БУНЁДКОРӢ ДАР МАРКАЗИ КӮКДАЛА – БАРОИ РУШДИ ТАМОМИ НОҲИЯҲО НАМУНА

Президент Шавкат Мирзиёев бо корҳои бузурги бунёдкорӣ, ки дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯкдалаи вилояти Қашқадарё амалӣ мегарданд, шинос шуд.

Ин ноҳия се сол қабл бо ибтикори сарвари давлат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ, танзими раванди шаҳрсозӣ ташкил шуда буд. баъдан минтақа ривоҷ ёфт. Имрӯз дар наздикии Еттитом шаҳри нав барпо мешавад.

Пеш аз ҳама, ба масофаи 120 километр шабакаи об ва ба 210 километр хатти барқ гузаронида шуда, инфрасохтори зарурӣ фароҳам гардид. Роҳҳо васеъ ва таъмир карда шуд. Биноҳои маъмурӣ, 19 мактаб, 22 кӯдакистон, шифохонаи бисёрсоҳа ва поликлиникаи оилавӣ сохта шуданд.

Бояд гуфт, ки бинои ҳокимияти ноҳия ибтидои таҷрибаи нав дар мамлакат гардид. Дар ин ҷо 38 идораи давлатӣ дар як ҷой фаъолият доранд. Ин барои шаҳрвандон мусоидиҳо фароҳам меорад. Шаҳрвандоне, ки пештар аз рӯйи ягон кор масофаи дурро тай карда, ба идораҳои ноҳияи Чироқчӣ мерафтанд, акнун тамоми хидматҳои давлатиро осон ба анҷом мерасонанд.

Президент таъкид кард, ки бунёдкорӣ, чунин шароити муттаҳид ва мутавозин дар Кӯкдала барои ҳама ноҳияҳо намуна аст.

Бахусус, маркази “Инсон” низ дар бинои ҳокимият ҷойгир аст. Дар ин ҷо хидматҳои иҷтимоӣ ва кумакҳоро барои аҳолӣ дар як нуқта ба таври маҷмӯӣ мерасонанд. Системам барномавии он бо маълумотҳои 55 ташкилоти дахлдор муттаҳид карда шудааст. Кӯдакон, маъюбон, пиронсолон ва низоми пардохтҳои иҷтимоӣ бо ҳам алоқаманданд.

Сарвари давлат аз минтақаи хурди саноатии «Еттитом»-и маркази ноҳия низ дидан кард.

Дар чор гектар майдон нӯҳ лоиҳаи хурд ба маблағи 10 миллион доллар дар соҳаҳои нассоҷӣ, хӯрокворӣ, сохтмон ва молҳои рӯзгор ҷойгир шудааст. Масалан, дар корхонаи «Komfort Star New» дегҳои гармкунӣ ва дигар маснуоти оҳанин, дар корхонаи «Komfort Industrial Aria» маснуоти чинӣ истеҳсол мегардад. Дар маҷмӯъ дар минтақаи саноатӣ беш аз 600 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад.

Президентамон аз Қасри навбунёди санъат низ боздид ба амал овард.

Дар ин ҷо толори тамошои дорои 255 ҷойи нишаст, чанд хонаи маҳфилҳо мавҷуд. Қаср бо асбобҳои муосири мусиқӣ таъмин гардида, бо студияи сабт, асбобҳои садобардор, системаи мукаммали гармидиҳӣ ва хунуккунӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Мактаби санъат, муассисаи таҳсилоти умумӣ ва маҷмааи варзишии ноҳия дар шафати он ҷойгиранд, ки ин сазовори диққат аст. Сарвари давлат таъкид кард, ки ин барои бачагон хеле мусоид буда, дастур дод, то ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои оянда ин усул ба назар гирифта шавад.

Сарвари давлат баромадҳои эҷодии сарояндаҳои ҷавонро тамошо кард.

– Шуморо дида бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки дар сарзамини бобои мо Амир Темур истеъдодҳо зиёданд. Агар шумо ғайратманд шуда, аз омӯзиш бознаистед, замини бузургии Ӯзбекистон хоҳед шуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев ба ҷавонон.

Дар марказ, инчунин, майдончаҳои бачагона, минтақаҳои сабз, марказҳои савдо ва хидматрасонӣ ба ҳам ҳамоҳанг сохта мешаванд. Умуман зиёда аз 200 объект сохта шуд. Сокинон аз ин бунёдкорӣ ва шароити мусоид мамнунанд.

Дар минтақа сохтмони объектҳои иҷтимоӣ, китобхона, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангӣ идома дорад.

Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба Қашқадарё ба поён расид.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: