САҲМИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ ДАР РУШДИ МУКОЛАМАИ БАЙНИ ФАРҲАНГҲО ВА ТАМАДДУНҲОИ ГУНОГУН

Дар қароргоҳи марказии ЮНЕСКО Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муколамаи ҷавонон дар бораи оянда дар масири Роҳи абрешим» аз ҷониби Намояндагии доимии Ӯзбекистон дар назди ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Барномаи ЮНЕСКО оид ба Роҳи абрешим ва намояндагии дипломатии Чин баргузор гардид.

Ин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муколама байни тамаддунҳо — 10 июн, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон ва Чин дар соли 2024 аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ расман эълон шудааст, баргузор гардид.

Дар симпозиум муовини директори генералии ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Лидия Брито, роҳбарон ва намояндагони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои аъзои назди ЮНЕСКО, олимони ҷавон ва коршиносони байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ мероси таърихӣ ва саҳми Роҳи бузурги абрешим дар рушди муколама ва ҳамкорӣ миёни фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои санъат ва адабиёт, фалсафа ва маънавиёт, илм, дониш ва технологияи пешрафта баррасӣ шуд.

Нотиқон аҳамияти муколама ва мубодила миёни тамаддунҳоро дар масири Роҳи абрешим барои ғанигардонии мутақобила, рушди муштарак ва таъмини сулҳи устувор таъкид карданд.

Ин чорабинӣ инчунин барои баланд бардоштани хабардорӣ аз арзиши гуногунрангии тамаддунҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, илм, санъат ва маънавиёт — бо ҳадафи таҳкими муколама, эҳтироми мутақобила ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ, инчунин рушди ҷаҳони мутаносиб ва ҳамгиротар мусоидат кард.

Намояндагони Ӯзбекистон дар ЮНЕСКО ба иштирокчиён дар бораи нақши шаҳрҳои таърихии кишвар — Бухоро, Самарқанд ва Хива, ки дар чорроҳаи Роҳи абрешим ҷойгир шудаанд, маълумот доданд. Таъкид шуд, ки ин шаҳрҳо дар рушди муколама, мубодилаи кашфиётҳои илмӣ, технологияҳо ва анъанаҳои зеҳнӣ миёни халқҳо ва тамаддунҳои гуногун нақши муҳим доштаанд.

Ҳамчунин саҳми бузурги олимону мутафаккирони Осиёи Марказӣ — Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Ибни Сино, Мирзо Улуғбек, Абу Райҳон Берунӣ, Аҳмад ал-Фарғонӣ ва дигарон дар рушди мубодилаи илмӣ ва муколама дар масири Роҳи бузурги абрешим зикр шуд.

Бешубҳа, ислоҳоту тағйироти васеъмиқёсе, ки дар Ӯзбекистони Нав таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев амалӣ мегарданд ва ба ташкили Эҳёи сеюм тавассути рушди илм, маориф ва фарҳанг равона шудаанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни симпозиум бо ташаббусҳои байналмилалии Ӯзбекистон дар соҳаи ҳамкориҳои илмӣ, таъсиси шабакаҳои нави тадқиқотӣ, тавсеаи мубодилаи илмӣ-техникӣ ва таҳкими шарикӣ бо марказҳои илмии пешбари ҷаҳон шинос шуданд.

Дар ин замина, таъсиси Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд ва таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ЮНЕСКО-Ӯзбекистон ба номи Берунӣ дар соҳаи тадқиқоти илмӣ оид ба ахлоқи зеҳни сунъӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин, ба аҳамияти Форуми 14-уми ҷавонони ЮНЕСКО, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, ҳамчун як минбари муҳими тавсеаи муколама, ҳамкорӣ ва мубодилаи донишҳо миёни олимони ҷавон ишора карда шуд.

АИ «Дунё»,

ш. Париж

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: