ДАР АМРИКО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ӮЗБЕКИСТОН ЧОРАБИНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо ибтикори сафорати Ӯзбекистон дар пойтахти ИМА ба муносибати 30 июн – Рӯзи ҷавонон таҳти шиори “Ҷавонон – пойдевори оянда” Форуми ҷавонон баргузор гардид.

Дар форум донишҷӯёни ӯзбекистонӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии пешқадами иёлоти гуногуни Амрико таҳсил мегиранд, ҳамватанони мо, ки дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолият доранд, муҳаққиқон, мутахассисони ҷавон ва як қатор меҳмонони ҷавони хориҷӣ иштирок карданд.

Дар чорабинӣ роҷеъ ба нақши гурӯҳи ҷавононе, ки иқтидори муосир ва зеҳнии Ӯзбекистонро муайян мекунанд ва иштироки онҳо дар рушди ҷомеа ва давлат сухан рафт.

Дар ҳамоиш директори иҷроияи Бунёди «Эл-юрт умиди» Гулноза Исмоилова дар бораи фаъолияти бунёд, барномаҳои дастгирии донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мегиранд ва механизмҳои роҳнамоии онҳо ба касбу кор ҳангоми бозгашт ба Ватан маълумоти муфассал дод.

Докторанти Мактаби тиббии Ҳарвард Нилуфар Қаҳҳорова бар асоси таҷрибаи шахсии илмии худ дар бораи муҳити академии ИМА ва имкониятҳои барои олимони ҷавон фароҳамшуда андешаҳои худро баён кард.

Директори ташкилоти ғайридавлатию ғайритиҷоратии «Авлоди рақамии Ӯзбекистон» Азамат Ҷалолов дар бораи афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон, стартапҳо, навоварӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи технологияҳои рақамӣ маълумот дод.

Чорабинӣ дар шакли муоширати интерактив ва ошкоро доир гардида, дар он ҷавонон ба саволҳои худ посух гирифтанд. Инчунин, аз рӯйи мушкилоти соҳаҳои гуногун, роҳҳои ҳалли онҳо табодули афкор намуданд. Дар навбати худ, иштирокдорон корҳоеро, ки аз тарафи ҳукумати Ӯзбекистон бобати дастгирии ҷавонони таҳсилкунандаи хориҷи кишвар иҷро мешаванд, кумакҳои гуногуни сафорату муассисаҳои консулӣ ба онҳо ва ислоҳотеро, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, эътироф карданд.

Малика Тӯйчибоева, намояндаи Иттиҳодияи донишҷӯёни Ӯзбекистон, ки аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи Аризона ташкил шудааст, дар бораи таҷрибаи иттиҳодия маълумот дод. Таъкид кард, ки иттиҳодия ҷавонони ба Иёлоти Муттаҳида барои таҳсил омадаро бо муҳити мамлакат ошно мекунад ва ҷиҳати мутобиқшавии онҳо ба раванди таълим кумак мерасонад.

АИ «Дунё»,

Шаҳри Вашингтон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: