷони худ қасд кардааст» гуфта, хабари мудҳишро мешунаванд, аҳли деҳа ангушти ҳайрат мегазад: «Чаро?» Баъзе ҳолдонҳо мегӯянд: «Кори Худо», «Касалӣ-дия». Ҳол он ки ҳаққу ҳамсоя, наздикон, маҳалла, маслиҳатчии занону духтарон, мактаб бояд аз сатҳи зиндагӣ, шароити оилавӣ, саломатии ҳар як оила бохабар бошанд. Баъди шунидани хабари нохуш симои ҳамон ҷавонзанро пеши назар овардам. Меҳрубон, меҳнаткаш, ҳоҷатбарору кумакрасони ҳамсояву аҳли деҳ буд. Дар ҳар тӯю маърака пешгир ба бар карда дар хидмат буд. Барои чӣ ба чунин кор даст зад? Ҳолдонҳо «соддатар буд, зиндагиаш ночор буд, ҳамсояҳои бе дину диёнат ӯро паст мезаданд, бо телефон таҳқираш кардаанд, аз давраи ҳамсояву ҳамсинфу наздикон дур сохтаанд» ва ғайраву ҳоказо.
Ба андеша меравем. Ҳамон ҳамсояе, ки ӯро паст зад, магар худ боақл аст? Фаҳмидем, ӯ як занест, ки миёни ҳамсояҳо бо бӯҳтону ғайбатҳои худ дилхунукӣ меандозад. Худро аз ҳама боло мегузорад. Гӯё пулаш бисёр асту дасташ дароз. Магар ҳамон ҳамсоя фаромӯш кард, ки вақти зодани ҳар як фарзандаш, тӯю маъракаҳояш ҳамин ҷавонзан кумакрасонаш буд, ҳавлию дарашро мерӯфт, ҷомашӯиву гиламшӯӣ мекард, ба кӯдаконаш хӯрок мепухт. Магар ин тӯҳмату пастзаниҳо ба нағзӣ бадӣ нест? Магар дар ҳамон маҳалла, ки аллакай се нафар ҷавон қурбони ҷаҳолат шуданд, ягон мӯйсафеду зани пурдида, талхию ширинии ҳаётро чашида набошад, ки ҳамсояҳоро ба аҳлию созгорӣ даъват намояд?
«Охир, онҳо низ фарзанд калон карда истодаанд. Духтари паҳлавонам, ки кори чор мардро мекард, маро ҷигархун кард, шавҳарашро ҳайрон, кӯдаконашро ятим монд. Бояд ӯ дар рӯзи маргам «модарҷонам!» мегуфт, на ман, ки ҳоло «духтари нодонакам» гуфта навҳа дорам», мегӯяд модари сарсахт.
Оре, «Марги падару модар мерос, марги фарзанд теғи алмос» гуфтааст мардуми пурдидаи мо.
Солҳои охир роҳбари давлат ба кори маҳалла, раисони маҳалла, кор бо оила ва занону духтарон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Барои раис, муовин ва гурӯҳи корӣ маош ҷудо карда шудааст. Вақте бо занони пурдида ва куҳансоли деҳа суҳбат оростем, онҳо мегӯянд, ки маҳалла хуб кор намекунад, миёни занону духтарон доир ба оиладорӣ, муносибати зану шавҳар, хушдоману келин, ҳамсоя ва дигарон корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ тамоман суст аст. Дар дуконҳову ошхонаҳо то поси шаб кор дар авҷ, ҷавонон нӯшида, дар зери мусиқии баланд мерақсанд. Ба якдигар суханҳои қабеҳ мегӯянд, ки ин беҳурматӣ ба гирду атроф ва аҳли деҳа аст.
Кумаки иҷтимоӣ, ки аз тарафи ҳукумат дода мешавад, на ҳама вақт ба дасти маълӯлу шахси танҳову бемор ё серфарзанд мерасад, балки баъзе мошинсавору дукондорҳо ҳам аз он баҳраманданд. Гуфтан ба маврид аст, ки ин иллатҳо солҳои охир дар тамоми деҳаҳои дурдаст мавҷуд аст. Дар деҳа китобу рӯзномаву маҷаллахонӣ ба сатҳи поён аст. Ба ҷойи китоб дар дасти пиру ҷавон телефон. Бале, ҳастанд ҷавононе, ки аз телефон дуруст истифода мебаранд, дарс тайёр мекунанд, китоб мехонанд, ба олигоҳҳо дохил мешаванд. Вале аксарият муносибат бо телефонро намефаҳманд.
Сабабгори ба ҷони худ қасд кардан, ҷудошавии оилаҳо, канда шудани риштаи дӯстиву хоҳару бародарӣ аз телефон сар зада истодааст. Ҷавононро бо сабукандешиву бесабрӣ айбдор месозем. Ҳол он ки баъзе хушдоману хусурҳои имрӯза сабукандешанд. Ҳатто хушдоман бо баҳонаи ночизе ба сари келинаш мушт мезанад ва мегӯяд: «Дафъ шав, беҳунар, муфтхӯр, ношуд!» Ҳол он ки ин арӯсак кӯдакони хурдсол дораду ба кору бори рӯзгор дасташ кӯтоҳӣ мекунад. Хушдоман бояд ба ӯ дасти ёрӣ дароз кунад, илми рӯзгордорию бачапарвариро омӯзонад.
– Муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ, нокомӣ дар муҳаббат, аз даст додани шахси наздик, танҳову бенигоҳубин мондан аз ҷониби наздикон, ҳолатҳои рӯҳие, ки бо сабаби моҷароҳои оилавӣ рух медиҳанд, номуваффақиятӣ дар кор, таҳсил, гум кардани маблағи бисёр, қарздорӣ, аз даст додани манбаи рӯзгузаронӣ, бемории рӯҳӣ, қасдан зиён расондан, туҳмат, таҳқир ва паст задани инсон, таҷовуз, руҳан масхара кардан, лату кӯб, монда шудан аз зиндагии фақирона, надоштани шавқу ҳавас ба ҳаёт, сарсупурда ва ё фанати дин шудан, тарс аз ҷазо ва ғайра омилҳои асосии ба ҷони худ қасд кардани инсон мебошад, – мегӯяд шифокор-руҳшинос Гулнора Абдиева. – Маҳалла, хешу табор, дӯстон ва наздикони ҳамон ҷабрдида бояд аз ҳолаш хабар гиранд, беэътибор набошанд, ӯро аз панҷаи тазйиқ, надонистани дину диёнат раҳо намоянд. Табобаташ кунанд. Инсон аз тамоми мавҷудоти зинда бо ақлу хираду идрок фарқ мекунад. Мутаассифона, баъзеҳо бар он ақидаанд, ки тақдир ҳамин будааст ва чунин ҳодисаҳоро ба он ҳавола менамоянд. На! Офаридгор моро офарид ва ду роҳро ба ихтиёри мо гузошт: роҳи раҳмонӣ ва роҳи шайтонӣ. Зиндагӣ ин як имтиҳонест. Пас, ҳар як инсон, ки қобили тафаккур аст, бидуни ҳама душвориҳо бояд зиндагӣ кунад, ташаккул ёбад, аз роҳи шайтонӣ парҳез намояд ва поку сафед, беолоиш ба сӯйи Офаридгор баргардад.
Руҳшинос дуруст мегӯяд. Биёед, азизон, ба якдигар меҳрубон бошем. Меҳру оқибат, сабру таҳаммул, кумакрасон, хайру саховатро пешаи худ кунем. Ба гирду атроф, ба ҳамсояи девордармиёни худ эътибор диҳем, меҳрубон шавем. Бештар китоб хонем, ки китоб ба мо панди ҳаёт меомӯзад. Сабабгори навҳаю гиряи модар, апаю хоҳар, бародар, кӯдакони ноболиғи ҷабрдидае нашавем.
Саъдии Шерозӣ барҳақ фармудааст:
Ба озори мазлум моил мабош,
Зи дуди дили халқ ғофил мабош!
Саодат Бекназарова,
муҳаррири бахши мактаб, маънавият ва ахлоқи «Овози тоҷик».